Падидаи тамаддунӣ ва арзиши умумибашарии Наврӯзи байналмилалӣ
Наврӯзи байналмилалии яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёиҳо ба шумор меравад, ки дар тули таърих аз марҳилаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузашта, то имрӯз мавқеи худро ҳамчун арзиши умумибашарӣ ҳифз намудааст. Наврӯз на танҳо оғози соли нави хуршедӣ ва рамзи фарорасии баҳор аст, балки таҷассумгари ҷаҳонбинии фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии мардумони ориёи нажод ба ҳисоб меравад.
Эътирофи намудани Наврӯз аз ҷониби UNESCO (2009) ҳамчун иди байналмилалӣ ва расман Рӯзи байналмилалӣ эълон гардидани 21 март аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (2010) аҳамияти ҷаҳонии ин меъроси аҷдодии моро собит намудааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки воқеан ҳам Наврӯз танҳо ҷашни хос ба як минтақа набуда, балки падидаи фарҳангиест, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст ва ҳамчун дар тарғиби фарҳанги ниёгони мо тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши арзандаеро дорост. Наврӯзро ҳамчун меъроси қадимаи башари метавон эътироф намуда, дар тамадуни умумибашари ҷойгоҳи намоёнро ба худ касб намудааст.
Пайдоиши Наврӯз ба давраҳои хеле қадим, ба замони ташаккули фарҳанги ориёӣ рост омада ҳамчун гувоҳи аз таърихи қадимаи мост. Тибқи маълумоти саҳеи сарчашмаҳои таърихӣ, ин ҷашн бо эътидоли баҳорӣ, лаҳзаи баробар шудани шабу рӯз, иртибот дорад, зеро бедор шудани табиат аз хоби зимистона маҳз дар арафаи Наврӯз сурат мегирад. Ин худ як падидаи астрономӣ ба ҳисоб рафта, барои кишоварзон аҳамияти муҳими ҳаётиро доро буд, чунки сароғози мавсими нави кишту корро нишон медод.
Бояд қайд намуд, ки дар китоби муқаддаси зардуштиён (Авесто) ба масоили покизагӣ, эҳтиром гузоштан ба унсурҳои табиат таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Гарчанде аз Наврӯз ба таври мустақим дар ҳамаи қисматҳои он номбурда нашудааст, аммо метавон дарк намуд, ки муҳтавои фалсафии он бо мафҳуми «оғози нав» ва «рӯзи нав» ҳамоҳанг мебошад.
Дар адабиёти классикӣ ва ривоятҳои мардумӣ, мо тоҷикон Наврӯзро бо номи шоҳ Ҷамшед пайванд медиҳем, ки лаҳзаи пайдо шудани ин вожа ва эълон намудан рӯзи нав яъне Наврӯз ба таври мушахас дарҷ шудааст. Мувофиқи устура, Ҷамшед дар рӯзи эътидоли баҳорӣ бар тахт нишаста, онро Наврӯз номидааст. Бо вуҷуди он ки ин ривоят хусусияти рамзӣ дорад, аммо он нишон медиҳад, ки Наврӯз бо идеяҳои адолат, тартибот ва шукуфоии табиат алоқамандии ногусастани дорад.
Дар китоби “Шоҳнома” Фирдавсӣ дар бораи ба тахт нишастани Ҷамшед ва пайдоиши ҷашни Наврӯз чунин мефармояд:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Ё дар ҷойи дигар Фирдавсӣ бо чунин мисраҳо мефармояд:
Сари соли нав ҳурмузи фарвардин,
Бар осуда аз ранҷ рӯи замин.
Фирдавсӣ Наврӯзро на танҳо як ҷашн, балки рамзи зиндашавии табиат, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, адолат, ободии давлат ва ваҳдату якдилии мардум мешуморад. Аз ин рӯ, Наврӯз дар фарҳанги форсу тоҷик ҷашни миллӣ ва қадима ба шумор рафта, реша ба даврони шоҳ Ҷамшед дорад.
Дар аҳди давлатҳои қадими форсу-тоҷик Наврӯз ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ таҷлил мегардид. Он на танҳо ҷашни мардумӣ, балки маросими муҳими сиёсӣ низ буд, ки ваҳдати ҷомеаро таҳким мебахшид.
Дар замони ҳукумронии империяи Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV пеш аз милод) Наврӯз ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ буд. Дар ин рӯз намояндагони халқҳои гуногуни империя ба дарбор меомаданд, ба шоҳ туҳфаҳо тақдим менамуданд, вафодории худро ба шоҳ ва давлат нишон медодан.
Наврӯз дар аҳди Ашкониён (асрҳои III то милод –III милодӣ) ҳамчун ҷашни миллӣ нигоҳ дошта шуд. Маълумотҳо муфассал на онқадар зиёд мебошанд вале манбаъҳои таърихи шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз дар дарбори шоҳон ва ҳам миёни омаи мардум таҷлил мегардид, ҳамаи анъанаҳои қадимаи ориёӣ бо тамоми хусусиятҳояш ҳифз карда мешуд, ин ҷашни аҷдоди ҳамчун рамзи ваҳдати давлат ба ҳисоб мерафт.
Даврони ҳукумронии давлати Сосониён (асрҳои III –VII милодӣ) метавон гуфт, ки Наврӯз ба авҷи шукуҳу шаҳомати хеш расида, ба яке аз ҷашнҳои асосии давлатӣ табдил ёфта буд. Дар ин давра ҷашни Наврӯзӣ чанд рӯз идома мекард, мардумон либосҳои тоза ва нав ба бар мекарданд, ба подшҳо ҳадияҳо меоварданд, баъзан аз маҳбусон гуноҳояшон авф карда озод менамуданд, базму бозӣ ва маросимҳои оммавӣ баргузор карда мешуд.
