ШАРАФ ВА НОМУС ДАР ФАРҲАНГИ ҲАРБӢ
Мафҳумҳои «шараф» ва «номус» дар фарҳанги ҳарбӣ аз зумраи қисми бунёдӣ ва низомофари ахлоқшиносӣ, ҳастишиносӣ ва инсоншиносӣ маҳсуб меёбанд. Истилоҳоти сохторҳои маънавии ташаккулдиҳандаи худогоҳии ҳарбӣ мебошанд, ки тариқи он шуури сарбоз, низоми худшиносӣ ва меъёрҳои рафтори ӯ маънидод ва танзим мегарданд. Артиши миллӣ, агарчи ба зоҳир ниҳоди низомист, дар асл фазои ҳастии масъулияти ҷамъӣ ва мактаби виҷдони миллӣ аст; устувории он аз таҳкими пояҳои маънавӣ сарчашма мегирад. Қудрати силоҳ ва нерӯи фаннӣ танҳо дар ҳамбастагӣ бо виҷдони бедор, худогоҳии таърихӣ ва масъулияти ахлоқии сарбоз ба нерӯи ҳифзкунандаи ҳастии давлат табдил меёбанд.
Дар ин замина, андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мақоми меҳварӣ доранд. Чунонки Пешвои миллат дар суханронии худашон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 феврали соли 2019, шаҳри Душанбе) таъкид намудаанд: «Хизмат ба Ватан барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус қарзи муқаддас ва нишонаи ватандӯстӣ мебошад». Ин андеша хизмати ҳарбиро ба сатҳи рисолати маънавӣ мебардорад. Ҳамчунин Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) таъкид намудаанд, ки «Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат, такягоҳи истиқлолият ва кафили оромию суботи ҷомеа мебошад». Ин афкор нишон медиҳад, ки нерӯи ҳарбӣ пеш аз ҳама нерӯи маънавии ҳифзи давлатдорӣ аст.
Дар ин замина, фарҳанги ҳарбӣ чунин маънидод мегардад: ҳифзи Ватан пеш аз ҳама ҳифзи виҷдон аст; содиқ мондан ба савганди ҳарбӣ, содиқ мондан ба ҳақиқати таърихист; ва эҳтироми либоси ҳарбӣ, эҳтироми шарафи миллат мебошад. Сарбозе, ки шарафро меъёри ҳастии худ қарор медиҳад, ҳаргиз ба хиёнат роҳ намедиҳад; ва он ки номусро сипари ботинии худ месозад, дар лаҳзаҳои буҳронӣ низ пояндагии маънавиро нигоҳ медорад. Ҳамин арзишҳо пояҳои ахлоқии устувории артиш ва кафолати амнияти давлатдории миллӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, таҳқиқи фалсафии шараф ва номус масъалаи ҳастии миллӣ ва масъулияти таърихист. Мақсади ин мақола, дар баробари баррасии моҳияти ин ду мафҳум ва ошкор намудани пайванди онҳо бо виҷдон ва худшиносии миллӣ, ҳамчунин ба ҷомеа ва насли ҷавони ҳарбӣ дар рӯҳияи таълимоти ватанпарваронаи Пешвои миллат мебошад.
Мақола ба Рӯзи Артиши Миллӣ, ки ҳамасола 23 юми феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни садоқат, шуҷоат ва ҳимояи Ватан таҷлил мегардад, бахшида шуда, ҳадафи он таҳкими шуури маънавӣ, боло бурдани эҳсоси масъулияти таърихӣ ва таҳкими фарҳанги шарафу номус дар миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони кишвар мебошад.
Шараф шакли хударзишмандии инсон ва таҷассумгари эҳсоси масъулияти ботинӣ дар назди ҳақиқат, ҷомеа ва таърих мебошад. Шараф танҳо ҳолати ботинии ҳамоҳангии виҷдон бо амал, вафодорӣ ба қимматҳои олӣ ва садоқат ба рисолати инсонӣ аст. Дар муҳити ҳарбӣ ин мафҳум ба пояи ҳастишиносии хизмат табдил ёфта, меъёри арзёбии ният, ҷаҳонбинӣ ва интихоби ахлоқии сарбоз мегардад.
