ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ-ДАСТУРИ РОҲНАМО
Ҳамасола ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми мардуми шарифи кишвар ҳамчун як дастури муфиду роҳнамо ва барномаи рушду такомули тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти рӯзмарра пазироӣ мегардад. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз ҷониби кулли мардуми кишвар ҳамчун як дастури муфиду роҳнамо ва барномаи инкишофу пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра қабул гардид. Он нисбат ба солҳои гузашта муҳимтару ҷиддитар ва дилсӯзонатар садо дода, дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳамаи соҳаҳои арзишманди хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, муваффақияту дастовардҳои ҳамаи ҷабҳаҳо таъкид ва норасоиву камбудиҳо ошкор карда шуданд. Аз ҷониби Сарвари давлат душворию мушкилиҳои пасисаршудаи соли гузашта махсусан ишора гардида, барои соли равон ба дастовардҳои назарраси иқтисодию молиявӣ ва сиёсию иҷтимоӣ расидан дастуру маслиҳатҳои пурарзиш ва судманд пешниҳод карда шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба масъалаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ назари тозаи худро равона намуда, иброз доштанд, ки дар шароити зудтағйирёбанда, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя намуда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош бояд кард. Таъкид гардид, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Боиси ифтихори кулли миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаи кӯҳӣ” қабул карда шуд. Бо ташаббуси дигари Роҳбари давлати мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид. Ҳамзамон, бо ташаббуси Тоҷикистон 12-уми декабри соли гузашта қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон гардидани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул карда шуд. Соли 2025 “Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030” ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Тавре ки аз муҳтавои Паём бармеояд, амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсозу муҳим омадааст, ки соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил додааст. Дар Паём қайд гардид, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, то ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Тибқи ин таъкид Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардиданд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои наву молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин маъниро Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин арзёбӣ карданд: «Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем».
Дар Паёми имсола бори дигар дар мавриди заҳмати софдилонаи кишоварзон, самаранокии меҳнати онҳо ва новобаста аз номусоидии обу ҳаво ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳашон ба таври алоҳида таъкид гардид. Қайд карда шуд, ки сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид. Яъне, кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзиро ба 8,5 фоиз расонида, фаровонии бозори истеъмолиро таъмин карда истодаанд. Тибқи ин гуфтаҳо, Президенти мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намояд. Дар Паём омадааст, ки барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11, 3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5, 4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд. Пешвои муаззами миллат дар баромади хеш қайд карданд, ки “ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.Таъкид гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25, 4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Аз ҷониби Сарвари мамлакат супориш дода шуд, ки вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани раванди “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” тадбирҳои таъхирнопазиру судманд андешида шаванд. Барҳақ иброз шуд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Воқеан, вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои фалокатбор дорад. Чунин таъкиди муҳим ва саривақтии Роҳбари давлатамон ба мо ҳушдор медиҳад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон аз дидгоҳи тозаю эҷодкорона назар намуда, баҳри сайқалу пешрафти маърифати онҳо садчанд заҳмат ба харҷ диҳем. Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ҷавононро имрӯзу ояндаи кишвар ва идомадиҳандаи меҳнату заҳмат ва анъанаҳои падарон номида, бори дигар ононро ба ҳушёрию зиракӣ водор сохтанд ва ишора карданд, ки аз равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ барканор бошанд. Ҷавонон бояд баҳри оромию ободӣ ва сарсабзии ҳамешагии кишвари азизамон саҳмгузор шаванд. Президенти ғамхори мо нисбат ба кормандони соҳаи маориф бо таваҷҷуҳи алоҳида баромад намуда, саҳми боризи ононро дар баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум бо далелу бурҳони қатъӣ нишон доданд. Пешвои муаззами миллат бори дигар аз нукоти Паёми порсолаи хеш ёдовар гардида, баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо дар мавриди «Солҳои 2020-2040-Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазоратҳои молия, маориф ва илм, АМИТ ва дигар вазорату кумитаҳои марбут дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Хусусан, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии омӯзгорон, донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1-уми сентябри соли 2026 ба андозаи 25 фоиз зиёд намудани маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 20 фоиз зиёд кардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, дигар соҳаҳои буҷавӣ ва стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба илму маориф башорат медиҳад. Дар ҳамин радиф, Сарвари маҳбуби мо таъкид намуданд, ки ба сатҳи сифати ҳар як дарс ва машғулиятҳои амалии омӯзгорон назорати ҷиддиро ба роҳ монда, ба он муваффақ шудан зарур аст, ки муаллим дарси замонавиро бо тамоми талаботи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ бояд ташкил карда, гузаронида тавонад. Нақши зан-модар ва мақоми он дар ҷомеа дар Паёми имсола ба таври алоҳида таъкид шуда, мушаххас гардид, ки саҳми бонувон дар рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ махсусан афзоиш дорад ва 73 фоизи кормандони ҷодаи маорифу 68 фоизи намояндагони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Фаъолияти онҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодиёти кишвар низ беназир мебошад. Қайд карда шуд, ки минбаъд низ ба нақши занон дар ҷомеаи мо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва солҳои 2025-2034 “Даҳсолаи илмҳои криосфера” эълон гардидан ба ҳамаи сохторҳои дахлдор расонида шуд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ ба таври васеъ муаррифӣ намоянд. Дар робита ба ин, аз ҷониби Сарвари мамлакат пешниҳодкарда шуд, ки Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” табдил дода шавад. Дар Паём зикр гардид, ки соли равон бо саъйу талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ҳамчунин, танзими ҳамойишҳо зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат, дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ низ ба ин соҳаи муҳимми ҳаётӣ сол то сол бештару ғанитар мегардад. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду пешрафт, такомул ва тозагии забони шоиронаву шевои тоҷикӣ аҳамияти дигарбора дода, ба ҳозирин гӯшрас намуданд, ки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддастарину гаронбаҳотарини миллат маҳсуб гардида, ҳифзи покию салосат ва умри ҷовидонаи он вазифаи ҷонии ҳар як узви ҷомеа мебошад. Бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон гардидани соли 2026 аз он башорат медиҳад, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи маорифу илм ва дигар соҳаҳои буҷавӣ баҳри эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишвар ҷиддан масъулиятшинос мебошанд. Паёми имсолаи Президенти мамлакатамон ба ҳар як сокини кишвар вазифаҳои навинеро дар бобати омодагӣ ба ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш гузошта, он ҳамчун як барномаи роҳнамову мукаммали худшиносию ифтихори миллӣ ба мо ҳушдор медиҳад, ки бо меҳнати шарафмандонаву масъулияти баланди ватандорӣ дар ин чорабинии бузурги сиёсиву тақдирсоз саҳмгузор бошем.
Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
муаллим-ҳамкори Академияи Вазорати
корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон







































































































































































