Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мост
Наврӯз аз бузургтарин ва бостонитарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ, ки таҷлили он аз нахустин рӯзи моҳи солшумории шамсӣ – Фарвардинмоҳ (Ҳамал) оғоз мешуд, буда, ҳамчун Соли Нав ва иди баҳору киштукор қайд карда мешавад. Дар бораи таърихи пайдоиш, таҷлил ва русумоти наврӯзӣ сарчашмаҳои таърихӣ, фолклорӣ, адабӣ ва фарҳангӣ аз қабили рисолаи паҳлавии “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод” таълифи Мусо ибни Исо ал-Кисравӣ, “Китоб-ул-маросимӣ вал-одот”, “Зайн-ул-ахбор”-и Маҳмуди Гардезӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Торихи Бухоро”-и Муҳаммади Наршахӣ, “Китоб-ут- тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳон Берунӣ, рисолаи “Наврӯзнома”-и Ҳаким Умари Хайём ва монанди инҳо маълумоти амиқу фаровон дода, ба таври эътимодбахш шаҳодат медиҳанд, ки ҷашни Наврӯз ва анъаноти он таърихи хеле қадим доранд.Имрӯз дар фазои соҳибистиқлолии Ватан, Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаҳои беназир таҷлил мегардад. Дар фарҳанги мардуми форсу тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине чун Наврӯз хуҷастапай азизу арҷманд нест. Наврӯз, ки дар луғат маънои «Рӯзи нав»-ро дорад, рамзи оғози соли нави хуршедӣ, зиндашавии табиат ва шурӯи корҳои деҳқонӣ мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби илми ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Наврӯз ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, яъне, 1-уми моҳи ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол» низ меноманд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст».
Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчунин ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст. Агар ба самти иҷтимоӣ-иқтисодии Наврӯз назар афканем, он ба пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии халқҳои эронинажод дар асрҳои 7-3 пеш аз мелод нисбат дода мешавад.Мувофиқи очеркҳои таърихӣ ва ривоятҳои асотирии халқҳои гуногун Худованд офариниши ҷаҳонро дар оғози баҳор, яъне дар айёми Наврӯз шурӯъ кардааст. Халқҳои эронинажод то ислом ва баъди он низ Наврӯзро рӯзи аввали сол меҳисобиданд. Ин тарзи ҷашнгирии Наврӯз то ба мо омада расидааст ва ҳамасола он дар саршавии соли наве, ки ба рӯзи якуми моҳи фарвардин ё худ 21-уми март рост меояд, таҷлил мегардад.Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, покиву созандагӣ ва дӯстиву ҳамдилии инсонҳо мебошад. Бо фарорасии фасли баҳор ва рӯзи баробаршавии шабу рӯз, Наврӯз дар қалби ҳар як инсон эҳсоси нав, умед ба ояндаи дурахшон ва орзӯи зиндагии ободу осударо бедор мекунад.Манзараи идонаи кишвар дар ин айём ба як намоишгоҳи зиндаи ҳунарҳои мардумӣ шабоҳат дошта, Наврӯз ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шодию нишот ва озодии комил меоварад. Хусусан кӯдакони хушбахти ин замон, ки зери осмони софу беғубор базму тараб мекунанд, ворисони ҳақиқии ин тамаддуни бузург буда, ҳар як хандаи тифл ва ҳар як суруди баҳорӣ, ки дар майдонҳои идона танинандоз мегардад, гувоҳи равшани пойдории суботу ваҳдати миллӣ дар сарзамини соҳибистиқлоли мо мебошад.
Бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва сайъу кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифт. Соли 2009 Иди Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз ҷониби ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин далели равшани қадру манзалати бузурги ин ҷашни бостонӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз пас аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамасола аз 21 март то 24 март ҷашн гирифта мешавад. Дар дигар кишварҳо Наврӯз дар ин рӯзҳо ҷашн гирифта мешавад: Ироқ, Курдистон, Косово, Муғулистон, Ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон - 21 март, Албания ва Туркманистон- аз 20 то 23 март, Озарбойҷон - аз 20 то 26 март, Ҷумҳурии исломии Эрон - аз 20 то 24 март ва Қазоқистон - аз 21 то 24 март.
Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҳамфарҳанг, дар таърихи 26 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуд. Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Ин иқдоми таърихӣ боис гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии инсоният дар саросари ҷаҳон таҷлил гардад.
Имрӯз Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистии фарҳангҳо таҷлил карда мешавад. Акнун ҳамасола 21- уми март дар тамоми гӯшаву канори олам, аз Осиё то Аврупову Амрико ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил гашта, ин ҷашн ба мо талқин менамояд, ки мисли табиат нав шавем, дилҳоро аз ғубори адоват пок созем ва ба сӯи ояндаи дурахшон бо умеду ваҳдат қадам гузорем. Чуноне ки мегӯянд:
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Мардуми тоҷик ба истиқболи Наврӯз на танҳо дастархони наврӯзӣ меороянд, ба зиёрати ҳамдигар мераванд ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир мекунанд, балки тозаву озода, ободу зебо ва кабудизоркунии хонаву кошона, маҳалли зисти худ, деҳоту шаҳракҳо ва киштукори баҳориро низ бо рӯҳияи баланду созанда вусъат мебахшанд. Занону бонувони тоҷик, ки посдорони аслии суннатҳои миллӣ ҳастанд, дар гирди деги суманак бо суруди "Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем..." шабро ба рӯз меоранд, ки ин амал на танҳо як расми хӯрокпазӣ, балки таҷассуми иттиҳод ва ҳамбастагии ҷомеа аст. Дурахши атласу адрас ва чаканҳои зардӯзӣ дар қомати бонувон ба баҳори Тоҷикистон рангу ҷилои афсонавӣ бахшида, ҳунарҳои дастии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон, мусобиқаҳои гӯштингирӣ, бандкашӣ ва пойгаи аспдавонӣ рӯҳияи ҷавонмардию паҳлавониро дар миёни насли ҷавон бедор намуда, онҳоро дар руҳияи ифтихор аз гузаштагони қаҳрамонамон тарбия мекунанд. Дар ин айём садои хандаи кӯдакон, ки хона ба хона гашта, бо суруду таронаҳои наврӯзӣ муждаи баҳор меоранд ва ба калонсолон гулҳои наврустаи бойчечаку сиёҳгӯшро тақдим мекунанд, рӯҳияи ҷашни мазкурро дучанд месозад.
Наврӯз барои халқи тоҷик бисёр азизу гиромӣ мебошад ва ҳикмату фалсафаи он бар пояи бузургдошту ситоиши инсон, сарфи назар аз мансубияти диниву мазҳабӣ ва мақоми иҷтимоӣ, баробарӣ, таҳаммулгароӣ, авфу бахшиш, оғози саҳифаи нав дар зиндагӣ ва дар маҷмӯъ, сулҳу субот бунёд гардидааст. Халқи тоҷик ифтихор дорад, ки дар асри бисту якум, яъне дар замони рушди босуръати илму техника ва технологияҳо Наврӯз бо таърихи шашҳазорсолаи худ ҳанӯз зинда аст, дар қалби ҳар яки мо ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии наслҳо решаҳои амиқ дорад ва ниёзҳои маънавию иҷтимоии мардуми моро қонеъ мегардонад.
Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги сиву панҷ солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, яъне баҳори имсола – баҳори истиқлол ва Наврӯзи он Наврӯзи истиқлол мебошад.
Муҳиддинзода Х.Ғ.
Муаллими калони кафедраи тайёрии
ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети 4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия







































































































































































