Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суманак- рамзи баҳор

2629Суманак ҷӯшад ба деги орзу,
Бӯйи баҳор ояд аз ҳар кӯю ру.
Бо навои Наврӯз дил шавад шод,
Нур резад бар замин чун оби ҷӯ.
Суманак рамзи сафову зиндагист,
Меҳру ваҳдат дар дили ҳар бандагист.
Дасти якҷо дегро ҷунбондааст,
Ин нишон аз дӯстиву пайванди мост.
Суманак яке аз шириниҳои қадимӣ ва рамзии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бештар дар ҷашни Наврӯз омода карда мешавад. Ин таоми миллӣ на танҳо хӯрок, балки як анъанаи пурмазмун ва рамзи эҳё, баракат ва дӯстӣ мебошад, ки таърихи бисёр қадима дорад ва решаҳои он ба замонҳои бостонӣ мерасад. Гуфта мешавад, ки ин таом ҳанӯз дар давраи пеш аз ислом дар минтақаҳои форсизабон тайёр карда мешуд. Мардуми қадим суманакро ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва оғози баҳор мепухтанд.
Суманак аз гандуми сабзкардашуда тайёр карда мешавад. Аввал гандумро тар карда, сабз мекунанд. Пас аз сабзидани он, гандумро майда карда, шарбати онро мегиранд. Ин шарбатро дар деги калон бо орд омехта карда, соатҳо бо оташи паст мепазанд, дар вақти пухтани суманак занҳо ва духтарон гирди дег ҷамъ шуда, сурудхонӣ мекунанд.
Суманак дар ҷӯш,мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак рамзи фаровонӣ, покӣ ва дӯстӣ буда, на танҳо як ширинии болаззат, балки қисми муҳими фарҳанг ва анъанаҳои мардуми тоҷик аст. Он рамзи баҳор, зиндагии нав ва ҳамдилии инсонҳо мебошад. Бо гузашти солҳо, ин анъана ҳанӯз ҳам зинда монда, аз насл ба насл мегузарад ва барои саломатӣ низ фоиданок аст.
Имрӯзҳо ҳам суманак ҷойгоҳи худро дар фарҳанги тоҷикон нигоҳ доштааст. Дар шаҳрҳо ва деҳот мардум дар арафаи Наврӯз суманак мепазанд ва онро ба ҳамсояҳо, дӯстон ва хешовандон тақсим мекунанд.
Ҳамчунин, дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва ташкилотҳо ҷашнҳои Наврӯз баргузор гардида, суманак ҳамчун таоми асосӣ пешкаш мешавад.
Хулоса, суманак рамзи зиндаи фарҳанги миллӣ мебошад, ки дар худ таърих, анъана ва арзишҳои ахлоқиро таҷассум мекунад. Он мардумро муттаҳид сохта, эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббатро тақвият медиҳад.
Шаб нишаста гирди деги гарм мо,
Мехонем бо шавқ суруди дилрабо.
Орзуҳо мекунем бо нияти нек,
То шавад пурнур ҳар рӯзи фардо.
Суманак, эй ширинии беназир,
Ту ба дил бахшӣ сафо, уммеду нир.
То абад дар хонаи тоҷик бимон,
Рамзи бахту, рамзи ишқу рамзи пир.
Ибрагимзода Азиза, Каримзода Хиромон
кормандони шуъбаи таълими Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...