Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ

2574Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинем, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯз, нақши зан дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ бахусус дар давлатҳои мутараққиву мутамаддин хеле бузург аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба иштироки фаъолонаи занон дар раванди идоракунии корҳои давлативу ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Имрӯз пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки фаъолонаи занону бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Махсусан, иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа баръало ба чашм мерасад.
Зан, модар аз қадим ҳамчун олиҳаи меҳру муҳаббат ва зебоӣ шинохта шуда, дар ҳама давру замон дорои ҳурмату эҳтироми хоса мебошад. Дар воқеъ, зан-модар ҳам аз лиҳози дунявӣ ва ҳам аз лиҳозӣ динию мазҳабии халқҳои мухталифи олам мақоми волоеро соҳиб буда, тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар шахс нахуст тарбияашро аз домони модар мегирад. Нақши модари тоҷик дар тарбияи наслҳо ниҳоят бузург аст. Дар оилаи тоҷик модар меҳвари асосии тарбия ба шумор меравад. Ӯ на танҳо нигоҳубин ва ғамхории ҷисмонии фарзандро ба уҳда дорад, балки дар ташаккули ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва маърифати ӯ саҳми беназир мегузорад. Аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёт кӯдак сухани аввал, қадамҳои аввал ва дарки неку бадро аз модар меомӯзад. Модар бо лаҳни ширин, бо сурудҳои алла ва панду насиҳатҳои ҳакимона дар қалби фарзанд тухми муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба калонсолон ва дӯст доштани инсонҳоро мекорад.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсии мамлакат ва таъмини шароити созгори кору зиндагӣ як қатор қонун, ва фармону стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2021-2030).
Маҳз, натиҷаи ҳамин сиёсати босамари ҳукумати мамлакат мебошад, ки имрӯз занон дар рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши калидиро мебозанд. Таҷлилу ҷашн гирифтани иди занону модарон дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати хосае пайдо намуда, занону модарон дар мадди аввали давлату Ҳукумат қарор гирифта, хизмати онҳо дар тамоми паҳлуҳои ҷомеа назаррас мебошад ва дар пешрафти ҷомеа мавқеи хосаеро соҳибанд.
Идатон муборак, модарон ва бонувони азиз !
Муаллими кафедраи мурофиаи
ҷиноятии факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия
Давлатзода Саидмуҳаммад Мустафо

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...