Тафсири хизмат, шараф маънои онро дорад, ки сарбоз вазифаро дарк менамояд; фармонро ба виҷдон меорад. Аз ин рӯ, хизмат ба маъно ва ва рисолат мегузарад. Шарафро метавон дар се марҳилаи ҳампайванд ва такмилёбандаи худогоҳӣ дарк намуд:
Марҳилаи шахсӣ эҳсоси худқадршиносӣ, поквиҷдонӣ ва худназорати ахлоқӣ, ки инсонро аз хиёнат ба худ нигоҳ медорад;
Марҳилаи ҷамъиятӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ, вафодорӣ ба воҳиди низомӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ҳамчун рамзҳои ҳастии миллӣ;
Марҳилаи миллӣ, масъулият дар назди давлат, таърих ва наслҳои оянда, ки хизматро ба сатҳи рисолати миллӣ мебардорад.
Шараф зуҳури ҳастии маънавии инсон аст. Яъне, амалҳои сарбозро ба иҷрои рисолат мебардорад. Сарбозе, ки бо ҳисси шараф зиндагӣ мекунад, ҳар амали худро дар партави манфиати умумимиллӣ, адолати таърихӣ ва виҷдони миллӣ месанҷад.
Дар ин замина, андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ афкори фалсафӣ пайдо мекунанд. Чунончи, таъкиди дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017), ки «Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус аст», шарафро ба самти ахлоқии умумишаҳрвандӣ мебардорад. Ин сухан нишон медиҳад, ки шараф меъёри ҳастии шаҳрвандии инсон мебошад.
Сарбозе, ки шарафро қонуни ботинии худ қарор медиҳад, ҳатто дар шароити буҳронӣ арзишҳоро фидо намекунад; ӯ медонад, ки ҳифзи Ватан пеш аз ҳама ҳифзи шарафи инсоният аст. Аз ин рӯ, шараф сипари маънавии ҳастии сарбоз ва кафолати суботи давлатдорӣ мебошад.
Номус дар фарҳанги фалсафии Шарқ падидаи пурмаъно буда, бо поквиҷдонӣ, садоқат, ҷавонмардӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар фарҳанги тоҷикон номус меъёри ҳастии инсон ва нишондиҳандаи дараҷаи камолоти руҳии ӯ арзёбӣ мегардад. Дар фарҳанги ҳарбӣ бошад, номус ба ҳифзи шарафи Ватан, муқаддасоти давлатӣ, парчами миллӣ ва эътимоди мардум баробар дониста шуда, ба самти ахлоқии хизмат бардошта мешавад.
Номус қонуни ботинии рафтор аст. Агар интизом шакли зоҳирии танзим бошад, номус шакли ботинии худтанзимкунӣ мебошад. Ин ҷо сухан аз худназорати виҷдонӣ меравад. Номус сарбозро дар лаҳзаҳои буҳронӣ аз тардид, худхоҳӣ, тарсу ҳарос ва хиёнат нигоҳ дошта, ӯро ба роҳи садоқат, шуҷоат ва ҷавонмардӣ ҳидоят менамояд. Сарбозе, ки бо меъёри номус зиндагӣ мекунад, ҳатто дар ҳолатҳои маргбор арзишҳоро фидо намесозад, зеро барои ӯ ҳифзи шарафи Ватан болотар аз ҳифзи ҳастии ҷисмонӣ қарор дорад.
Дар ин замина, таълимоти давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аҳаммияти методологӣ касб мекунад. Чунончи, таъкиди ӯ дар мулоқот бо хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (23 феврали соли 2021), ки «Ҷавонони бонангу номуси Ватан бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва марзу буми кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд», номусро ба сатҳи масъулияти таърихӣ ва виҷдонии хизмат мебардорад. Ин андеша нишон медиҳад, ки номус танҳо кафолати амнияти миллӣ ва пояи пойдории давлатдорӣ мебошад.
Номус ҳамчунин падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст. Ҷомеа бо эътироф ё маҳкум намудани рафтор меъёрҳои номусро устувор месозад. Муҳити ҳарбӣ, ки бар пояи эътимод, садоқат ва бародарӣ устувор аст, маҳз тавассути фарҳанги номус пойдор мемонад. Аз ин рӯ, номус пояи ахлоқии муҳити ҳарбӣ ва заминаи ташаккули ҳамбастагии рӯҳии қувваҳои мусаллаҳ ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, номус сипари ботинии сарбоз, меъёри худназорати виҷдон ва кафили вафодорӣ ба савганди ҳарбӣ мебошад. Ҳар қадаре ки фарҳанги номус дар шуури хизматчиёни ҳарбӣ таҳким ёбад, ҳамон андоза устувории маънавии артиш ва амнияти давлат қавитар мегардад.
