Ҳуқуқ ва вазъи занон дар ҷаҳон: аз таърих то имрӯз
Вақте, ки аз ягон кишвари ҷаҳон ҷангу нооромӣ оғоз мегардад, нахустин тири ҷанг ба дили модарон мезанад. Зеро эҳсоси гарм ва поки модарон фаротар аз дигар эҳсосоти ҷаҳон аст. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддие дар ҳаёт ва фаъолияти зан-модари тоҷик ба вуҷуд омада, ҳоло бонувони кишвар дар замири сулҳу осоиш ва истиқлолу озодӣ бо баҳраманди аз саодати рӯзгор барои ободии ватан ва камолоти фарзандон саҳми бузурги худро мегузоранд. Ҳамзамон имрӯз бо дастгирии давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар ҳуқуқбунёд, бонувони азизи мо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маориф ва мудирияти ахлоқии ҷамъияти шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, бешак зан-модари тоҷик саодатмандтарин зани ҷаҳон аст. Ба хусус дар замоне, ки миллионҳо нафар аз занону модарони кишварҳои гуногуни олам даргири дарду ранҷ, муҳоҷирату паноҳҷӯӣ, хушунат ва бенавоӣ ҳастанд. Пойдор ва ҷовидон бод шодиву лабханди модарон дар ҳар ҷои ҷаҳон, зеро модарон сармояи бузург ва ситораи фурӯзони тирашаби рӯзгор, оромибахш, нерӯбахш ва ҳаётбахши ҳамаи мо мебошанд.
Дар дунёи ҷаҳонисозӣ ва таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ занон дар рӯ ба рӯи бузургтарин таҳдидҳои рӯҳиву равонӣ қарор доранд. Тибқи баррасиҳои СММ ҳоло нисфи аҳолии ҷаҳонро занон ташкил менамоянд, ки аз онҳо ба унвони қудрати бузург ва сармояи ҳаётбахш истифода мешавад. Аммо нобаробарӣ нисбат ба занон дар гӯшаву канори мухталифи ҷаҳон ба назар мерасад. Ҳангоме, ки ба таърихи таҳаввул ва ҳаракати озодихоҳии занон дар ҷаҳон нигоҳ мекунем, ба мо аён мегардад, ки ҳамеша дар марҳилаҳои гуногуни таърих занон дар рӯ ба рӯи мушкилот ва дар зери ҳадафҳои бесубот, ҷанг, хушунат ва бераҳмӣ буданд. Ҳамеша бо расидани синни балоғат таҳдидҳои тозае дар муқобили занон бархоста мешудааст. Масалан, бузургтарин таҷовузи ҷинсӣ нисбати занон дар таърихи башарият соли 1944, яъне дар Ҷанги дуюми ҷаҳон сурат гирифтааст, ки дар он зиёда аз 2 миллион зан ва духтар таҷовуз шудааст. Дар ибтидо мӯйҳои занон тарошида шуда, баъд аз он аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ, шӯравӣ, англисӣ ва фаронсавӣ мавриди таҷовузи маҷбурӣ қарор дода мешуданд, ки он ҳам нисбати занон ва духтарони аз 8 то 80 сола буд. Ба бархе аз маълумотҳо, ба ҳар зан пеш аз 70 маротиба таҷовуз шудааст, ки дар натиҷа 240 ҳазор зан фавтидааст. Дар шаҳри Берлин бошад 220 ҳазор таҷовуз сурат гирифтааст, ки дар баъзе мавридҳо таҷовузи гурӯҳии аз 10 то 12 нафар нисбати духтарони то 13 сола гузориш шудааст. Бисёре аз духтарони хурдсол ба муддати то 2 сол дар паноҳгоҳҳои зеризаминӣ бо ҳамроҳии модарҳояшон пинҳон шуда, аз ин сарнавишти талху тира пинҳон шудаанд. Аз таҷовузи даҳшатбор кӯдакони бешуморе таваллуд шудаанд, ки дидани ин гуна тасвир рӯҳияи инсонро ваҳшатзада мекунад.
