ПАЁМ НАМУНАИ ОЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ МИЛЛИСТ
Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Паёми Пешвои миллат дар шароите баён гардид, ки Тоҷикистони азизи мо дар остонаи таҷлили муҳимтарин ҷашнвораи сиёсиву фарҳангӣ, алалхусус, таҷлили ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорад.
Сарвари давлат дар Паёми имсола низ ба масъалаи ҷавонон рӯ оварда, зикр карданд, ки «Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем.
Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.
Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд.
Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.
Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд».
Ин суханони Сарвари давлат барои мо-ҷавонон ҳукми қонун дорад ва мо онро ҳамчун шиори зиндагӣ барои омода гардидан ба дӯст доштани Ватану ҳифзи он, ба қадри сулҳу озодӣ, осудагиву тинҷиву амонӣ расидан, донистани он ки шаъну шарафи ватандориву давлатдорӣ азизу муқаддас асту ба ҷон баробар ва ҳатто аз ҷон ҳам бо арзиштар ва соҳибмаърифат гардидан истифода мекунем. Мо бояд маърифати ҳуқуқӣ дошта бошем. Маънои маърифат, илму дониш, шинохтан, донистан, биниш, тамиз, фаҳм, шиносоӣ, ошноӣ ва ҷаҳоншиносӣ аст. Маърифати ҳуқуқӣ бошад, соҳиби донишу фаҳм будан маҳсуб меёбад. Яъне, мо бояд аз қонун ва ҳуқуқ бохабар бошем. Ба ин восита аз ҳуқуқҳои худ, умуман аз ҳуқуқҳои инсон, қадри имкон огоҳӣ ҳосил кунем. Боз ҳам беҳтар мешуд, агар аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир то ба охирин санадҳои меъёрии ҳуқуқии башарию ватанӣ ошноӣ медоштем, зеро давлати мо мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд номида шудааст.
Хушбахтона, имрӯз дар мамлакати мо қонунҳо пурра амал мекунанд ва ҳуқуқи инсон риоя мешавад. Осоиштагии мардум ба воситаи ин қонунҳо ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ таъмин мегардад.
Дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳодисаҳои ба ҳама маълум сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷомеаи мо паст гардид, низому тартиб муддате вайрон гардид. Мардуми зиёде гурезаву бехонаву дар монда, наврасони синни мактабӣ аз мактаб берун монданд, ки ҳамаи ин ба паст шудани фаҳму дониши шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ оварда расонид. Надоштани фаҳмишҳои аввалин дар бораи ҳуқуқ бошад, оқибат ба ҷинояту ҷинояткорӣ оварда мерасонад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки адолат дар ӯ азалӣ будааст, баробари ба сари давлат омаданаш бо талошу бедорхобиҳо, бо намунаи баланди ҷавонмардиву қаҳрамонӣ барои ба ҳам овардани сарзамини пора-пора ва тоҷики паҳну парешон тамоми неруи худ, балки умри ҷавонии худро сарф намуд. Мӯйисарашро сафед кард. Баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ аввалин қадаме, ки барои сарҷамъ кардани тоҷикон асос ва таҳпояи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатамон гардид, ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати халқ ва тартибу низомро дар давлат таъмин намуд ва ин низому тартиб имконият дод, ки роҳи Тоҷикистон сӯйи пешравӣ муайян гардад. Давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар кафили тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон гардиданд, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути санадҳои эътирофшудаи ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Оре, дар сафи пешқадамон ҷо гирифтани Тоҷикистони азизамон ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон, вобастагии калон дорад. Барои пурра ба камол расидани насли ҷавон ҳукуматамон бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ шароити муносиб муҳайё сохтааст. Мо –ҷавонон бояд аз ин шароит истифода карданро ёд гирем, ба қадри ин шароитҳо бирасем.
Одамро, инсонро эҳтиром кардан маърифат аст. Ба ҳаёту номуси одам дахл накардан маърифати ҳуқуқӣ аст. Ба ҳифзу ҳимояи ҳар пораи хоки Ватан омода будан аз маърифати ҳуқуқӣ доштани мо гувоҳӣ медиҳад. Ҳар инсон шаъну шараф дорад. Муносибати дуруст кардан бо атрофиён, эътироф кардани нақши онҳо ин маърифати ҳуқуқӣ, донишу фаҳмиши ҳуқуқӣ мебошад, ки сарчашмаи ин ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯ, бахшида ба ба 35-солагии истиқлолияти давлатӣ соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шуд.
Паёмҳои ҳарсолаи Президент ба мардуми кишвар худ намунаи олии маърифати ҳуқуқии миллист ва шукрона аз он мекунем, ки айни замон маърифати ҳуқуқии халқи тоҷик миллатсозу давлатсоз гаштааст ва ифтихори ҳар як зиёиву фарди маърифатист, ки калому мароми Пешвои миллат дар партави маърифати ҳуқуқии миллӣ сурат мегирад.
Мо ҷавондухтарони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани тарбияи кадрҳои касбии мақомоти корҳои дохилӣ, ки зодаи даврони истиқлол аст, маърифати ҳуқуқии хешро тақвият бахшида, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон даст ба даст медиҳем, намегузорем, ки ваҳдати саросарии кишварамон халалпазир гардад. Ҳифзи соҳибихтиёрии Ватанамон вазифаи ҳар яки мост.
Ороста БАРОТЗОДА
Муовини сардори факултети №1
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
подполковники милитсия







































































































































































