Наврӯз ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ
Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» дорад. Дар ҳақиқат ҷашни Наврӯз, ки аз сарчашмаҳои асотирии санъати достони милли маншаъ, гирифтааст, дар ташакул ва инкишоф ёфтани равандҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ва сайри мамлакатҳои ҷаҳон саҳми босазо гузошта метавонад.
Ҳамин буд, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд.
Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш таъкид менамояд, ки тоҷикон миллати фарҳангӣ мебошанд. Маҳз фарҳанги волои тоҷикон таваҷҷухи олимону адибони ватанӣ ва ҷаҳониро ҷалб намуда,онҳо дар осори худ ба фарҳанги миллӣ ва расму оини тоҷикон баҳои баланд додаанд.
«Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд» - менависад, Пешвои миллат дар асараш «Забони миллат – ҳастии милат».
Ҳастии миллат дар воқеъ ба забон, таърих, фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ робитаи ногустастанӣ дорад. Яке Забон, дувум Наврӯз аст, ки тоҷиконро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Агар мо ба таърихи ҷашни Наврӯзи аҷам назар андозем, ошкор мегардад, ки ҷашни Наврӯз 4-5 ҳазор сол пеш аз ин дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз пайдо шудааст. Аз замонҳои қадим ниёгони мо иди Наврӯзро бе суруду мусиқи, маводҳои мардумӣ, мусобиқаҳои паҳлавонию чавгонбозӣ, пойга, аспдавонӣ, бузкашӣ ва расму оини мардумӣ тасаввур карда намешавад.Наврӯз маҳз дар аҳди Сосониён ба пояи баланд бардошта шуд (асрҳои 3 ва 4 мелодӣ).Сосониён ки дар инкишофи фарҳанг ва ҷамъ кардани сарватҳои маънавӣ бештар кӯшиш мекарданд, ба танзими расму оинҳо ба зинаи сиёсати давлатдорияшон, бардоштани онҳо корҳои зиёдеро анҷом медоданд.Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш доир ба ин масъала чунин маълумот меорад.«Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Македонӣ, ки уро «Зулқарнайн» меноманд бимонад. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд, то ба рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург гашт ва аҳднома бинавишт ва он рӯзро «Наврӯз» кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки айни эшон буд».
Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст.
Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлиси ӯ иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳам як суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои иди Наврӯзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор. Аввалин шоҳе ки Наврӯзи омма ва хосаро бо ҳам омехта рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд-писари Шопур (соли ҳукмрониаш 272-274) будааст… Замони давлатдории хулафои Умавӣ (661-750) бо мақсади дар байни халқ пайдо намудани обрӯ ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани иди Наврӯз иҷозат доданд. Дар замони Аббосиён низ бо мақсади пазириши ҳадоёи мардумӣ, аз Наврӯз истиқбол мегирифтанд. Бо рӯи кор омадани Сомониён ва Оли Бувайҳ, ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор шуд. Дар замони Салчуқиён бошад, бо дастури Ҷалолидин Маликшоҳи Салчуқӣ теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоҳоти тақвим гирди ҳам омаданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар рӯзи якуми баҳор қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Ислоҳоти дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ ва ҳисобу китоби аниқ гузаронидаи Умари Хайём дар асари ӯ «Зиҷи маликшоҳӣ», ки дар таърих бо номи «Тақвими ҷалолӣ» маъруф аст, бомуваффақият ҷамъбаст карда мешавад. ҳазорсолаҳост, ки қавмияту миллатҳои гуногун дар ҳар куҷо ва дар ҳар ҳоле ки бошанд, Наврӯзро бо ҳама расму русумаш дар хонаву кошонаҳои хеш ҷашн мегиранд. Иди Наврӯз дар замонҳои тозиён, туркон, муғулон ва дигар фармонравоён низ бо шодӣ ва хушӣ баргузор мешуд. Саранҷом гирд омадан сари суфраи наврӯзӣ, ки он ҳафт пояи аслӣ дорад, ки ҳафт син хонда мешавад ва чизҳоеро шомил мешавад, ки нахустин ҳарфи онҳо син аст ва ниёишгузорӣ ва ғазалхонӣ ва таронагӯӣ ва нағмапардозӣ дар лаҳзаи гардиши сол, нафас дар сина ҳабс кардан ва хомуш мондан ва чашм бар обу оина ва шамъи фурузон ва сабза ва гули шукуфон ва шиноварии моҳиён духтан то рӯйдоди бузург ошкор гардад ва замону ҷаҳони бошукӯҳтар ҷои ошубу ғами поринаро бигирад, нуқтаи авҷи ин сурур аст.Ба ин тариқ, Наврӯз ва оинҳои куҳанбунёди он ҳамагӣ асотир ва армону фарҳанг ва таъриху адаби ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷикро якҷо дар худ фароҳам овардааст ва соле як бор онро дар пайванду паймони розомези фарҳангиашон ба сароғози сароғозҳо ва сарчашмаи сарчашмаҳо мебарад то тану ҷон дар оби покӣ ва ростӣ бишӯянд ва паймон нав кунанд, ки ҳамвора некандеш, некгӯфтор ва неккирдору навхоҳ, навҷӯ ва навгардон бимонанд ва то ҳастанд, озода ва сарафроз ва пуёву кушо бошанд.
Наврӯзи байналмилалӣ яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Мо мардуми тамаддунофар фахр аз он мекунем, ки анъанаҳои неки фарҳангӣ мо дастраси ҷаҳониён гардидаст.Наврӯз тантанаи нур, таби осоишу сурур, рамзи покии зиндагист алайҳи зулмот, ҷанг ва ноумедиҳо.Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки арзишҳои бузурги фарҳангӣ пос дошта шаванду ба ҷаҳониён пешниҳод гарданд.Ҳикмати баландтарини ҷашни Наврӯз ин аст, ки он воқеаи ҳам ҳаётию табии буда замоне таҷлил мегардад, ки шабу рӯз баробар ва пирӯзии равшанӣ ба зулмот, гармӣ ба сармо оғоз гардида табиат зинда шуда оламу одам дигаргун мешавад.Иди Наврӯзро дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хосае ҷашн мегиранд. Ҳангоми ҷашни Наврӯз, одамон ашёҳои куҳнаро партофта, ба ҷои он ашёи нав харида мегузоранд.
Дар Наврӯз рӯи дастархонро бо ҳафт- «син» ва ҳафт- «шин» оро медиҳанд.Занону духтарон якҷо ҷамъ омада хӯрокҳои миллиро тайёр мекунанд. Яке аз сунатҳои дигари Наврӯзӣ ин дар гирди деги сумалак ҷамъ шуда суруди сумалакро якҷоя мехонанд:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Мардум чун одати дерина баъди анҷоми ҷашни Наврӯз, аз идгоҳ ба сари замин рафта, пирони ҳайётомӯхта аввалин донаи умедро ба замин пошида, дуъо баҳри файзу баракат медиҳанд.
Мо ташнаи базму тараби Наврӯзем,
То омаданаш дида ба роҳ медӯзем.
Чун ҷомаи сабз, бар тана кард Замин,
Мо оташи Наврӯз ҳамафрузем.
Расулзода М.Б. муаллими методисти таълимии Факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия







































































































































