Наврӯз ба ду қисм ҷудо мешуд:
1. Наврӯзи омма, ки панҷ рӯзи аввал барои мардум баргузор карда мешуд.
2. Наврӯзи хосса, ки рӯзи шашуми ҷашнгирӣ барои подшоҳ ва дарбориён барпо мегардид.
Дар аҳди Сомониён (асрҳои IX-X) бошад пас аз паҳн шудани дини ислом, Наврӯз аз байн нарафт. Баръакс дар ин давра ин ҷашни ниёгони мо дубора эҳё ва тақвият ёфт. Сомониён на танҳои ҳомии расму оин ва ҷашнҳои аҷдодӣ буд, балки аз фарҳанг ва забони порсӣ ба хуби дифо менамуд ва барои рушди онҳо хизматҳои арзанда намудааст.
Ҷашни наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар замони Сомониён баргузор мегардид. Шоирон дар васфи Наврз шеърҳо эҷод менамуданд ва анъанаҳои миллӣ зинда нигоҳ дошта мешуданд.
Дар асрҳои миёна низ Наврӯз мақоми худро нигоҳ дошт. Адибону мутафаккирон дар осори худ аз бузургии ин ҷашн ёд кардаанд. Он ҳамчун рамзи эҳёи маънавӣ ва навсозии ахлоқӣ тавсиф мешуд. Ҳарчанд асрҳои миёна давраи тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоӣ буданд, Наврӯз тавонист ҷойгоҳи худро дар ин марҳилаи ҳасос нигоҳ дорад. Он аз як ҷашни миёни мардумон роиҷ ва танҳо хоси табиат ба рамзи давлатдорӣ, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ табдил ёфт.
Дар замони муосир Наврӯз ба яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва ҳамчун унсури муҳими эҳёи худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ табдил ёфтааст. Хусусан дар Тоҷикистони азиз ва куҳанбунёдамон Наврӯз пас аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ мақоми давлатӣ касб намуда, ба рамзи ваҳдати миллӣ ва эҳёи фарҳангӣ мубаддал гардид.
Пойтахти кишвари маҳбубамон шаҳри Душанбе, ҳамасола мизбони чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ мегардад, ки дар онҳо арзишҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ ба пурраги муаррифӣ гашта, меҳмонон ва сёҳони хориҷӣ як ҷаҳон таассурот мегиранд.
Наврӯз дар замони муосир аз як ҷашни анъанавӣ ба рамзи ҷаҳонии сулҳ, эҳёи табиат ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил ёфтааст. Он пули пайвандкунандаи гузашта ва имрӯза буда, арзишҳои миллӣ ва умумибашариро мутаҳид месозад.
Аз нуқтаи назари сотсиологӣ, Наврӯз механизми таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ мебошад. Тоза кардани хона, оростани муҳит, бахшидани гуноҳҳо ва аёдати наздикон ба эҳёи муносибатҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Ҷамъомадҳои дустона, барпо кардани маҳфилҳои шеъру суруд ва дигар анъанҳои неки наврӯзи баҳри мустаҳкам кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Наврӯз ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар рӯзҳои иди Наврӯз, бозорҳои ҳунармандӣ, намоишгоҳҳо ва фестивалҳо баргузор мегарданд, ки ба рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунанд.
Аз ҷиҳати экологӣ, Наврӯз инсонро ба эҳтироми табиат даъват мекунад. Тозагии муҳит ва шинонидани ниҳолҳо яке аз суннатҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин давра мардум ба тозаю озода намудани манзил, ва кучаю маҳаллаҳо машғул мешаванд.
Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мегардад. Он ба пули фарҳангӣ миёни миллатҳо табдил ёфтааст. Ҷуғрофияи он фарох буда, халқҳои гуногунро муттаҳид месозад. Эътирофи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки Наврӯз намунаи равшани гуногунрангии фарҳангӣ мебошад, ки метавонад дар таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳм гузорад.
Мафҳуми аслии Наврӯз ин навсозӣ ва покӣ буда, дорои аҳамияти ахлоқӣ мебошад. Он инсонро ба таҷдиди андеша, ислоҳи рафтор ва оғози ҳаёти нав даъват мекунад. Ин паём дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо буҳронҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯст, хеле муҳим мебошад.
Хулоса ҷашни Наврӯз падидаи нодири фарҳангист, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо бо вуҷуди тағйироти таърихӣ арзишҳои худро ҳифз намудааст. Он на танҳо ҷашни баҳор, балки мактаби ахлоқ, василаи таҳкими ваҳдат ва омили рушди фарҳангист. Таҷлили Наврӯз масъулияти маънавии ҳар як ҷомеа мебошад, зеро ҳифзи ин мероси бебаҳо ба ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ ва таъмини пайванди наслҳо мусоидат мекунад. Бигзор Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва эҳёи маънавӣ дар фазои ҷаҳонӣ ҳамеша поянда бошад.
Муаллими калони кафедраи фанҳои
ҷамъияти, факултети №2, капитани милитсия
Ҳалимзода Далер
Сардори синфхонаҳои кафедраи фанҳои ҷамъияти, факултети №2 лейтенанти милитсия
Солиҳзода Фарух







































































































































