Ва ҳамчунин, агар дар соли 1913, яъне қабл аз Ҷанги ҷаҳонии якум, 7%-и занон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйдиҳӣ доштанд, хушбахтона дар соли 2023, яъне баъд аз 110 сол, 99%-и занон дар саросари ҷаҳон ҳуқуқи иштирок дар интихоботро ба даст овардаанд. Ҳоло ҳам кишварҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо занон ҳуқуқи раъйдиҳӣ надоранд ва дар кишварҳояшон ба ҳайси шаҳрванди дуввум эътироф мегарданд. Чуноне, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) мушаххас намудааст, нисбат ба кишварҳои Аврупоӣ занон дар кишварҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинӣ қазияҳои иҷтимоиро аз сар мегузаронанд. Дар ин кишварҳо 16 миллион духтарон дар синни 17-18 ва аз ин ҳам поён оила барпо намудаанд, ки аз нигоҳи оморҳои байналмилалии тандурустӣ ҳолати ногувори беҳдошти саломатӣ ва идомаи умрро монеаҳо эҷод кардааст. Дар кишвари Нигерия бошад 95%-и занон аз 15 то 19 сола фарзанддор мебошанд.
Дигар манбаҳои хабарӣ ва таҳлилии СММ таъкид менамоянд, ки бахши зиёди занон барои кор мавриди сӯистифодаи ҷинсӣ қарор гирифта, қочоқ мешаванд. Зиёда аз 59% қурбониёни қочоқи ҷаҳонии инсонро занон ва 17%-ро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд. Омори расмӣ ва охири Созмони Ҳуқуқи Инсон баён менамояд, ки имрӯз тақрибан аз ҳар се зан як нафар тавассути шарики зиндагии худ мавриди хушунат ва латӯкуб қарор мегирад. Хушунатҳои хонаводагӣ дар саросари ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст ва модарон ҳамеша дар баъзе аз ҷомеаҳо мавриди латӯкуб қарор гирифта, бисёре аз онҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.
Занон дар бозори кор пешравиҳои хубе даст ёфта бошанд ҳам, даромади онҳо нисбат ба мардон поёнтар мебошад. Дар муқоиса бо асри XX-ум, дар давоми 15 соли охир таҳаввулоти нав ба наве ба дунёи занон ба назар мерасад. Омори расмӣ нишон медиҳанд, ки бахши зиёди занон дар кишварҳои зери сояи ҷанг, аз қабили Нигерия, Либия, Ироқу Сурия, Судон, Сомалӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Мянмар ва ғайра дар зери озору азияти хонаводагӣ, ҷанг ва ҷудоӣ қарор доранд.
Донишмандон Қораи Африқоро қораи ғаму ғӯссаҳо меноманд. Ин сарзамин ҳамеша дар рӯ ба рӯи мушкилоти зистмуҳитиву иҷтимоӣ қарор дорад. Аммо имрузҳо омӯзишҳо ва оморҳои расмие, ки созмонҳои умумибашарӣ баррасӣ намудаанд, шоҳиди ахбори ғамангез ҳастанд. Зеро дар ин кишварҳо пеш аз ҳама духтарону занон ба қазияҳои сангин мувоҷеҳ мебошанд. Чуноне, ки Созмони ЮНИСЕФ баррасӣ намудааст, бештари зӯровариҳои ҷинсиву таҷовуз алайҳи занон ва духтарони ноболиғ дар кишварҳои Африқо сурат мегиранд. Масалан, тибқи таҳлилҳои коршиносони созмони ҳуқуқи инсонӣ СММ дар задухурдҳои дохилӣ, ки дар кишварҳои Либия, Эфиопия, Сомалӣ, Мавритания, Танзания, Нигерия, Тунис, Алҷазоир, Ҷумҳурии Арабии Миср, Судони Ҷанубиву Шимолӣ баъд аз соли 2010 то соли 2018 иттифоқ афтодааст, садҳо ҳазор занону духтарон ва модарони синну соли гуногун дар шароити сангини ноамниву бесуботӣ, муҳоҷирӣ ва паноҳҷӯӣ, дар ба дар гардида, гуруснагиву танҳоӣ онҳоро аз ҳуқуқу озодиҳои фардиву ҷамъиятӣ маҳрум карда, бахше аз онҳо ба ҳалокат расида ва бахши зиёдашон худро ба тариқи баҳри Миёназамин ба унвони муҳоҷир ва паноҳҷӯи ғайриқонунӣ ба ҷазираҳои Юнон ва хоки Аврупо расонидаанд. Ҳоло 60-70 дарсад духтарон дар кишварҳои Африқо таҳсили ибтидоиро ба поён нарасонида аз мактабу мадорис раҳо мешаванд. Зеро фақру бенавоӣ ҷомеаҳои африқоиро азият дода истодааст. Аз сӯи дигар хушунат ва задухурдҳои қавмиву қабилавӣ сабаби муҳоҷирати ҳазорон занону духтарон шудааст. Кам рӯзҳое ҳастанд, ки ин занон мавриди азият ва хушунат қарор нагиранд. Ва ҳатто дар ду моҳи аввали соли 2018 низ беш аз 100 нафар духтарони ноболиғ аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву даҳшатафкан дар шимоли Нигерия рабуда шудаанд.
