Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Технология ва рақамисозӣ омили муҳими рушди ҷомеаи муосир

2528Дар шароити ҷаҳони муосир технология ва рақамисозӣ ба яке аз самтҳои асосии пешрафти давлатҳо табдил ёфтаанд. Имрӯз бе истифодаи технологияи иттилоотӣ рӯшди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти ғайриимкон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки аҳамияти бузурги ин раванд ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамисозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Рақамисозӣ маънои ҷори намудани технологияҳои муосири рақамиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дорад. Он имкон медиҳад, ки равандҳои идоракунӣ содатар, шаффофтар ва самараноктар гарданд. Бо истифода аз технологияҳои рақами сатҳи хизматрасони ба аҳолӣ беҳтар шуда, вақти шаҳрвандон сарфа мегардад. Дар ин замина Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: ‘’’ Рақамисозии иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.’’
Дар Паёми соли 2025 Пешвои миллат махсусан ба рушди иқтисоди рақами таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд карданд, ки истифодаи васеи технологияҳои муосир омили асосии баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад. Ба таъкиди Сарвари давлат, ‘’бе ҷори намудани технологияҳои рақами ва навовариҳо мутобиқ шудан ба талаботи иқтисоди ҷаҳони ғайриимкон аст.’’
Яке аз соҳаҳои муҳиме, ки рақамисозӣ дар он таъсири бузург дорад, соҳаи маориф мебошад. Имрӯз истифодаи платформаҳои таълимии электронӣ, тахтаҳои рақамӣ, китобхонаҳои онлайн ва усулҳои муосири таълим ба ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълим табдил ёфтааст. Дар Паёми Президент зикр гардид, ки ‘’рушди маориф ва тайёр намудани мутахассисони дорои донишу малакаҳои рақами кафолати пешрафти ояндаи кишвар мебошад.’’
Соҳаи тандурусти низ аз ҷори гардидани технологияҳои рақами манфиати зиёд мебинад. Сабти электрони беморон, хизматрасониҳои тиббии фосилавӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир имконият медиҳанд, ки сифати хизматрасонӣ беҳтар гардад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки рақамисозии соҳаи тандурустӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва саломатии аҳоли аҳамияти калон дорад.
Дар иқтисод рақамисозӣ ба рушди соҳибкори ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Пардохтҳои ғайринақдӣ, бонкдории электронӣ ва савдои онлайн фаълоияти иқтисодиро фаъол намуда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд. Дар Паёми соли 2025 зикр шуд, ки ‘’таҳкими иқтисоди рақами барои таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ, хусусан барои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам месозад.’’
Ба вуҷуди пешрафтҳо, дар роҳи рақамисозӣ баъзе мушкилот низ мавҷуданд. Норасоии мутахассисони баландихтисос, зарурати рушди инфрасохтори рақами ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳоли аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба масъалаи омӯзиши кадрҳо ва истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки технология ва рақамисозӣ омили асосии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Чумхурии Тоҷикистон дар ин самт метавонад ба пешрафти соҳаҳои гуногун мусоидат намояд. Истифодаи васеи технологияҳои рақами на танҳо рушди иқтисодро таъмин мекунад, балки сифати зиндагии мардумро беҳтар намуда, Тоҷикистонро ба сатҳи нави рушд мерасонад. Муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷинояти,
криминология ва психология Ҷамшедзода У.Ҷ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...