Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврӯз-ҷашни баҳор ва эҳёи табиат

navruz-botsad

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва дӯстдоштатарини мардуми форсизабон ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн оғози соли нави шамсӣ ва фаро расидани фасли баҳорро нишон медиҳад. Наврӯз ҳар сол рӯзи 21 март таҷлил карда мешавад, яъне вақте, ки шабу рӯз баробар мешавад.

Таърихи Наврӯз зиёда аз се ҳазор сол дорад. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар сарзаминҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва дигар минтақаҳо баргузор мешуд. Наврӯз рамзи навшавӣ, покӣ, дӯстӣ ва умеди нав барои зиндагии беҳтар аст. Пеш аз омадани Наврӯз мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, либосҳои нав мехаранд ва барои истиқболи меҳмонон омодагӣ мебинанд. Яке аз анъанаҳои муҳим пухтани таомҳои миллист, махсусан сумалак, ки рамзи фаровонӣ ва баракат мебошад. Инчунин дастархони идона ороста мешавад.

Наврӯз дар қалбҳои мардум ёдҳои шод ва давраи назаррас дар зиндагии одамон ба вуҷуд меорад. Баҳор на танҳо дар табиат, балки дар руҳи инсон эҳё мешавад. Наврӯз ҷашни покӣ, меҳрубонӣ ва дустӣ мебошад, ки ниёгони мо онро аз қаъри ҳазорсолаҳо ба мо мерос гузоштаанд. Наврӯз таърихи чандинҳазорсола дорад. Чӣ тавре ки дар «Наварӯзнома»-и Умари Хайём ва «Шоҳнома»-и безаволи А. Фирдавсӣ омадааст гузаштаи ин ид ба шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад.

Дар рӯзҳои Наврӯз мардум ба дидорбинии хешу табор мераванд, ба якдигар табрик мегӯянд ва орзуҳои нек мекунанд. Бозиҳои миллӣ, сурудхонӣ ва рақсу шодӣ қисми муҳими ин ҷашн мебошанд.

Наврӯз ҳамчун фарҳанг, нигоҳдорандаи асолати милии мо тоҷикону форсизабонони дунё мебошад, яъне забон, урфу одати заминҳо забонписандиву ахлоқи ҳамида, андӯхтани дониш ва амсоли онҳоро ташкил медиҳад.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Зоирзода А.Ҷ., Шаҳобуддинзода Р.Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...