БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПАДАРУ МОДАРОН ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД
Санаи 10 феврали соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Академия ҷаласаи васеи падару модарони курсантони курси 1 факултети № 2 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият, кураторони гуруҳҳои таълимӣ ва инчунин сардори курси таълимии ин муассисаи олии касбӣ, иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини сардор оид ба ҳайати шахсӣ, подполковники милитсия Абдулаҳадзода А.А., ҳусни оғоз бахшида, оид ба масоили муҳимтарин дар самти омодасозии кадрҳои замони муосир, ки талаботи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати кишвар мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр карда шуд, ки забономӯзӣ, донистани таъриху фарҳанги аҷдодӣ ва содиқ будан ба касбу Савганд, яке аз шартҳои асосии ҷавобгӯи талаботи муосир будани мутахассис ҳисоб меёбад.
Бо ин мақсад, назорати ҷиддии падару модарон ва ҳамоҳангии онҳо бо Академияи ВКД дар ҷодаи талаботи зикргардида, яке аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбад.
Дар рафти ҷаласа муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти курсантони факултети мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дастовард ва мушкилоти ҳар як курсант мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Инчунин, сардори факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,н.и.ҳ., дотсент подполковники милитсия Мансурзода А.М дар ҷаласа баромад намуда, атрофи ҳолати азхудкунии барномаҳои таълимӣ, саривақт супоридани маблағҳои шартнома, дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани санҷишу имтиҳонҳо, риояи интизоми хизматӣ, иштироки фаъоли курсантони факултет дар чорабиниҳои сатҳи гуногун, натиҷагирӣ аз муваффақиятҳо, инчунин ҳолатҳои вайрон намудани интизоми таълимӣ аз ҷониби баъзан курсантон, изҳори андеша намуданд.
Дар ин замина, барои интизоми намунавӣ, бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан ва иштирооки фаъоли курсантон дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия, ба волидони курсантон Ифтихорномаҳо тақдим када шуд.







































































































































































