Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврӯз рамзи ҳастии миллат ва меҳвари худшиносии таърихи тоҷикон

2617“Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад.Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад”...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эй дуст, биё, боз ба Наврӯз расидем,
Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.
Дар пардаи гул бод наво карда парешон,
Эй мурғи хушовоз, ба Наврӯз расидем.
Эй боғи гулафшон, бағали боз муборак,
Мо ҳам ба дили боз ба Наврӯз расидем…

Сайёд Ғаффор
Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, зебоӣ ва зиндагии нав буда, яке аз муқаддастарин ойинҳои мардумӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгони фарҳангпарвару тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ аз фарорасии фасли баҳор, бедоршавии табиат ва оғози соли нави пурфайзу баракат мужда медиҳад. Наврӯз на танҳо як сана дар тақвим, балки рамзи умед, покӣ, дӯстӣ ва эҳёи зиндагии инсон мебошад.Таърихи Наврӯз ба ҳазорон сол қабл мерасад. Он ҳанӯз дар замонҳои пеш аз Зардушт пайдо шуда, дар давлатҳои бостонӣ, аз ҷумла дар аҳди Ҳахоманишиҳо ва Сосониён ҳамчун ҷашни асосии сол таҷлил мегардид. Қадимтарин сарчашмае, ки дар он аз Наврӯз ёд шудааст, китоби муқаддаси «Авесто» мебошад. Мувофиқи таълимоти он, инсон бояд ҳар баҳор эҳёи ҳаётро дар табиат, ки дар шаш унсур осмон, об, замин, наботот, ҳайвонот ва инсон таҷассум меёбад, бо шодию нишот истиқбол намояд.Наврӯз ба рӯзи баробаршавии шабу рӯз 20 ё 21 март рост меояд ва оғози солшумории шамсиро ифода мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯз табиат ба эҳё меояд, замин гарм мешавад, сабзаҳо месабзанд ва инсон ба зиндагии нав қадам мегузорад. Ин айём барои деҳқонон оғози мавсими киштукор, барои мардум оғози умеду орзуҳои нав ва барои ҷомеа рамзи тозагӣ ва навсозӣ мебошад.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо кард. 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги башарият ворид гардид. 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии СММ 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ боис гардид, ки Наврӯз имрӯз на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад.Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ба як ҷашни воқеан ҷаҳонӣ табдил ёфта, арзишҳои инсонӣ, аз қабили сулҳ, ҳамдилӣ, эҳтиром ба табиат ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд.
Авалин бор Абӯрайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағӣирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз дар байни мардум хеле бисёранд. Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Ал-тафҳим» овардааст, ки«чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Чамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд» ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст, ки «Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст».Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абӯрайҳон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва Наврӯзро ҷаҳонӣ гардонад.Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчунин ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст. Агар ба самти иҷтимоию иқтисодии Наврӯз назар афканем, он ба пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии халқҳои эронинажод дар асрҳои 7-3 пеш аз мелод нисбат дода мешавад. Халқҳои эронинажод то ислом ва баъди он низ Наврӯзро рӯзи аввали сол меҳисобиданд. Ин тарзи ҷашнгирии Наврӯз то ба мо омада расидааст ва ҳамасола он дар саршавии соли наве, ки ба рӯзи якуми моҳи фарвардин ё худ 21-уми март рост меояд, таҷлил мегардад.Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳнома, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба Бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишин низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар санг навиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишинҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин санг навиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Дар рисолаи «Наврӯзнома» нисбат дода ба Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем. Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод.Дар маҷмуъ, Наврӯз яке аз арзишмандтарин мероси фарҳангии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстӣ ва баҳамоии мардум мебошад. Давоми ҳазорсолаҳо Наврӯз аз насл ба насл гузашта, то имрӯз бо шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил мегардад. Нигоҳдорӣ ва гиромидошти ин ҷашни аҷдодӣ вазифаи ҳар фарди ҷомеа мебошад, зеро Наврӯз на танҳо ҷашни одӣ, балки рамзи фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллати тоҷик аст. Агар ин суннати бузургро пос дорем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавии мо боз ҳам ғанӣ ва устувор хоҳанд гардид.

Шокирзода Т.Г.муовини сардори факултети №3 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...