Ҳадаф ва вазифаҳои ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон
29-уми ноябри соли 2017 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳадаф ва вазифаҳои ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Семинари мазкурро муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни семинарро хайра мақдам гуфт.
Дар кори семинар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф. ширкат намуда, дар бораи рафти иҷрои ислоҳоти милитсия маълумоти муфассал дод.
Сипас сардори факултети №3 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А. дар мавзӯи «Омода намудани кадрҳо барои политсия» маърӯза намуд.
Устоди Донишкадаи идоракунии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Хайруллоев Ф.С. дар мавзӯи «Обрӯи милитсия тибқи ислоҳот» сухан ронд.
Дар кори семинар курсантони Академияи ВКД низ фаъолона иштирок намуданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.