Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАОРИФ - ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТ ВА НАҶОТИ МИЛЛАТ

2628Ҳамасола мардуми кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву стратегӣ интизор мешаванд. Зеро Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, барои рушди устувори соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа раҳнамоӣ мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар фосилаи байни Паёмҳо дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд, ки ин натиҷаи татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат мебошад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ба масъалаҳое авлавият додааст, ки дорои аҳамияти стратегӣ мебошанд. Таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар нишон медиҳад, ки идомаи ислоҳоте, ки аллакай оғоз гардидаанд, метавонад рушди босубот ва натиҷабахши давлатро таъмин намояд. «Сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳқиқоти алоҳидаи мукаммал ниёз дорад ва он бояд дар асоси методҳои сирф илмӣ мавриди омӯзиши густурда қарор бигирад» (Ятимов С.С. Масъалаи ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат // Маҷаллаи илмии «Илм ва амният»-и Мактаби олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, 2022. С. 7).
Маълум аст, ки асоси ҳама гуна пешрафт ва рушди устувор неруи зеҳнӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит менамояд, ки маҳз таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф омили калидии пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо гардидааст. Аз ин рӯ, дар Паёми имсола низ соҳаи маориф ҳамчун ҳадафи стратегии давлат мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст.
Воқеан, пешгӯии стратегии Пешвои миллат, оид ба «Омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат ҳисобидани маориф» ва таъмини пешрафти мақсадноку босуръати он тавонист иқтидорӣ сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ақлонии ҷумҳуриро дар замони соҳибистиқлолии кишвар устувор намояд. Дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои гуногун далели равшани дурустии ин мавқеъ мебошанд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун Сарвари давлат то имрӯз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, ба он таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд.
Зеро Пешвои миллат хуб медонад, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ва ояндаи босаодати миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст, ки заминаи мустаҳками он имрӯз гузошта мешавад.
Роҳбари давлат барҳақ бар ин ақидаанд, ки ояндаи босаодати миллат ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сатҳ ва сифати маориф вобаста аст. Аз ин лиҳоз, сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи давлат арзёбӣ мегардад. Сол то сол афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳа ба таҳкими заминаи моддиву техникӣ, беҳтар гардидани шароити таълим ва баланд шудани сатҳу сифати дониш мусоидат менамояд.
«Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳсоли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2025. С.17).
Ин нишондиҳандаҳо имконият медиҳанд, ки масъалаҳои марбут ба ислоҳоти низоми таҳсилот тадриҷан ҳал гардида, заминаи воқеӣ барои гузариш ба стандартҳои ҷаҳонӣ фароҳам оварда шавад.
Дар ин замина, масъалаи гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола ҳамчун яке аз иқдомҳои муҳим дар Паёми имсола матраҳ гардид. Дар солҳои охир дар соҳаи маориф дигаргуниҳои муайян ба амал омаданд, ки ба сифати таҳсилот таъсири мусбат расонданд. Устувор гардидани иқтидори иқтисодии кишвар ва пешрафт дар ислоҳоти соҳа заминаи воқеии воридшавӣ ба низоми нави таҳсилоти ҷаҳониро муҳайё намуд. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки ҷиҳати гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯӣ намуда, баҳри татбиқи босамари он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.
Ба андешаи коршиносон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа, таҳсилоти 12-сола барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди қобилиятҳои инфиродии хонандагон, омодасозии онҳо ба ҳаёти воқеӣ дар шароити тағйирёбандаи бозори меҳнат ва ташаккули тафаккури мантиқӣ ва интиқодӣ мусоидат мекунад. Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳз тавассути такя ба низоми таҳсилоти 12-14 сола тавонистаанд иқтидори иқтисодӣ ва техникию технологии худро таҳким бахшида, ба пешрафти устувор ва ҳамаҷониба ноил гарданд. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Чин, Ҷопон, Олмон, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишон медиҳад, ки маҳз тавассути низоми таҳсилоти тӯлонитар рушди иқтисодию технологӣ таъмин гардидааст.
Қайд намудан бомаврид аст, ки қариб тамоми кишварҳои хориҷи дуру наздик ба таҳсилоти ҷаҳонии 12-сола шомил гардидаанд. Мутобиқи Декларатсияи шурои Аврупо (1992) таҳсилоти 12-соларо 216 мамлакатҳои гуногун эътироф намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз мамлакатҳои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гузаронидани ислоҳоти замони муосир эътироф гардидааст, аз ин навгониҳо дар канор буда наметавонад. Воридшавии кишвари мо низ ба фазои ягонаи таҳсилот ба пешрафти ояндаи ҷомеа, тақвияти сифати таҳсилот, таъмини маърифатнокии илмию техникӣ, фарҳангию маънавӣ, арзишҳои умумибашарӣ, инкишофи озодонаи шахс, тарбияи шаҳрвандон ва нашъунамои бештари кишвар, бахусус, дар саноаткунонии мамлакат таъсиргузор хоҳад буд.