Илова бар ин, Шараф ва номус бе виҷдон маънии комил намеёбанд. Виҷдон нерӯи ботиниест, ки инсонро ба худбаҳодиҳӣ, худтанзимкунӣ ва худпосухгӯии ахлоқӣ водор месозад. Агар шараф арзиши ҳастии шахсият бошад ва номус посдори муқаддасоти он, пас виҷдон нерӯи зинда, қонуни ботинии маънавиёт ва меъёри ниҳоии адолати ботинӣ мебошад, ки ин арзишҳоро ба амал ва зиндагӣ табдил медиҳад.
Виҷдон фазои гуфтугӯи инсон бо худ, бо таърих ва бо Ватан аст. Маҳз дар ин гуфтугӯи ботинӣ сарбоз маънои савганди ҳарбӣ, рисолати ҳифзи давлат ва масъулияти таърихии худро дарк менамояд. Аз ин ҷост, ки виҷдонро метавон меҳвари ҳамгироии шараф ва номус, қутбнамои қарорҳои ахлоқӣ ва манбаи устувории рӯҳии сарбоз арзёбӣ кард.
Дар шароити ҳарбӣ виҷдон роҳнамои маънавии сарбоз аст. Ҳангоми интихоби қарорҳои душвор миёни ҳаёт ва марг, миёни амр ва адолат, миёни манфиати шахсӣ ва манфиати миллӣ, маҳз виҷдон меъёри аслии ҳақ ва ноҳақ мегардад. Сарбозе, ки виҷдони бедор дорад, ҳатто дар шароити буҳронии ҷанг арзишҳои инсонӣ, қонуният ва адолати таърихиро поймол намекунад.
Дар ин замина, таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти методологӣ пайдо мекунанд, ки ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ (23 феврали соли 2020) иброз доштаанд: «Сарбози тоҷик бояд пеш аз ҳама дорои виҷдони пок, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти бузурги шаҳрвандӣ бошад». Ин андеша виҷдонро ба сифати пояи ахлоқии қудрати ҳарбӣ ва шарти асосии ҳифзи истиқлолият муаррифӣ менамояд.
Шараф бе виҷдон ба ифтихори зоҳирӣ табдил меёбад, номус бе виҷдон ба эҳсоси муваққатӣ, вале виҷдон ҳар ду арзишро ба қонуни зиндагӣ мубаддал месозад. Аз ин рӯ, тарбияи ҳарбӣ бояд танҳо ба омӯзиши фаннӣ, тактикӣ ва ҷисмонӣ маҳдуд нагардад, рушди шуури ахлоқӣ, худшиносии фалсафӣ, масъулияти таърихӣ ва фарҳанги виҷдонии хизматро фаро гирад. Танҳо дар ин сурат сарбоз ба ҳомии шарафу виҷдони миллӣ табдил меёбад.
Дар замони муосир таҳдидҳо моҳияти мураккаби равонӣ, иттилоотӣ, идеологӣ ва геомадании худро касб намудаанд. Ҷанг барои ҳудуд тадриҷан ба мубориза барои зеҳн, шуур ва ҳувияти маънавии инсон табдил ёфтааст. Дар чунин фазои пуртазод устувории маънавӣ нерӯи ҳарбӣ марзро ҳифз ва ҳастии давлатро муҳофизат мекунад.
Таҳдидҳои иттилоотӣ пеш аз ҳама ба пояҳои худшиносӣ, эътиқод ва виҷдони хизматчиёни ҳарбӣ равона мегарданд. Таблиғоти ғаразнок, таҳрифи арзишҳо, заифсозии эҳсоси ватандӯстӣ ва костагардонии ифтихори миллӣ воситаҳои «ҷанги нарм» ба шумор мераванд. Маҳз дар ҳамин шароит шараф ва номус ба сипари маънавии муқовимат табдил ёфта, сарбозро аз фурӯпошии руҳӣ ва норасоии ахлоқӣ ҳифз менамоянд.
