Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ ФАКУЛТЕТИ № 4 АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2516Дар марҳилаи муосири рушди ҷомеа, факултети № 4 Академияи ВКД ҳамчун сохтори асосии низоми таҳсилоти олӣ на танҳо маркази омодасозии мутахассисон, балки пойгоҳи муҳимми илмӣ-таҳқиқотӣ маҳсуб меёбад.
2517Факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Хуҷанд) бо Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1994, № 388 таъсис дода шудааст.
2518Факултети № 4 Академияи ВКД мутахассисонро бо ихтисоси 240102 – «Ҳуқуқшиносӣ» ва 021200 – «Ҳайати фармондиҳӣ» тайёр мекунад. Ғайр аз ин, бо мақсади такмил додани тайёрии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд, бо фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 августи соли 2003, № 408 дар факултет курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси ҳайати қаторӣ ва миёнаи роҳбарикунандаи РВКД дар вилояти Суғд фаъолият мекунад.
2519Факултети № 4 Академияи ВКД фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, тарбия ва низом амалӣ менамояд.
Бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р. Ҳ. ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён П. А., роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони факултети № 4 Академияи ВКД пайваста чораандешӣ менамоянд.
Айни ҳол фаъолияти таълимӣ дар факултети № 4 Академияи ВКД аз ҷониби 8 кафедра дар ҳайати 45 воҳиди корӣ ба амал бароварда мешавад: кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ; кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ; кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД; кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ; кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ; кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ; кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ; кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос.
Дар факултети № 4 Академияи ВКД 13 нафар дорандагони дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд.
Пояи моддию таълимии раванди таълим дар факултети № 4 Академияи ВКД-ро 1 толори варзишӣ, 1 майдони футбол, 1 майдони баскетбол, 3 маҷлисгоҳ, 1 синфхонаи тирпарронӣ бо дастгоҳҳои электронӣ, 28 синфхонаҳои таълимӣ, 2 китобхона (умумӣ ва махсус) ва 2 майдони сафороӣ ташкил медиҳанд.
Фаъолияти кории факултети № 4 Академияи ВКД аз самтҳои асосии зерин иборат аст:
– иҷро ва риоя намудани талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ба танзим медароранд ва назорати ҳуҷҷатгузории факултет;
– ташкили раванди дарсҳо, назорати сифати таълим, таҳия ва тасдиқи нақшаҳои таълимӣ ва таъмини курсантон бо маводи зарурӣ;
– таъмин намудани китобхонаи кафедра бо адабиётҳои илмиву таълимӣ;
– ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмӣ, назорати кори тадқиқотии устодон ва ҷалби курсантон ба маҳфилҳои илмӣ;
– назорати интизоми курсантон, гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба қонун;
– пешгирии кирдорҳои ғайриоиномавӣ аз тарафи афсарон ва курсантон;
– барқарор намудани робита бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳо, инчунин, сафарбар намудани омӯзгорони факултети № 4 Академияи ВКД барои гузаронидани дарсҳо дар сохторҳои МКД ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Корҳои таълимӣ-методӣ, ташкилӣ-методӣ ва тарбиявӣ дар факултети № 4 Академияи ВКД чунин корҳоро дар бар мегиранд:
– истифодаи тахтаҳои электронӣ ва захираҳои мултимедиявӣ;
– ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва шиносоӣ бо усулҳои нави таълим;
– гузаронидани мониторинги мунтазами дарсҳо ва пурсишҳо аз курсантон барои муайян кардани сатҳи дониш;
– ташкили чорабиниҳо дар мавзуи худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ;
– рушди маҳфилҳои илмӣ, адабӣ ва варзишӣ барои самаранок гузаронидани вақти холии курсантон;
– суҳбатҳои инфиродии омӯзгорон ва кураторҳо бо курсантон ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва гароиш ба ҷараёнҳои номатлуб;
– қадрдонии курсантони фаъол ва аълохон бо стипендияҳои иловагӣ ва ифтихорномаҳо.
Мо, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултети № 4 Академияи ВКД, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат барои таваҷҷуҳи хосса ба илму маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва таълимӣ миннатдории самимӣ баён мекунем. Ин дастгириҳо моро рӯҳбаланд месозанд, то дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди давлати соҳибистиқлоламон саҳми бештар гузорем.

Сардори факултети № 4 Академияи ВКД,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия. Ғафурӣ М. С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...