ПАЁМ ҲАМЧУН РОҲНАМОИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Дар давоми 34-соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳузури сайёҳони хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон бештар мегардонад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ мебошад ин имкон фароҳам намудааст, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он дар китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ворид гардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҳама минтақаҳои дорои аҳаммияти сайёҳиву кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва сокинони меҳмоннавозу башардӯсташ ҷаҳониён бишиносанд ва бо ин далел сайёҳону рӯзноманигорон дар ҳар ҷойи ҷаҳон ба Тоҷикистон сафар кунанд ва барои васоити ахбори оммаи кишварҳои худ хабару гузориш ва маълумоти хубу диданиро ба ҳадя баранд.
Ёдрас намудан бо маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ халқи тоҷик бо раҳнамоии сарвари оқилу хирадманд ва дурандеши худ тавонист дар тӯли сивучор соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди бемайлон ва натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.
Тоҷикистони бо табиати биҳиштосо, манзараҳои дилрабо, боду ҳавои мусоид ва аз ҳама муҳим, оромию осудагӣ ва мардуми меҳмондӯсту соҳибтамаддун сол ба сол сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ ба манфиат аст. Зеро, агар аз як ҷониб бо рушди соҳа ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, ба ин васила даромади аҳолӣ зиёд шавад, аз ҷониби дигар мавқеи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.
Соҳаҳои сайёҳӣ ва фарҳанги мардумӣ ба ҳамдигар алоқаманданд. Вақте сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо ташриф меоранд, баробари боздид аз ҷойҳои таърихӣ ва осоишӣ, инчунин аз ҳунарҳои мардумӣ огоҳӣ пайдо карда, армуғоне аз ин ҳунарҳоро харидорӣ менамоянд ва ба ин васила Тоҷикистонро дар кишвари худ тарғиб менамоянд.
Бо истифода аз тараққиёти бесобиқаи илму техника имрӯз метавон ин соҳаҳоро боз ҳам рушди бештар бахшид. Яъне, метавон бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ, телевизион ва дигар воситаҳои муосири муошират тарғиби манзараҳо ва табиати нотакрор, шароити мусоиди фароҳамовардашударо дар ин самт барои ҷаҳониён тарғиб намуд. Бо дарназардошти ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бештари соҳа қайд намуданд, кӣ: «Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».
Барои амалӣ шудани ин иқдомҳои наҷиб ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зурур аст, ки пеш аз ҳама ин сарзаминро чун Модар дӯст дорад ва барои ободиву ҳифзу нигоҳдории неъматҳои бебаҳои он саҳмгузор бошад.
Зикр менамоям, ки Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бамаврид буд. Зеро, табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.
Илова бар ин, мувофиқи маълумоти расмии кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2025, ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон тақрибан 1,8 миллион шаҳрванди хориҷӣ сафар карданд. Ин нисбат ба соли 2024 27,5 фоиз бештар аст — ҷараёни сайёҳӣ якбора 384 ҳазор нафар афзуд.
Тавре раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода дар нишасти матбуотии ҷамъбастӣ хабар дод, бештар аз ҳама ба ҷумҳурӣ сокинони кишварҳои ИДМ меомаданд. Пешсафи бечунучаро кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон гардид — аз он ҷо беш аз як миллион меҳмон ворид шудааст. Дар ҷойи дуюм Русия қарор гирифт, ки аз он 396,4 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд.
Ҳамчунин ба панҷгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бештар Тоҷикистонро барои сафар интихоб мекунанд, Қирғизистон (137,5 ҳазор нафар), Қазоқистон (37,2 ҳазор) ва Чин (33,1 ҳазор) дохил шуданд. Дар маҷмӯъ, аз кишварҳои Иттиҳод беш аз 1,6 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омадаанд, дар ҳоле ки аз кишварҳои хориҷи дур ҷумҳуриро тақрибан 150 ҳазор турист боздид кардаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт чорабиниҳои зиёде амалӣ мегарданд. Онҳо ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси шароити мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойи кори холӣ нигаронида шудаанд.
Зикр менамоям, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 дар бинои парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардид, ки зимни он Роҳбари давлат чунин иброз намуда буданд: «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санаде роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар хизмат мекунад. Тавассути такмили инфрасохтор, омодасозии кадрҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ташаккули шароити ҳавасмандгардонӣ, имкониятҳои Тоҷикистон дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ афзоиш меёбанд. Ин тадбирҳо на танҳо ба рушди иқтисоди миллӣ, балки ба муаррифии фарҳанг, табиат ва мероси беназири кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд. Дар солҳои оянда, татбиқи тадбирҳои пешниҳодшуда метавонад Тоҷикистонро ба яке аз маконҳои пешбари сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ табдил диҳад.
Ёдовар шудан бо маврид аст, ки масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи танзими соҳаи сайёҳӣ ба зиммаи якчанд вазорату кумитаҳо гузошта шуда буд. Соли 2017 баҳри рушди соҳаи сайёҳии мамлакат ниҳоди мустақил - Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Хулоса, соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигари соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Маҳмудзода Бобоҷон Нуралӣ
муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия
Ибодзода Маъдихуҷа Мухридин
Муаллими калони кафедраи Амнияти иттилоотӣ, ва технологияҳои рақамӣ
Майори милитсия







































































































































