Шараф ҳамчун худогоҳии таърихӣ сарбозро водор месозад, ки худро идомадиҳандаи рисолати давлатдорӣ эҳсос намояд. Номус бошад, ҳамчун қонуни ботинии масъулият, ӯро аз таслим шудан ба фишорҳои равонӣ, тарсу ҳарос ва бегонашавии маънавӣ нигоҳ медорад. Ҳамин ҳамбастагии шарафу номус заминаи устувории руҳии қувваҳои мусаллаҳ ва кафолати муқовимати идеологӣ мегардад.
Дар таълимоти давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи амнияти маънавӣ мақоми меҳварӣ дорад. Ӯ таъкид менамоянд, ки ҳифзи истиқлол танҳо бо шуури миллӣ, ҳисси ватандорӣ ва худогоҳии таърихии ҷавонон таъмин мегардад. Ин андеша нишон медиҳад, ки амнияти ҳарбӣ бидуни амнияти маънавӣ пойдор буда наметавонад.
Аз ин рӯ, сиёсати ҳарбӣ бояд бо сиёсати тарбияи маънавӣ ҳамоҳанг бошад. Таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи виҷдон, парвариши эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ ва густариши фарҳанги шарафу номус бояд ҳамчун ҷузъи стратегии амнияти миллӣ пазируфта шаванд. Танҳо дар ин сурат сарбоз ҳомии арзишҳо, ҳомии хотираи таърихӣ ва ҳомии рӯҳи миллӣ мегардад.
Ҷангҳои иттилоотии асри ХХI нишон дода истодааст, ки пирӯзӣ пеш аз ҳама пирӯзии шуур аст; ва артиш танҳо замоне мағлубнопазир мемонад, ки агар пояҳои маънавии он шараф, номус ва виҷдон устувор ва шикастнопазир бошанд.
Дигар афкори мо дар масъалаи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо интихоби ҳастишиносӣ ва маънавии инсон аст. Ин интихоб шакли худтаъйинкунӣ дар фазои таърих, виҷдон ва масъулияти миллӣ мебошад. Сарбоз бо қабули савганди ҳарбӣ ҳастии худро ба ҳифзи ҳастии давлат ва арзишҳои миллӣ мепайвандад. Дар ҳамин марҳила шараф ва номус ба маънои зиндагӣ ва ба меҳвари худшиносии ӯ табдил меёбанд.
Сарбоз аз мавҷуди биологӣ ба субъекти маънодор ва шахсияти таърихсоз табдил меёбад. Ӯ худро танҳо идомадиҳандаи рисолати давлатдорӣ ва муҳофизи хотираи таърихии миллат эҳсос мекунад. Ин эҳсос шакли шуури масъулият аст, ки дар пояи виҷдон ва худогоҳии миллӣ ташаккул меёбад.
Дар ин замина, афкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди давлат ва рамзи садоқати фарзандони бонангу номус ба Ватан мебошад», хизматро ба сатҳи рамзи ҳастии миллӣ мебардорад. Ҳамчунин таъбири ӯ, ки «Ҳимояи марзу буми кишвар шарафи бузург ва масъулияти муқаддаси ҳар як ҷавон аст», хизматро ба ахлоқии насли ҷавон табдил медиҳад.
Хизмат ба Ватан роҳи камолоти маънавии инсон аст; сарбозе, ки хизматро ҳамчун интихоби виҷдонӣ мепазирад, ҳаргиз онро ба манфиати шахсӣ табдил намедиҳад; ӯ медонад, ки дар паси ҳар фармон масъулияти таърих ва дар паси ҳар амал шарафи миллат қарор дорад.
Ҳамин тавр, хизмат ҳамчун интихоби маънавии ҳастӣ сарбозро ба сатҳи шахсияти худогоҳ, масъул ва таърихсоз мебардорад. Дар ҳамин ҷо шараф, номус ва виҷдон ба ягонагии арзишӣ табдил ёфта, пояҳои устувории маънавии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кафолати пойдории давлатдории миллӣ мегарданд.