Гузариш ба низоми нави таҳсилоти 12-сола ва таъмини мақсадноки ташкил ва идоракунии раванди таълиму тарбияи босифат натанҳо ба афзудани донишҳои академӣ, балки ба сатҳи умумии маълумотнокӣ, рушди салоҳиятҳои бунёдию фаннӣ ва васеъ намудани имкониятҳои иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард (дар сурати бунёди заминаи воқеӣ).
Ҳамзамон, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ зарурати такмили минбаъдаи низоми таълимро тақозо менамояд. Дар ин раванд, такмили низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ аҳамияти хос дорад.
Чунонки дар Паём таъкид шуд «ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон соли 2004 ба низоми кредитии таҳсилот гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат оғоз гардид ва соли 2014 ҳамаи муассисаҳои зикршуда ба ин низом гузаронида шуданд.
Вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2025. С.17).
Вобаста ба иҷрои ин нишондоди Паём зарар ба миён омадааст, ки натиҷаҳои татбиқи низоми кредитӣ аз ҷониби коршиносон ҳамаҷониба таҳлил гардида, омилҳои субъективӣ дар раванди баҳодиҳӣ пурра бартараф карда шуда, роҳҳои такмил додани онро муайян намоем.
Зеро такмили низоми кредитӣ пеш аз ҳама ба ташаккули шахсияти эҷодкор, мустақил ва масъул равона гардида, омодасозии мутахассисони баландихтисосро таъмин менамояд. Ин раванд аз омӯзгорон ва донишҷӯён муносибати нав, фаъолнокӣ ва масъулияти бештарро талаб мекунад.
Танҳо дар ин сурат мо метавонем барои дар амал ҷорӣ намудани дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр кардани кадрҳои болаёқат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми ҳақиқӣ гузорем.
Албатта ҳар як низом, аз ҷумла, низоми кредитии таҳсил барои собит намудани асолат ва вазифаҳои хеш муддати муайяни рушд ва устувории хешро тақозо мекунад. Барои ин ҳама- аз омӯзгор сар карда, то муҳассилин, падару модар, ҷомеа бояд иштирок ва саҳм гузоранд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки татбиқи низоми кредитӣ дар амал бештар хусусияти шаклӣ дошта, мутобиқсозии шаклу усулҳои таълим ба барномаҳои кредитӣ бе таъмини муҳтавои воқеӣ сурат мегирад.
Ҳамин тавр, таҳлили ҷараёни ҷорӣ гардидани низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҷузъи муҳими воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Дар баробари дастовардҳо, дар амалия як қатор мушкилоти марбут ба шаклӣ татбиқ гардидани низом, мавҷудияти омилҳои субъективӣ дар баҳодиҳӣ ва сатҳи нокифояи омодагии иштирокчиёни раванди таълим ба назар мерасанд.
Низоми кредитии таҳсил дар сурати татбиқи мақсаднок ва илмӣ метавонад омили муҳими ташаккули шахсияти эҷодкор, мустақил ва масъули донишҷӯён гардад, тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои касбии онҳоро рушд диҳад. Дар ин раванд нақши кори мустақилонаи донишҷӯён, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, инчунин ҷорӣ намудани меъёрҳои шаффоф ва стандартии баҳодиҳӣ аҳамияти хос дорад.
Бо дар назардошти гуфтаҳо, зарур шуморида мешавад, ки натиҷаҳои татбиқи низоми кредитӣ аз ҷониби гурӯҳҳои коршиносон ба таврим унтазам таҳлил гардида, механизмҳои самараноки бартарафсозии омилҳои инсонӣ, такмили низоми баҳодиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии омӯзгорон таҳия ва амалӣ карда шаванд. Танҳо дар ҳамин сурат низоми кредитии таҳсил метавонад ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир ҷавобгӯ ба талаботи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат намояд.
