Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсҳои такмили ихтисос барои кормандони БДА

183

Баҳри баланд бардоштани такмили ихтисос ва фарҳанги муоширати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ курсҳои такмили ихтисоси кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Қобили зикр аст, ки сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода ба масъалаи ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мунтазам бо шунавандагони ин курсҳо мулоқоту чорабиниҳои фарҳангӣ мегузаронад.
Бояд гуфт, ки бо ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД имкониятҳо барои гузаронидани чунин курсҳои такмили ихтисос васеъ гардид, ки ин гуна дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ аз тарзи баланди тарбия намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ҳалимзода Д.Д., сардори кафедраи такмили ихтисоси Академияи ВКД, н.и.сиёсӣ., подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...