БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ, БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
Санаи 17 – уми марти соли 2026 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯзи Аҷам, конференсияи илмӣ - назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Наврӯз ва расму ойинҳои миллӣ», бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмхои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло оғоз намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо ин иди фархунда табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуда, қайд намуданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо - тоҷикон мебошанд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Итминон дорам, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо - тоҷикон мегардад.
Дар кори конференсия, олимону муҳаққикон, коршиносон, шоирон ва умуман намояндагони аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, Назарзода Носир Ҷобир - Профессори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Наврӯз ва суннату ойинҳои мардуми тоҷик»; Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.с., дотсент, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Рамзҳои наврӯзӣ ва аҳаммияти онҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ»; Давлатов Зубайдулло Абдуллоевич - ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, маърӯза дар мавзуи «Фалсафаи Наврӯз дар таҳаввули ҳаёти маънавии халқҳои ҳавзаи он»; Давлатшозода Азиза Ширинбек - сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.п., дотсент, маърӯза дар мавзуи «Наврӯз – ҷашни байналмилалӣ»; Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ - ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва аврупои АМИТ, н.и.т., маърӯза дар мавзуи «Мавқеи Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ»; Каримова Таҳмина Хуҷаназаровна - корманди ДМТ, н.и.ф., маърӯза дар мавзуи «Ҳикмати ҳафтсину ҳафтшин дар ҷашни Наврӯз»; Қаюмзода Гуландом Қаюм - муаллимаи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.п., маърӯза дар мавзуи «Суманак-рамзи наврӯзӣ»; Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Ташаббусҳои пешвои миллат атрофи ҷаҳонишавии наврӯзи тоҷикон»; Самиъзода Бахтиёр Салим - ёрдамчии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Ҷанбаъҳои ваҳдатофарандаи Наврӯз»; Нарзуллозода Суҳроб Саидаҳмад - сардори ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Мақом ва манзалати Наврӯз дар тамаддуни форсу тоҷик»; Бойзода Ҷамшед Ҷумъабой - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Гиромидошти Наврӯз дар фарҳанг ва тамаддуни форсу тоҷик»; Абдуллозода Шералӣ Файзулло - сардори кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ-и факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия маърӯза дар мавзуи «Суманак ҳамчун рамзи баҳор ва Наврӯз» баромад намуданд.
Дар анҷоми конференсия, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмхои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло сухани ҷамъбастӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки Наврӯз мақоми ҷашни байналмиллалиро бо ибтикор ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардидааст. Ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки Наврӯз ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил гардида, аз арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии тоҷикон дарак медиҳад.
Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори конференсияи чумхуриявӣ бошад, зикр карда шуд, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии Осори Академия, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити техникӣ-ахборӣ дарҷ намуда, дар раванди таълим низ ба таври васеъ мавриди истифода қарор дода шавад.







































































































































































