Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфренсияи илмӣ – назариявӣ дар Академияи ВКД

184

3 майи соли 2018 бо ташаббуси кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бо иштироки меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони факултети №5 Академияи мазкур дар мавзӯи «Аҳамияти истифодабарии таҷҳизоти автоматикии огоҳкунӣ ва хомӯшкунии сӯхтор дар иншооти хоҷагии халқ» дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А., меҳмонон аз корхонаи давлатии “Системавтоматика”-и ш.Душанбе ва мутахассисони ботаҷрибаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии (СХДО) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар конфренсияи илмӣ аз ҷониби иштирокчиён, аз ҷумла қайд гардид, ки дар Академияи ВКД ва СХДО бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд.
Дар ин раванд таъмин намудани пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ҳимояи моликияти давлатӣ, шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз сӯхтор яке аз функсияҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД дар баромадҳояшон қайд карданд, ки имрӯз худро муввазаф медонанд, ки дар самти такмили корҳои пешгирӣ намудани сӯхтор ва таъмини бехатарӣ аз сӯхтори шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, корхонаю муассисаҳо саҳми арзандаи худро гузошта, курсантонро пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дӯст доштани касби пешанамудаашон тарбия намоянд.

185

Дар чорабинии мазкур сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор подполковники милитсия Сатторзода А.С., муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия Саидов Файзиддин, дар мавзӯи “Таърих ва пайдоиши автоматикаи оташнишонӣ”, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф-м., Холмуродов Ф. дар мавзӯи «Воситаҳои техникии автоматии зиддисӯхторӣ ва истифодаи он дар иншоот», муовини директори корхонаи “Системавтоматика”-и ш.Душанбе, Содиқов Абдураҳмон дар мавзӯи “Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва маишӣ”, курсанти курси 4 факултети №5, ихтисоси бехатарӣ аз сӯхтор, милитсияи қаторӣ Наимов А. дар мавзӯи «Омӯзиш ва аҳамияти фанни автоматикаи оташнишонӣ ва истеҳсолотӣ» баромад намуда, андешаҳои хешро иброз намуданд.
Дар баромади иштирокчиёни чорабинӣ якчанд масъалаҳо оид ба сохтори таҷҳизотҳои автоматикии оташнишонӣ, тарзи истифодабарӣ ва мақсади истифодабарӣ дар бино ва иншоотҳои хоҷагии халқ вобаста ба огоҳкунии сӯхтор, пешгирии сӯхтор ва хомӯшкунии он ба воситаҳои системаи автоматикунонидашудаи зиддисӯхторӣ маълумот дода шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки истифодабарии таҷҳизотҳои автоматикии огоҳкунӣ дар иншоотҳои хоҷагии халқ талаботи замони муосир буда, маърӯзачиён дар баромадҳои хеш тавассути воситаҳои техникӣ бо слайдҳо намудҳои гуногуни истифодабарии таҷҳизотҳои автоматикии огоҳкунӣ, тарзҳои насбкунӣ, кори қисмҳои таркибии огоҳкунакҳоро нишон дода, моҳият ва хусусиятҳои онҳоро ба курсантон фаҳмониданд.
Инчунин аз тарафи омӯзгорон ва курсантон дар самти истифодабарии таҷҳизотҳои автоматикии огоҳкунӣ ва насби онҳо дар иншоотҳои хоҷагии халқ баҳсҳои илмӣ ба вуҷуд омаданд.
Дар охир роҳбарияти Академияи ВКД ба маърӯзачиён ва иштирокчиён барои дар сатҳи баланди касбӣ баргузор намудани конференсияи илмӣ - назариявии ҷумҳуриявӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Дар хотима, барои боз ҳам тақвият бахшидан ва мукаммал кардани ҳамкориҳо байни Сарраёсату ҷузъу томҳои он бо Академияи ВКД ва корхонаи давлатии “Системавтоматика”-и ш.Душанбе ҷиҳати истифодаи маводҳои баромадкунандагони чорабинӣ барои омӯзиш дар раванди машғулиятҳои таълимӣ тавсияҳо дода шуданд.
Ҷамолидинзода М., Сиддиқзода С., курсантони курси 5-уми факултети №5-и Академияи ВКД.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...