Илму маориф дар замони истиқлол
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16- уми декабри соли 2025, ба Маҷлиси Олии мамлакат, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ироа гардид яке аз сарчашмаи санадҳои муҳим ба шумор рафта масъалаҳои муҳими рушди мамлакат дар он таҳлилу баррасӣ мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар қатори дигар самтҳо ба соҳаи илм ва маориф бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нақши маорифро дар инкишоф ва пешрафти мамлакат ҳамчун самти асосӣ арзёбӣ менамоянд.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”.
Дар ҳақиқат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушти соҳаи илм ва маориф тамоми имкониятҳои худро истифода намуда, маблағузориро дар ин соҳаи калиди ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳанд.
Ногуфта намонад, ки дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 25,4 фоиз зиёд мебошад.
Барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон Пешвои миллат ғамхорона ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намуданд, ки “Ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд”.
Инчунин, дар ин Паёмашон бори дигар қайд намуданд, ки “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки мо метавонем дар сурати ба роҳ мондани ҳамкории доими бо оила, мактаб ва ҷомеа пеши роҳи ҳамагуна бегонапарастӣ, хурофот ва гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиву экстримистӣ, инчунин, тақлиди куркурона ба ақидаҳои пучу беасосро гирифта, насли ояндасозро бо роҳи дуруст раҳнамоӣ кунем.
Дар ҳама самтҳо рушд кардани давлат ва дар оянда зебову обод сохтани Ватан, пеш аз ҳама аз таълиму тарбия, донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ вобастагии калон дорад.
Ногуфта намонад, ки мо бояд чанд нуқта аз Паёмҳои солҳои гузаштаро ёдовар шавем, ки дар Паёми соли 2022 ба маҷлиси Олии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои мушаххасро оид ба таълиму тарбияи ҷавонони мамлакат қайд намуда буданд, ки “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем, зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.
Аллбата, Пешвои муаззами миллат пешрафти давлат ва ояндаи ободии Ватанро аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобаста медонад.
Чунончӣ, дар Паёми навбатии хеш Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки “Ба хурофот давлат тараққӣ намекунад”. Ин иқтибос як Паёми бедоркунанда барои ҷомеи кишварамон мебошад.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки Пешвои миллат борҳо қайд намудаанд, ки бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеаву касодии давлат мегардад.
Дар ҳақиқат, гуфтаҳои Сарвари давлат ҳақ буда, таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ҷавонони моро аз ҳисоби маърифати пасти хуқуқӣ ва бесавод буданашон истифода бурда, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил месозанд. Бояд қайд намуд, ки тероризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнин ва пешгӯинашаванда мегардад.
Пеш аз ҳама, ашхоси осебпазир барои шомилшавии ба ин гурӯҳҳои ифротӣ, ин ҳамон ҷавонҳое мебошад, ки саводи кофӣ надошта, маърифати ҳуқуқии онҳо дар сатҳи хеле паст қарор дорад.
Агар ҳар як фарди ҷомеа дорои саводи кофӣ ва маърифати ҳуқуқӣ бошад, ягон фард наметавонад онҳоро гумроҳ карда ба онҳо таъсири манфии хешро расонад. Баръакс, бо ҳисси баланди миллӣ, онҳо метавонанд бар зидди ин гурӯҳҳои нохалафу бадхоҳ мубориза бурда, пайваста вокунишҳои сахт нишон диҳанд ва дар пешрафту гулгуншукуфоии мамлакати азизамон саҳми назаррасе гузоранд.
Дар воқеъ, ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки вазифаҳои ба зиммамон гузоштаро дучанд иҷоро намуда, дар тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо барои ояндаи давлату миллат ҳамчун пайравони Пешвои миллат саҳми худро гузорем.
Бояд хотирнишон сохт, ки Пешвои миллат “Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шудааст”.
Бояд илова намуд, ки “Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд”. Ин аз ғамхории Пешвои миллат ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон гувоҳи медиҳад, ки мо бояд ин ғамхории Роҳбари давлатро пос дошта баҳри амали созии ниятҳои нек ӯ кушиш ба харҷ диҳем.
Бинобар ин, мактабу маориф яке аз соҳаи афзалятнок ба ҳисоб рафта ва барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа ва дар оянда рушди босуботи иқтисоди ва расидан ба қуллаҳои баланди зиндагӣ тақозо менамояд.
Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ бо таври кайҳони бунёд гардидани иншоотҳои соҳаи маориф ба тарҳи замонавӣ, бо фароҳам овардани ҳамаи шароит ва ба истифода додани онҳо ин аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосси Пешвои муаззами миллат шаҳодат дода, ин ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзи замина мегузорад.
Ногуфта намонад, ки дар даромадгоҳи Донишгоҳи Стелленбосском дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ (ЮАР) лавҳае овезон аст, ки дар он навишта шудааст: «Барои несту нобуд кардани ягон миллат бомбаҳои атомӣ ё истифода бурдани мушакҳои дурпарвоз лозим нест. Танҳо коҳиш додани сифати таҳсилот ва иҷозати тақаллуб ба донишҷӯён дар имтиҳонот аст. Беморон аз дасти чунин пизишкон мемиранд. Сохтмонҳо аз дасти чунин муҳандисон нобуд мешаванд. Аз дасти чунин иқтисодчиёну ҳисобдорон (бухгалтерҳо) пул талаф меёбад. Башарият аз дасти чунин уламои дин нобуд мешавад. Адолат аз пушти чунин вакилону додрасон аз даст меравад. Мудирият аз дасти чунин қонунгузорон барбод меравад. Суқути маориф- суқути миллат аст».
Агар мо атрофи ин суханҳо фикр намоем, инҳо беасос маҳз дар Донишгоҳ оварда нашудаанд. Албатта, роҳи ҳалли ин масъала рӯ овардан ба маориф ва баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ мебошад. Барои ҳамин Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи худро ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши аҳоли равона намуда, маорифро омили калидии амниятӣ арзёбӣ намудааст.
Барои рушд намудани соҳаи маориф Сарвари давлат солҳои 2020-2040-ро ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудаанд.
Мо бояд дар назар дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу дошнишманд рушд мекунад. Аз ин рӯ моро месазад, ки зимни амалӣ гардидани вазифаҳо кӯшиш ба харҷ диҳем то ки сатҳи дониши хонандагон, донишҷӯён ва дигар намояндагони гуногункасб баланд бароварда шавад, то тавонем дар ин ҷодда саҳми хешро гузорем.
Имрӯз, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз замони аввали соҳибистиқлоли то ин дам дар самти мубори¬за бо ҷинояткорӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, ба таъмини суботу оромӣ ва муътадил гардонидани вазъи ҷинояткорӣ дар мамлакат муваффақ шудаанд.
Мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яке аз такягоҳҳои боэътимод ва сипари мустаҳками мамлакат буда, ҳамқадам, ҳамтақдир ва ҳамнафаси Истиқлолияти ҷумҳурӣ ҳастем ва эътимоди роҳбарияти Вазорат, ки аз иҷрои вазифаҳои пуршарафи худ бо ҳисси баланди масъулият мебароем, сулҳу суббот ва қонуниятро дар хизмати ҳар рӯза таъмин ва пуштибонӣ менамоем.
Муаллими факултети № 2 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,
полковники милитсия Одиназода Н.С.







































































































































































