Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши таҷрибаомузон дар ноҳияи А.Ҷомӣ

WhatsApp Image 2026-04-03 at 13.44.52 1

Ҳангоми санҷиши таҷрибаомузон дар ШВКД ноҳияи А.Ҷомӣ сардори шуъба бо шогирдон тибқи иттилои доштаашон моро интизор буданд. Сардори ШВКД, генрал-майори милитсия Маҳмадзода Алимардон моро хуш қабул намуда дар ҳузури хеш, дар дафтари кориаш пазируфт.

Дар ШВКД ноҳияи А.Ҷомӣ 2 - нафар курсантон-хатмкунандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таҷрибаомӯзии пеш аз дипломиро сипарӣ менамуданд. Мутобиқи фармоиши сардори ШВКД шогирдони ба ин ҷо омада ба афсарони таҷрибадор вобаста карда шуданд. Ҳамаи таҷрибаомӯзон дар дафтари кории сардори ШВКД ҳузур доштанду ҳар яке оид ба иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хеш маълумоти фишурдаи раванди таҷрибаомӯзиро ба роҳбаладон ва дигар шахсони масъул доданд.

Курсант-хатмкунандагони Академияи ВКД: милитсияҳои қаторӣ Фидоизода Маҳмаднабӣ Акбаралӣ ва милитсияҳои қаторӣ Саидатоев Азизҷон Абдуллоевич дар маҷмуъ мутобиқи фармоиши сардори ШВКД, генрал-майори милитсия Маҳмадзода Алимардон таҳти №4, аз таърихи 12.02.2026 ба кормандони пуртаҷрибаи ШВКД вобаста карда шуданд.

Ба сардори минтақаи хизматии милитсия №1 ШҲТҶ ШВКД лейтенанти калони милитсия Иброҳимзода Ислом Иброҳим, милитсия қатирӣ Саидатоев Азизҷон Абдуллоевич, ба сардори минтақаи хизматии милитсия №1 ШҲТҶ ШВКД нозири минтақавии №1, майори милитсия Абдуллозода Маҳмадёр Бозор милитсияи қаторӣ Фидоизода Маҳмаднабӣ Акбаралӣ аз санаи 02 феврал то 02 марти соли 2026 вобаста карда шуда буданд.

Ба муфаттиши ГТ ШВКД капитани милитсия Абдулҳамидзода Бурҳониддин Абдулҳамид, милитсия қатирӣ Фидоизода Маҳмаднабӣ Акбаралӣ ва ба муфаттиши ГТ ШВКД Алиев Абуалӣ Саидҷонович милитсия қатирӣ Саидатоев Азизҷон Абдуллоевич аз санаи 02 март то 01 апрели соли 2026 вобаста карда шуда буданд.

Ба ваколатдори оперативӣ ШКҶ ШВКД подполковники милитсия Давлатзода Аминҷон Абдулло, милитсия қатирӣ Фидоизода Маҳмаднабӣ Акбаралӣ ва ба ваколатдори калони оперативӣ ШКҶ ШВКД майори милитсия Муҳидинзода Шамсиддин Амридин, милитсия қатирӣ Саидатоев Азизҷон Абдуллоевич аз санаи 01 апарел то 26 апрели соли 2026 вобаста карда шуда буданд.

Бояд гуфт, ки хатмкунандаи Академия тибқи реҷаи дохилии ШВКД фаъолият бурда дар тамоми чорабиниҳои ШВКД иштироки бевосита менамояд. Чунончи, дар чорабиниҳои варзишии дав, дар маҷлисҳои умумӣ иштирок менамоянд.

Дар маҷмуъ, иҷроиши фармоиши сардори ШВКД ба ваколати муовини сардори ШВКД оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, вогузор карда шудааст. Дар умум шогирдон рӯзномаҳои кории хешро ҳамарӯза пур карда корҳои ба анҷомрасондаро бо роҳбаладон ба қайд мегиранд ва аз фаъолиятҳои ҳамарӯзаи таҷрибаомӯзон қаноатманд мебошанд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...