Фарҳанги оиладории занону бонувони тоҷик
( бахшида ба 8-уми март - Иди модарон)
« Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд».
Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Оила дар паноҳи давлат қарор дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон,бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати Зан-модар, кӯдак ғамхории пайваста зоҳир намуда,онҳоро аз лиҳози ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ доимо ҳифз менамояд.Тоҷикистон чун узви мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари санадҳои байналмилалии ҳуқуқи зан ва кӯдакро ратификатсия намуда, пайваста қонунгузории миллии хешро мукаммал мегардонад.
Қабули як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқи аз қабили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.11.1994; Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11.1998; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.09.1998; Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.05.1997; Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2008; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон» аз 22.12.2006; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29.04.2006 аз ин далолат менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқ зан-модар ва кӯдак Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 21.01.2015 барои беҳдошти фарҳанги сунатии миллӣ, баланд бардоштани мақоми Зан-модар дар ҷомеа, рушди таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тавсияҳои хеле арзанда пешниҳод намуда, соли 2015 дар ҷумҳурӣ ҳамчун «Соли оила» эълон гардида буд.Дар Паёми хеш Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми декабри соли 2025 бори дигар ба масъалаи занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда,иброз намуданд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем. Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».
Яке аз рукнҳои муҳими давлатдарӣ ин фарҳанги оиладории занону бонувони тоҷик мебошад. Оиди ин рукни муҳим сарвари давлат дар вохурияшон бо аҳли занону бонувони кишвар дар арафаи Иди модарон хеле суханҳои пурмуҳтаво гуфтанд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки мо кишвари шарқ буда, ба худ одобу сунати миллӣ дорем, дар мо тоҷикон зан-модар ҳамчун арзиши муқаддас эҳтиром карда шуда, аз ҷониби давлат доимо қадрдонӣ карда мешавад. Занон дар баробари худ шавҳарони худро ҳамчун сарвари оила бояд эҳтиром ва қадрдонӣ намоянд.
Зани тоҷик дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ чун ориёӣ сари баланд дошта, бо либосҳои хоси миллии худ фахр намуда, чандин доҳиёну ноболиғони илму фарҳангу сиёсатро ба камол расонида, ин масъулияти бузургро то ҳоло бар души худ гирифтааст. Ҳар як оила гурӯҳи хурди иҷтимоӣ –психологӣ мебошад, ки муносибати боваринокро дар байни зану шавҳар, фарзандон ва калонсолони оила ба вуҷуд оварда, омили муҳими пешрафти ҷомеаи солим гардад. Фаъолияти оила дар ҷомеа пеш аз ҳама ба амну суботи ҷамъиятӣ вобастагии зич дорад. Давлат кафили пойдории оила баромад менамояд. Мутаасифона аз сабаби надоштани фарҳанги оиладорӣ дар ҷаҳон ва қаламрави ҷумҳурӣ ақди никоҳҳои оилаҳои ҷавон дар мӯҳлати кӯтоҳ бекор карда мешаванд, ки бо вазъи рӯҳии аъзоёни он, хешовандони наздик ва умуман ҷомеа таъсиру оқибатҳои манфиро ба бор меоранд. Дар ҷомеа аз ҳисоби бекор кардани ақди никоҳ ИМА дар ҷои аввал меистанд. Дар аксари кишварҳои Ғарб фарҳанги гендерӣ ончунон пешрафтааст, ки мақоми мардонро чун сарвари оила суст намуда, ҳатто бе кор кардааст.
Дар давлатҳои Ғарб аллакай чандин сол аст, ки никоҳи ҷудогона амал карда зану мард дар хонаҳои алоҳида зиндагӣ карда, аз тарбияи фарзандон дур монданд. Қисмате аз занон дар кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон аз таваллуди кӯдак даст кашида мехоҳанд, ки бо роҳи сунъӣ соҳиби фарзанд гарданд. Бордоршавии сунъӣ албатта оқибатҳои ахлоқӣ ва равонии худро соҳиб аст. Никоҳи хешутаборӣ низ ҳамчун падидаи манфии ҷомеа оқибатҳои ногуворро ба бор меорад, ки дар мақолаҳои гузашта ба ин масъала рӯшанӣ андохта шуда буд.
Фарҳанги ҷомеа албатта аз фарҳанги оиладорӣ оғоз мегардад. Фарҳанги оиладорӣ пеш аз ҳама ба фарҳанги худи ҷомеа, аъзоёни он вобастагии зич дорад. Фарҳанги оиладорӣ чи тавре, ки сарвари давлат дар Иди модарон қайд намуд, ин ба маърифати аъзоёни он вобастагии зич дорад. Маърифати оиладорӣ пеш аз ҳама ба дараҷаи саводнокӣ вобастагии зич дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз сабаби надоштани донишҳои казоии таҳсилотӣ, дур будан аз таълиму тарбия никоҳи аъзоёни оилаҳои ҷавон бекор карда мешаванд ва баъд аз пушаймонӣ онҳо баъдан ба таҳсилот рӯ оварда, соҳиби касбу ҳунари зарурӣ мегарданд. Ҷунин муносибат мутаасифона ба миллати мо низ хос аст, ки аз сабаби зоҳирпарастӣ, бегонапарастӣ ба дигар тамадунҳои ба мо хос набуда, ҷавонон хеле бармаҳал, ки аз нигоҳи ахлоқӣ ва равонӣ барои бунёди оила тайёр нестанд, оиладор мешаванд. Ин пеш аз ҳама костагии фарҳанги оиладорӣ мебошад. Дар фарҳанги оиладорӣ сину сол, дараҷаи маълумот, касбу ҳунар, ҷаҳонбинӣ, мавқеи ба худ хос доранд. Оилаҳои тоҷикон асосан бисёр фарзанд мебошанд, ки ҳар як аъзои оила барои худ психологияи ба худ хосро доро мебошад, ва маҳз таълиму тарбия дар фарҳанги оиладорӣ нақши муасир мебозад.
