Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Рӯзи ҷавонон
Варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Машғул шудан ба варзиш инсонро ҳамеша солиму бардам ва руҳан қавӣ мегардонад. Бинобар ин тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия Вазорати корҳои дохилӣ дар факултети №4-и Академияи мазкур, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд пайваста чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Бо ташаббуси кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД, инчунин ҷиҳати иҷрои нақшаи илмӣ - тадқиқотии кафедра доир ба фасли 4, яъне гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятҳои илмии курсантон дар маҳфил ва фаъолияти сексияҳои варзишӣ, дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, мусобиқаҳои варзишӣ (Спартакиада) ташкил ва гузаронида шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҳудуди факултети №4 аз санаи 10-ум то 26-уми апрели соли 2018 мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои «Футбол», «Волейбол», «Шашка», «Шоҳмот», «Варзиши сабук» ва «Бандкашӣ», гузаронида шуд. Ҷадвали баргузории мусобиқаҳо аз тарафи роҳбарияти факултети №4 тасдиқ карда шуда, вақт ва мӯҳлати гузаронидани ин чорабинии варзишӣ аз тарафи мутасаддиён ва доварон риоя карда мешуданд. Дар мусобиқаҳои варзишии мазкур аз ҳар курс ва ҷузъу томҳои факултет 35 нафарӣ варзишгарон дар 6 намуди варзиш дархостҳо пешниҳод намуданд, ки дар маҷмӯъ 210 нафарро ташкил медиҳад.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Футбол» 6 даста, яъне дастаи кормандони факултет, дастаи курсҳои тайёрии ибтидоӣ, дастаи курсантони курси 1-ум, дастаи курсантони курси 2-юм, дастаи курсантони курси 3-юм ва дастаи курсантони курси 4-ум фаъолона иштирок намуда, тибқи ҷадвали баргузориҳои бозиҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Рафти бозиҳо бо иштирок ва назорати роҳбарияти факултет ва кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ баргузор гашт.
Ниҳоят, баъди бозиҳои тӯлонӣ ва вохӯриҳо мусобиқа дар намуди «Футбол» бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт: - Ҷойи аввал насиби бозингарони дастаи курси 4-ум, ҷойи дуюм насиби бозингарони дастаи курси 2-юм ва ҷойи сеюм насиби бозингарони дастаи шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Волейбол» низ аз ҳамин ҷузъу томҳои факултет дастаҳо иштирок карда, байни ҳуд қувваозмоӣ намуданд, ки ҷойи аввал насиби бозингарони дастаи курсантони курси 1-ум, ҷойи дуюм насиби бозингарони дастаи шунавандагони курси тайёрии ибтидоӣ ва ҷойи сеюм насиби бозингарони дастаи курси 4-ум гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба Варзиши сабук аз ҳисоби кормандон, шунавандагон ва курсантон дар ду намуди мусобиқа, яъне турниккашӣ ва давидан ба масофаи 100 м, 70 (ҳафтод) нафар варзишгарон иштирок намуданд, ки шахсони зерин ғолибони мусобиқа гардиданд:
Дар мусобиқаи турниккашӣ ҷойи якум насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Зулқайнаров Эҳромҷон, ҷойи дуюм насиби курсанти курси 4-ум, милитсияи қаторӣ Ҳусейнов Орзу ва ҷойи сеюм насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Солеҳов Муллоохун гардид.
Дар мусобиқаи давидан ба масофи 100 м бошад ҷойи якум насиби курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ Бекбобоев Самандар, ҷойи дуюм насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Ашуров Сӯҳроб ва ҷойи сеюм насиби курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ Орзиқулов Мастонбек гардид.
Дар мусобиқаи бандкашӣ низ аз ҳар як ҷузъу том ва курсҳои воҳидҳои таълимӣ дастаҳо дар теъдоди 5 нафарӣ пешниҳод намуданд, ки байни худ қувваозмоӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи бандкашӣ ҳамеша ниҳоят шавқовар мегузарад. Дар ин намуди варзиш ҷойи аввал насиби дастаи курсантони курси 4-ум, ҷойи дуюм насиби дастаи курсантони курси 3-юм ва ҷойи сеюм насиби дастаи курсантони курси 1-ум гардид.
Мусобиқаҳои варзишӣ доир ба «Шашка» ва «Шоҳмот» дар байни курсантон ва кормандон дар алоҳидагӣ гузаронида шуд, ки чунин натиҷа дод: Дар мусобиқаи мазкур шахсони зерин ба чунин дастовардҳо ноил гаштанд: дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шоҳмот» дар байни кормандон 14 нафар байни худ қувваозмоӣ намуда, ниҳоят ғолибон муайян карда шуданд. Яъне: ҷойи аввал насиби подполковники милитсия Ҳоҷазода Обид, дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ гардид. Ҷойи дуюм насиби майори милитсия Қудратов Муминбой, дотсенти кафедраи такмили ихтисос ва тайёрии ибтидоӣ гардид. Ҷойи сеюм бошад насиби лейтенанти милитсия Турдиев Ҳабибҷон, муаллими кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ гардид. Дар ҳамин намуди мусобиқа байни курсантон ҷойи аввал насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Зоиров Амонилло, ҷойи дуюм, насиби Собиров Умед - курсанти курси 1-ум ва ҷойи сеюм насиби милитсияи қаторӣ Шарипов Меҳроҷ - курсанти курси 2-юм, гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шашка» дар байни кормандон ҷойи аввал насиби дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти мамурӣ, подполковники милитсия Ҳоҷазода Обид, ҷойи дуюм, насиби и.в. муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, берутба Абдуллозода Д.А. ва ҷойи сеюм насиби майори милитсия Қудратов Муминбой, дотсенти кафедраи такмили ихтисос ва тайёрии ибтидоӣ, гардид. Дар ҳамин намуди мусобиқа байни курсантон ҷойи аввал насиби милитсияи қаторӣ Изатов Атоалӣ - курсанти курси 2-юм, ҷойи дуюм, насиби Темурхонов Анушервон- курсанти курси 1-ум ва ҷойи сеюм насиби Одибекова Мадина – курсанти курси 2-юм, гардид.
Санаи 2 майи соли 2018, дар майдончаи сафороии факултети №4 ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд. Дар ҷамбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони мусобиқаи мазкур, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Б.Ҳ. иштирок намуда, иброз кард, ки бо талошҳои пайваста ва дастгириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми инфрасохторҳои зарурӣ, аз ҷумла барои варзишгарон ва мураббиёни соҳаи варзиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Бинобар ин кормандон ва курсантонро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бештар ба варзиш шуғл варзида дар ин ҷода ба комёбиҳо ноил гарданд. Ҳамзамон номбурда қайд намуд, ки аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Хуҷанд барои бештар гузаронидани чунин мусобиқаҳо дастгирии ҳаматарафа карда мешавад.
Сипас аз тарафи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Хуҷанд Исматҷонов Б.Ҳ. ва сардори факултети №4, полковники милитсия Насуриён П.А. ба 87 нафар ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, дар фазои тантанавӣ медалу дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД, полковники милитсия