ҶАВОНОН БА АРТИШИ МИЛЛӢ КАМАРИ ҲИММАТ БОЯД БАСТ!
Ҳар кишвар дорои Артиши миллии худ аст. Тоҷикистон низ ҳамчун давлат дорои артиш аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки артиши миллии мо замоне таъсис ёфт, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кишварро фаро гирифт ва дар баробари ин норасоии мутахассиони касбӣ ҳам ҷой дошт. Асосан, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман ҳамчун санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.
Ҳама сола 23 – феврал дар саросари кишвар рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ва ё Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад. Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба Модар Ватан боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.
Аз ин рӯ, бе дудилагӣ ҳар як модар фарзандашро бо даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба хизмат бояд ҳидоят намуда ва аз хизмати онҳо ифтихор намояд. Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҷавонони далер ва ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.
Ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда, талош варзем.
Имсол, шукри Худои бузург, ки 35 солагии истиқлолияти давлатиамонро дар як фазои сулҳу оромӣ ҷашн мегирем. Ба ҷашни 35 солагии Истиқлолият низ кулли мардуми тоҷик омодагиҳои ҷиддӣ дида истодаанд. Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.
Бояд қайд кард, ки бузургии давлат аз бузургии Қувваи артишаш, қувваи бузурги артиш бошад, аз ҷавонони бо нангу номус ва ватандӯсташ вобастагии калон дорад.
Хизмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба ватан аст, аммо на ҳар кас ба ватани худ содиқона хизмат мекунад, нафароне ҳастанд хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хизмат ба халқу Ватан вазифаи ҳар як ҷавонмард аст.
Ватан обу хоку ҳавоям туӣ
Ватан чун шиору ливоям туӣ
Чу модар бузургу азизу қарин
Ватан ҳарфи поки садоям туӣ
Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.
Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагиро омӯзем.
Султонзода Вамариҷ Иброҳим.,
Одиназода Самеъҷон Раҳматулло
омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2







































































































































