Дар кишварҳои пешрафтаи саноативу иқтисодӣ, аз қабили ШМА, Федератсияи Россия, Британия Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Фаронса, Испания ва ғайра бештар занон дар рӯ ба рӯи хушунатҳои физикӣ ва озори ҷинсӣ умр ба сар мебаранд. Баробари кишварҳои ҷангзада, дар кишварҳои пешрафта низ бахши зиёде аз занон дар ранҷу азобанд. Ин маълумотҳое, ки ҳоло шумо мехонед, нишон медиҳанд, ки зан-модари асри 21-ум дар ин замони пешрафту таҳаввулот ва ҷаҳонӣ шудан боз бо чунин сарнавишти талху тира гирифтор шуда, аз ҷониби шарики зиндагияш мавриди зӯровариву хушунат қарор мегирад. Вазъияти бисёре аз модарон дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон қобили бовар кардан нест. Ҳамарӯза занон дар ин ё он кишвари дунё мавриди тавҳин, таҳдид, хушунат, қочоқ, таҷовуз, зӯроварӣ, хиёнат, бенавоӣ, фирор аз ҷанг, муҳоҷират ва паноҳҷӯӣ қарор доранд. Таҳдидҳои ногувори асри 21 озодиву ҳаққи зиндагиро дар бисёре аз занон гирифтааст ва наметавонанд барои ҳалли мушкилоташон ба ягон қонун ва додгоҳ паноҳ бубаранд. Муҳаққиқони соҳаи Ҳуқуқи Инсон бар он назаранд, ки хушунатҳои физикӣ, равонӣ ва зӯроварӣ бисёре аз оилаҳоро гиребонгир кардааст. Омори СММ нишон медиҳанд, ки ҳамарӯза даҳҳо нафар занон бо латӯкуб аз ҷониби шарики зиндагӣ ва ё шавҳари собиқашон ба ҳалокат расонида мешаванд. Бо дарназардошти чунин масоили доғи ҷаҳон, имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо иштироки донишмандон ва фаъолони ҷомеа вохӯрии омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст, то хушунатҳои хиёбониву оилавӣ дар ин кишварҳо коҳиш ёбад. Ин масоил низ дар донишгоҳҳои пизишкиву парастории бисёре аз давлатҳои Аврупоӣ ба роҳ монда шудааст, то занон аз ҳуқуқу озодиҳои воқеии худ дар канор намонанд.
Ҳамон тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, занон ва модарон дар саросари ҷаҳон ҳамеша дар рӯ ба рӯи мушкилоти сангин қарор доранд. Аз қабили: ҷанг, хушунат, қочоқ, маҳрумият аз таълим ва ҳуқуқҳои асосӣ. Бо вуҷуди ин, дар замони муосир ва бо дастгирии давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, вазъи занон дар бисёр кишварҳо беҳбудӣ ёфта, онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ саҳми фаъол доранд.
Омор ва таҳлилҳои СММ нишон медиҳанд, ки ҳалли мушкилоти занон ва муҳофизати ҳуқуқи онҳо пеш аз ҳама тавассути иттилоърасонӣ, огоҳсозӣ ва таъмин намудани баробарии ҳуқуқӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқ ва беҳбуди вазъи занон дар ҷомеа на танҳо вазифаи инсонӣ, балки омилест, ки рушди устувор ва адолати иҷтимоиро таъмин мекунад.Таҳлилгарон бар он назаранд, ки пураҳамияттарин ва созандатарин роҳи ҳалли чунин қазияҳои иҷтимоӣ ва муқобила алайҳи он, пеш аз ҳама иттилоърасонӣ ва огоҳ намудани мардону занон, ба хусус насли ҷавон, нисбат ба озору азияти хонаводагӣ мебошад. Мутассифона бисёре аз қурбониёни хушунат ҳатто аз қурбонӣ будани худашон огоҳ нестанд. Имрӯзҳо шароит нишон медиҳад, ки ягона орзуҳои занони ҷаҳони имрӯз адолату озодӣ нисбат ба онҳо мебошад.
Муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия
Саидзода Т.Ш.







































































































































