Маҳз таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, дастгирии омӯзгорон ва ҷавонон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва воридшавӣ ба низоми таҳсилоти 12-сола имконият медиҳад, ки сифати таълим баланд бардошта, малакаҳои касбӣ ва тафаккури интиқодии донишҷӯён рушд ёбад. Низоми кредитии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун ҷузъи муҳими воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ аҳамияти стратегӣ дорад, зеро он ба ташаккули шахсиятҳои мустақил, эҷодкор ва масъул мусоидат менамояд.
Фаъолиятҳои созанда ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими вазъи имрӯза ва ояндаи маорифи миллӣ равона гардида, низоми маорифро ҳамчун «яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри XXI» арзёбӣ мекунад. Роҳбари давлат дар ин хусус таъкид намудаанд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад» (Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат.- Душанбе, 2020. С. 6).
Дар як моҳи охир лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муҳокима шуданд, ки асосан иҷрои нишондодҳои Паёми Пешвои миллатро таъмин менамоянд. Мақсади қабули ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ин баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омодасозӣ, иҷрои самараноки уҳдадориҳо, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии омӯзгор буда, кафолати аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣдодан ба омӯзгорро таъмин намуда, заминаи устувори меъёрии ҳуқуқиро барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таъмин менамояд. Дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасии васеъ қарор гирифта, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуд ва дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, ки 15.12.2025 сол баргузор гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз дар соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид.
Дар робита ба ин Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паёми хеш ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш доданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар доираи ин ҳадаф имрӯз мо бояд талош бар он намоем, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ пурзур гарданд, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои илмию бадеӣ ҷалб шаванд, қобилияти эҷодии онҳо тақвият ёбад ва бо таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд. Дар амал татбиқ намудани ҳадафи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» вазифаи ҳар як сокини бо нангуор ва бо иродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Бо такя ба ин гуфтаҳо мавриди зикр аст, ки дар ин дастовард ҳиссаи махзани тарбияи кадрҳои касбии мақомоти корҳои дохилӣ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас буда, боиси ифтихор ва шарафмандии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин муассиса аст. Ҷиҳати иҷрои талаботи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.01.2025 №105 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16.12.2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», зикр гардидаанд, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида мавриди иҷроиш қарор доранд.
Вобаста ба он ки қисми асосию фаъоли муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, ба хусус макотиби олии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар пайвастагӣ ба ин раванд бахши ҷавонон низ ба соҳаи маориф сахт марбут аст. «Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро,- изҳор доштанд Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон, ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем.
Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.
Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2025. С. 26).
Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас дошта, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатӣ аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бо нангу номус ва бо иродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Бинобар ин зарур дониста шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро саривақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Бо дар назардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар Паёми мазкур дарҷ гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2026:
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2025. С. 25).
Аз ин нуктаи Паём бармеояд, ки дар соли равон низ соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли ҷавон чун ҳамешагӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор хоҳад гирифт.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо -профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти зиёд диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода намоем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда ба ин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши курсантону шунавандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани ҷавонони кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, ҳамчун ҷавонони бо маърифат ва ояндасози миллат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳам кардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, раванди татбиқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 таҳти № 795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ва фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2024 № 213 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар МКД»-ро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро такмил медиҳанд.
Кормандони мақомти корҳои дохилӣ бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, на танҳо худ аз амалҳои ифротию тахрибкорӣ ва хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоянд, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо бедор созанд ва дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошанд. Дар маҷмӯъ роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон курсантону шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ дар кишварамон дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳбудӣ бахшидани дастовардҳои илмиву касбиашон ҷидду талош доранд.
Ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону омӯзгорон ва аҳли зиёро вазифадор менамоянд, ки ба таълиму тарбияи мутахассисон аҳамияти бештар дода, наврасону ҷавононро барои омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Ватан ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ роҳнамоиву тарбия намоянд.
Хулоса, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ роҳнамои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин афзалиятҳои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар муддати байни Паёмҳо ба тағйироти назаррас дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию маориф оварда, рушди устувори кишварро таъмин менамояд. Татбиқи мақсаднок ва илмии ислоҳот инизоми таҳсилот, таҳлили мунтазами натиҷаҳо ва такмили механизмҳои баҳодиҳӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир нақши ҳалкунанда дорад. Дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ба рушди устувори соҳаҳои илму маориф, омӯзгор ва ҷавонон, афзоиши маърифатнокӣ ва ташаккули шахсиятҳои босалоҳият мусоидат намуда, ояндаи босаодати миллатро таъмин менамояд.
Файзалӣ ҚОСИМОВ
Саидшо САИДЗОДА
Ҷамшед БОЙЗОДА
Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
полковникҳои милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...