Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили ҷашни Сада дар Академияи ВКД

2520

«Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҷашнҳоии бостонии тоҷикон, аз ҷумлаи Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ҳамчун мероси муқаддаси ниёгонамон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуданд ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъана даромада, ҳамасола 30-уми январ бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешаванд. Яъне, таъкидҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат асос гузошт, ки ба ин ойини мардумӣ таваҷҷухи бештар зохир шавад, заминаи таърихӣ ва асосҳои миллию мардумии ин рукни фарҳанги ниёкон мавриди омӯзиш қарор гирад ва таҷлили он бо хусусиятхои хоси маҳалҳо бо шаклу шеваи зарурӣ доир гардад. Сада ҳамчун ҷашни миллии мо тоҷикон дар даврони истиқлол эҳё гардида, меҳру муҳаббат, якдилӣ, сарҷамъиву хушҳолӣ ва некиву равшаниро дар худ таҷассум намудааст. Инчунин водор месозад, ки ин иди аҷдодиамонро мутобиқ ба замони хеш ҷашн гирифта, оини гузаштагонро давом диҳем, то наслҳои оянда аз фарҳанги бою пурғановати гузаштаи худ огоҳ шаванд, қадр намоянд ва онро эҳтиром намоянд. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ, варзиширо баргузор намуд, ки яке аз чунин чорабиниҳо мизи мудаввар таҳти унвони “Сада- дар масири таърих” мебошад. Чорабиниро ёрдамчии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, дар бораи таърихи ҷашни Сада дар даврони давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён суханронӣ намуд. Сардори факултети №1 Академияи ВКД полковники милитсия Саидзода З.А. дар мавзуи “Сада- иди қадимаи халқи тоҷик ва мардуми Шарқ”, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД полковники милитсия Давлатшозода Азиза дар мавзуи “Васфи ҷашни Сада дар ашъори шоирон”, ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД полковники милитсия Асламов Бозоралӣ дар мавзуи “Сада -ҷашни умед ба рӯзгори обод” суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, иштипрокчиёни мизи мудаввар бо умеду орзуҳои нек ва ифтихор ёдовар гардиданд, ки имрӯз суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир боз ҳам бештар имкон медиҳад, ки ҳувияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони хеш бештар бархӯрдор шавандЗеро ин ҷашнҳои миллӣ дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

 

Азиза Давлатшозода
полковники милитсия

 

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...