Нақши зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар рушди ояндаи Тоҷикистон дар партави Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2024 чунин иброз намуданд: «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.Ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд».
Зеҳни сунъӣ, ки аз алгоритмҳои пешрафта ва қароргирии автономӣ барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, қобилияти омӯзиш ва самаранокии амалиётро дар ҳар як бахш беш аз ҳар вақт беҳтар мекунад.Бо дарназардошти рушди бемайлони илму техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии фаъолияти соҳаҳои гуногун талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин самаранок кардани фаъолияти соҳаҳо, баланд бардоштани самаранокии меҳнат аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ истифода намуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар замони имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, алалхсус соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубадал гардидааст, ки он метавонад ба самаранокии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр намуданд, ки: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.Воқеан, рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва роҳандозии васеи зеҳни сунъӣ ба пешрафти маҷмӯии мамлакат, аз ҷумла идоракунии самаранок, хизматрасониҳои электронӣ, содироти бештари молу хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, густариши фаъолияти фосилавӣ ва таҳсили фосилавӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва зеҳни сунъӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт Ҳукумати кишвар як қатор корҳои муҳимро амалӣ намудааст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута дастур доданд, ки: “… дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.Ҳамзамон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва ҳайати идоракунанда барои пешбурди лоиҳаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин таъсиси низоми тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои муосири соҳавӣ дар донишгоҳҳо, корхонаҳо ва дар маҷмӯъ барои рушди малакаи рақамӣ байни аҳолӣ, беҳтар намудани сифати барномаҳои таълимӣ ва таъмини пурраи омӯзгорони соҳибтахассуси соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот зарур аст.Дар самти амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом додааст, ки ин метавонад ба рушди ин бахши ҳаётан муҳим замина гузорад. Тибқи арзёбии коршиносони байналмиллалӣ то соли 2030 маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорисозӣ ва истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ 14 фоиз ё тақрибан 16 трлн доллар афзоиш меёбад. Афзоиши мазкур асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат ва зиёд шудани талаботи истеъмолӣ дар натиҷаи мукаммал шудани раванди истеҳсоли молҳо таъмин мегардад.
Бозори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ дар соли 2024 тақрибан 215 миллиард долларро ташкил дода, тибқи дурнамо то соли 2030 тақрибан ба 2 триллион доллар афзоиш меёбад.Мувофиқи арзёбии коршиносони масоилҳои иқтисодӣ аз ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ кишварҳои пешрафта нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишоф имкони гирифтани даромади иқтисоди зиёдтарро доранд. Барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм ва ихтироот бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, аз қабили технологияҳои зеҳни сунъӣ, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки истифодаи технологмяҳои зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз, афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд.Бояд зикр кард, ки дар шароити имрӯза рушди фаъолияти инноватсионӣ дар самти технологияҳои ракамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ шарт асосии рақобатпазирии иқтисодӣ ва баландбардории самаранокии соҳаҳои вокеии он ба шумор меравад.Ҳаминро қайд кардан ҷоиз мебошад, ки имрӯзҳо дар аксарият соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаҳои молия, бонкдорӣ, савдо ва хизматрасониҳои пулакӣ, нақлиёт, энергетика, маориф, саноат ва робитаҳои байналмилалӣ амалишавии технологияҳои зеҳни сунъӣ бараъло мушоҳида карда мешавад. Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои савдо ва нақлиёт, пешниҳоди қарзҳои хурд бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, таъсиси корхонаҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии раванди таълим, баҳодиҳии автоматии қарзгиранда оид ба қобили пардохт будани он ва пешниҳоди қарзҳои хурд, пешбинии ҳолатҳои камшавии мизоҷон, шинохти матн ва таснифоти ҳуҷҷатгузорӣ заминаҳои муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16-уми декабри соли 2025 бори дигар ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ зоҳир намуда қайд намуданд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд. Дар ин раванд, Хадамоти алоқа вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Зарур аст, ки ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд.Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадоранд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.Ҳамчунин, ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд.Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.Як мисоли одӣ:Дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард.Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад.Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯйистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси неруи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандагони неруи барқ гузаронида мешуд».
Дар баробари рушди технологияҳои рақамӣ инчунин ҷиноятҳои киберӣ ба давлат ва ҷомеа таҳдид менамоянд. Бо мақсади амалигардонии Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ ва пешгирии ҷиноятҳои киберӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамӣ кушода гардида, ба омодасозии кадрҳо барои талаботи Вазорати корҳои дохилӣ машғул мебошад.
Ибодзода М.М. - омӯзгори калони кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияхои рақамии факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон







































































































































































