Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Симои Зан – Модар дар эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ (бахшида ба Рӯзи Модарон )

2575Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбати бисёр самимиаш бо аҳли зиёи вилояти Суғд ва сокинони шаҳри Панҷакент дар Маҷмааи фарҳангиву эҷодии шаҳр, ки ба тозагӣ ифтитоҳ шуд, хотираҳояшро аз шоири машҳури тоҷик Лоиқ Шералӣ нақл карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоксории Лоиқ Шералиро махсус қайд кард ва афзуд,ки "ӯ барин инсонҳо дар дунё хело каманд".
Аксари осори устод Лоиқ Шералӣ ба васфи модар бахшида шудааст.
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.
Оре, ҳақ бар ҷониби устод Лоиқ Шералист. Оҳ, модар! Чӣ калимаи муқаддасест, ки онро ҳамаи мо ба забон мегирем.
Дар бораи зан – модар бисёр мутафакирону шоирон, нависандагон, олимону таърихнигорони антиқаву имрӯза, рубоӣ, ғазал ва қиссаҳои беҳтарину гуворои худро навишта, васфи занро ба арши аъло расонидаанд. Имрӯз давлат ва ҳукумат нақши занро дар ҷомеа муайян намуда, ҳуқуқ ва озодиҳояшро кафолат дода, баробарҳуқуқии зан ва мардро ҳимоя менамояд. Чункӣ занон имрӯзҳо дар баробари мардон дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯза мавқеи муҳимеро ишғол менамоянд.
Аз ҷумлаи шоироне, ки бештари ашъори хешро дар қарни 20 маҳз дар ситоиши модар бахшидааст ва қадру қимат манзалати зан – модарро ба арши аъло расонидааст, барҳақ устод Лоиқ Шералӣ мебошад. Номбурда дар васфи зан – модар суханҳои аъло гуфтааст ва рубоиву ғазалҳо низ эҷод кардааст.
Чунончӣ:
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Дар ҳақиқат зан ҷаҳонро месозад, зебу зинат мебахшад. Чӣ шаҳру чӣ деҳаву чӣ кӯҳсор ҳама бо ту зебанда аст, эй зан. Ҳиммати биҳишт безан биҳишт набошад, чунки биҳишт зери қудуми зан – модарон аст.
Зан – модар ҳамчун замин аст. Хосияти замин ин аст, ки ҳар чӣ ба ӯ бисупорӣ бехиёнат ба ту боз супорад. Масалан, дар замин гандум корӣ ба ту ҷав намедиҳад.
Модар ба мисли замин яктост ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст.
Як шаба ранҷе, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳон натавон бар кашид.
Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте, ки чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо аз хотиротам буд. Ҳарчанд, ки хотиротам буд, лекин лаҳзае тавонистам худро дар оғуши гармат бигирам ва силаҳои дастонатро ба сар эҳсос намоям:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Зиҳӣ модар ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканоре, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд.
Бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон , идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар ҳаққи модар ва нақши ӯ дар замони имрӯза чӣ қадар сухан гӯем кам аст … онҳо хеле бузурганд:

Ҷаннат, ки ризои модарон аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Нақши зан – модар дар ашъори устод Лоиқ Шералӣ яке аз мавқеҳои асосиро мебозад. Чӣ тавре, ки дар боло қайд гардид, шоири абадзинда устод Лоиқ Шералӣ тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба офаридани нақши зан – модар пушти сар кардааст.
Дар кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иди занон чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, рӯзи 8 март рӯзи умуми истироҳатӣ муайян гардидааст.
Мо дар ин айёми шукуфоӣ дар симои бонувоне, ки дар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд, ҳамаи бонувони Тоҷикистонро ба муносибати идашон – Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон умри дарозу бобаракат ва хуштарин лаҳзаҳои зиндагиро орзумандем.

Баҳодурзода Ю.Б. - сардори шуъбачаи ташкилӣ - таҳлилии шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...