Ба ҳар як оилаи тоҷик боз хешу табори наздики падару модари домоду арӯс ва аъзоёни оилаи онҳо зам мешаванд, ки ба худ хусусиятҳои инфиродӣ доранд. Дар мақмӯъ чунин фарҳанги оиладорӣ хеле мураккаб буда, аз сарвари оила ва аъзоёни он барои пешрафти оила масъулияти зиёдро тақозо менамояд. Маҳз ҳамин хусусияти психологияи миллиро ба назр гирифта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гашта, то ҳоло амал менамояд.
Фарҳанги оиладорӣ дар навбати худ аз макони зист, унсурҳои этикӣ низ вобастагии зич дорад. Масалан аз ҳама оилаҳои хурд дар Аврупо, Россия, Украина, Назди Балтика, Белоруссия буда, оилаҳои серфарзанд дар кишварҳои Шарқ ва Осиёи Марказӣ қарор доранд. Ядрои ҳар як оиларо падару модар ва фарзандон ташкил медиҳанд, ки ин хоси кишварҳои Аврупо мебошад, аммо дар Шарқ ҳамроҳи зану шавҳар боз хусур ва хушдоман аъзоёни оилаи онҳо низ зиндагӣ менамоянд. Зиндагии томи оилавӣ бештар дар Ҳиндустон, Афғонистон Покистон ва Осиёи Марказӣ бештар ривоҷ ёфтааст, фарҳанги хоси муносибатҳои оилавиро доро аст.
Махсусан дар Афғонистон салоҳияти хушдоман хеле калон буда, келин аз гуфтаҳои ӯ берун намебарояд.Ҳуқуқхои занон дар Афғонистон пайваста поймол мегарданд.
Тамаддуни Шарқ мавқеи мардро боло бурда, ҳамзамон ҳуқуқҳои занро дифоъ менамояд. Дар кишварҳои мусулмони бошад, бисёрникоҳӣ иҷозат дода мешавад. Аксари давлатҳои дунё бисёрзаниро ҳамчун унсури таркибии фарҳанги оилаи муосир рад менамоянд ва барои рушду такомули он шароит фароҳам меоранд.
Фарҳанги оилавӣ вазифаҳои иҷтимоии зеринро доро мебошад:
- муҳаббат ва дилгармии маънавию ҷисмонӣ;
- таваллуд ва тарбияи фарзанд;
- нигоҳубини волидайн;
- нигоҳдори муносибатҳои иҷтимоӣ бо ҳамсоягон, аҳли ҷамоатчигӣ;
- иҷрои талаботҳои моддӣ ва маънавии аъзоёни он;
- таъсир ба раванди инкишофи ҷомеа аз иқтисодиёт то маънавиёт;
- фарҳанги оиладорӣ, бисёрзанӣ ва «муҳаббати озод»-ро рад менамояд;
- такмили равандҳои инкишофи дохили оила-ҳамчун ячейкаи ибтидоии ҷамъият.
Зану шавҳар дар кадом сину соле, ки набошанд, бояд фарҳанги оиладориро риоя намоянд, фарҳанги оиладорӣ аз насл ба насл бояд ҳамчун мерос гузарад. Дар фарҳанги оиладорӣ тартиби рузғордорӣ, сарфаю саршита, қобилияти пасандоз доштан, қаноатмандию таҳаммулпазирӣ рукнҳои асосӣ мебошанд. Дар ҳамин асос уҳдадориҳои оилавӣ дар назди ҳар як аъзои оила гузошта мешаванд ба онҳо параду модар, бобою бибӣ, фарзандон вазифадоранд, ки ин ӯҳдадориҳоро ва худи онҳо иҷро намоянд.
Барои фарҳанги оиладорӣ манзили истиқоматӣ, амволи рузғор, адабиёт, таҷҳизоти техникию маишӣ зарур мебошанд, вале агар муҳаббат ва якдигарфаҳмии оилавӣ набошад он гоҳ ин ҳама ашёҳо функсияи худро иҷро карда наметавонанд.
Хамаи бонувону занони тоҷикро ба муносибаи Иди модарон 8-уми март аз номи шуъбаи тиббии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо саломатӣ ва хушбахтии оилавӣ орзумандам!
Соҳибиён Диловаршо Мирзо – духтури калони табобатии шуъбаи тиббии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани хизмати дохилӣ







































































































































