Натиҷагирии бадастомада имкон медиҳанд, ки фарҳанги ҳарбӣ ҳамчун низоми мураккаби арзиш дар чаҳорчӯби равишҳои ҳастӣ, герменевтикӣ, аксиологӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ баррасӣ гардад. Равиши онтологӣ шараф ва номусро ҳамчун пояҳои ҳастии маънавии сарбоз маънидод мекунад; равиши герменевтикӣ онҳоро ҳамчун матни зиндаи маънавиёт, ки дар таҷрибаи хизмат тафсир мегардад, шарҳ медиҳад; равиши аксиологӣ мақоми онҳоро дар низоми арзишҳои миллӣ муайян месозад; ва равиши фалсафаи иҷтимоӣ нақши онҳоро дар таҳкими амнияти давлатдорӣ ва пойдории низоми сиёсӣ асоснок менамояд.
Ҳамин тавр, шараф ва номус на танҳо арзишҳои ахлоқӣ, балки пояҳои ҳастии маънавии сарбоз, заминаи устувории руҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кафолати суботи давлатдории миллӣ мебошанд.
Ҳифзи марзу буми Ватан дар тафаккури фалсафаи давлатдорӣ ҳастишиносии мавҷудияти миллӣ ба шумор меравад. Сарҳад ҳудуди маънавии ҳастии давлат, фазои таҷассумёфтаи истиқлолият ва рамзи худшиносии таърихии миллат мебошад. Посбонии сарҳад, ҳифзи арзишҳо, забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва истиқлоли сиёсист.
Сарҳад ҳамчун қисми бисёрқабата: қабати ҷуғрофӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ; қабати сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ; қабати фарҳангӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ; ва қабати маънавӣ, ҳифзи рӯҳи давлатдорӣ маънидод мегардад. Посбони сарҳад дар ин низоми маъно танҳо ҳомии ҳудуди ҳастии миллӣ, нигаҳбони тамаддун ва муҳофизи фазои таърихии миллат мебошад.
Сарбози сарҳадбон дар нуқтаи буриши се масъулияти бузург: масъулият дар назди давлат, дар назди таърих ва дар назди наслҳои оянда қарор дорад. Ҳар қадами ӯ дар марз амали рамзии ҳифзи истиқлолият аст. Дар ин маъно, посбонии сарҳад шакли таҷассумёбии шараф, номус ва виҷдони ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошад ва сарҳадбонон ҳамчун сипари аввалини давлатдорӣ рисолати таърихӣ адо менамоянд. Аз ҷумла, таъкиди ӯ, ки «Сарҳадбонони далери тоҷик посдорони боэътимоди истиқлолият ва амнияти давлат мебошанд», хизматро ба сатҳи рисолати миллӣ ва масъулияти виҷдонӣ мебардорад.
Сарҳад фазои ҳифзи адолати таърихист. Ҳар ваҷаб замини Ватан дар худ хотираи муборизаҳо, ранҷҳо ва ҷоннисориҳои наслҳоро таҷассум мекунад. Посбонии он, бинобар ин, посбонии таърих ва ҳифзи шарафи гузаштагон мебошад. Сарбозе, ки дар марз пос меистад, дар асл идомадиҳандаи рисолати таърихии ҳифзи давлатдорӣ аст.
Сарҳад хатти масъулият аст; посбонии он ҳифзи номус, шараф ва истиқлолият мебошад. Ҳифзи сарҳад ифзи оромии модарон, амнияти кӯдакон ва ояндаи миллат аст.
Аз ин рӯ, тарбияи сарбози сарҳадбон бояд танҳо ба омодагии ҳарбӣ дар заминаи худшиносии миллӣ, виҷдони таърихӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги баланди ватандорӣ сурат гирад. Танҳо дар ин сурат сарҳад бо рӯҳ, ирода ва эътиқоди маънавӣ ҳифз мегардад.
Ҳамин тавр, ҳифзи марзу буми Ватан ҳамчун ҳастишиносӣ, пояи амнияти миллӣ ва рукни пойдории давлатдорӣ баромад намуда, сарбози тоҷикро ба ҳомии рӯҳи миллат ва идомадиҳандаи рисолати таърихии давлат табдил медиҳад.
Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.







































































































































































