Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврӯз ва суннатҳои миллии он

2627(бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ)

Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад.Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз пайвандгари насли имруз бо расму ойин, арзишҳои эстетики, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рузи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рузест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаромерасад.
Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаю рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд.
Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» рочеъ ба бунёд! гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панч руз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вакту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рузро дарёфг, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-у иқтидо карданд»
Дар дарбори подшоҳони сосонӣ Наврӯз хеле бошукуҳ, ва дабдаба таҷлил мегашт. Намояндагони 23 кишвар (тобеъони Эрон ва кишварҳое, ки бо Эрон робита доштанд) ба ҳузури шоҳ мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ ҳадяҳо тақдим мекарданд. Аз ин туҳфаҳо бахши бузурге ба хазинаи кишвар ворид мешуд. Тақдим ва навъи ин ҳадяҳо дар нақши тахти Ҷамшед ба хубӣ нишон дода шудааст. Марселиюс бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён ба Эрон сафар карда, худ шоҳиди ҷашни Навӯз будааст, дар сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рузи ҷашни Наврӯз; духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешими обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдухта дар саҳни кох чамъ шуда ба пойкубӣ ва рақс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Кисрои Анушервон, ки шаш ҳазор метр; масоҳат дорад, фарши заминаӣ сафеди як қитъаи музайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин фарш манзараи баҳору табиатро менамояд. Дарахтони ин фаршро бо зумурад ва шукуфаи дарахтон бо забарчад ва ақиқи сафед ва сурате ёқути сурх, муҷассамаи шутуре аз нуқраи хом ва аспе аз тиллои ноб бо зин ва барги ҷавоҳир нишон бар зинати толори шоҳаншоҳӣ афзудааст. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукуҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд.
Шоирони забардасте чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои баҳорро ба қалам додаанд. Дар тули садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронӣ дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.
Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз инҳоянд, ки аксари онҳо то ба имруз роиҷанд.
Гулгардонӣ. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои анъанаи гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як ду ҳафта қабл аз Наврӯз гуруҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои бахорӣ: бойчечак, сиёҳгуш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачахо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.
Ҷуфтбаророн. То солҳои 1950-ум дар ноҳияҳои минтақаи Суғд, Хатлон, водии Ҳисор ва баъзе вилоятҳои тоҷикнишини Узбекистон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз маросими ҷуфтбаророн барпо мекарданд. Рузи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехурданд ва аз Куръони шариф сураҳо тиловат мекарданд ва ба ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуою фотиҳа мехонданд. Сипас онхо ба сари замии рафта ба шохҳои барзаговҳо равғани загир мемолиданд ва ба сару бадани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии хосилро ифода мекард.Рузи аввал
каме шудгор мекарданду яке аз муйсафедони калонсоятарини деҳа ба тариқи рамзӣ ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он руз бармегаштанду кори асосӣ аз рузи дуюм оғоз мешуд.
Хонабуророн. Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпаҳою пардаҳоро мешуянд ва хушбуй мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаккониданд. Девори хонаҳоро сафед намуда, тозаву озода месозанд.
Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирӣ, хамон солро бо хушу хурсандӣ мегузаронӣ.
Чаҳоршанбесурӣ. Маросими Чаҳоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбе сурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофиқи тақдими эронӣ-хуршедӣ) гузаронида мешавад. Дар чорраҳае алав афрухта хурду калон аз болоящ меҷаҳиданд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо иҷрои ин амал онҳо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онҳо тандуруст хоҳанд буд.
Маросимн обрезон. Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёй ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав Наврӯз мардум шустушуй намуда, худро поку озода мекарданд.

Суманакпазӣ. Суманак навъе аз хуриши Наврӯзи аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин буд. Гандумро 3 руз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонданд. Баъде ки гандум неш мебаровард, ба қавли мардум руда мешуд, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоштанд ва руяшро бо докаи тоза мепӯшониданд. Рузе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, касе бегона ба он ҷо надарояд, мегузоштанд. Вакте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеч кас онро набинад, зеро ки «пай» меафтад.
Оштикунонӣ. Ойини дигаре, ки аз замонҳои хеле қадим анъана шуда омадааст, оштикунонии қаҳриҳо мебошад. Дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба ҳам каҳриро оштӣ мекунонданд.
Бозиҳои варзишӣ. Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиханд. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳлавонон дар намудҳои гуштингирӣ, аспдавонй, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ ин гуштингирӣ аст, ки хеле паҳн шудааст
Ҳамин тариқ , Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои эронитабор ба шумор меравад. Наврӯз ҷойи вохурӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.

Маҳмадзода С.Т. - сардори курси 4-уми
воҳиди таълимӣ – низомии
факултети №2, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...