Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАРБИЯИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

2515«Таълим дар муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, мактаби обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ мебошад. Аз ин рӯ, раванд ва сифати таълиму тарбия дар онҳо бояд таҳти назорати ҳаррӯза қарор дошта бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлоли давлатӣ барои рушду такомул ва дастгирии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам овард ва онҳо бо дастовардҳои худ дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда будани худро ба тадриҷ собит месозанд.
Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон раванди ташаккули муҳаббат, эҳтиром ва садоқат ба Ватан, таърих, фарҳанг, анъана ва арзишҳои он дар ҷавонон мебошад. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба он нигаронида шудааст, ки насли наврас мансубияти миллати худро дарк намояд, барои некуаӯволии он масъулият ҳис кунад ва фаъолнокии шаҳрвандӣ дошта бошад.
Дар ин бобат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб гуфтаанд: «Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, кишвар, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, паҳлуҳои истиқлолияташро чандон пуштибонӣ карда наметавонад».
Бояд қайд намуд, ки тарбияи ватандӯстӣ муттаасил буда, дар доираи барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва барномаҳои таълимии сатҳҳои гуногуни таълим амалӣ карда мешавад. Дар замони пешгӯинашавандаи вазъи ҷаҳони муосир насли наврасро дар боби Ватану ватанпарастӣ, қадру қимати Ватан, аҳаммияту муҳиммияти он дар ҳаёти ҳар як шахс ва муқаддасоти он тарбия намудан мебояд, то ин ки шаҳрвандон ва ватанпарастони асил ба воя расанд. Ҳар як фаъолияте, ки имрӯз аз ҷониби ҷавонон амалӣ мегардад, бояд ба хотири ҳифзи Ватану миллат, таъмину таҳкими суботу амният бошад. Масъалаҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ имрӯз як рукни асосии мафкураи миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, зарур мебошад, ки ба ҷавонон ба қадру осоиштагӣ расанд, дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ҳифз намоянд ва онро тақвият бахшанд.
Дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мавриди амал қарор дорад. Дар боби 2-юми Қонуни мазкур масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба танзим дароварда шуда, дар он зикр мешавад, ки мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон мебошад. Амалӣ гардонидани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» метавонад дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷиконро бедор созад.
Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки: «Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ, ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, фидокорӣ, симои зоҳирию маънавӣ, ахлоқи фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад». Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, равнаҳи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа мебошад.
Омодагии ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба сатҳу сифати тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳамбастагӣ дорад. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аз муҳимтарин ҷанбаи тарбияи ҷавонон ба ҳисоб рафта, мақсад аз он дар дили насли ҷавони имрӯза эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки шарафу нангу номусро бедор намудан аст.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз ҷавонон дар ҳамин ҷо шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро аз худ мекунанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар даврони соҳибистиклолии мамлакат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он ҳазорон ҷавонони обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ дошта, сарбаландона адои хизмат намуда, бо неруи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишварамон ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Воситаҳои самараноки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон метавонанд гуногун бошанд ва аз шароит, ҳадафҳо ва ниёзҳои муассисаи таълимии муайян ё давлатӣ вобаста бошанд. Дар ин ҷо баъзе воситаҳои асосиро овардан мумкин аст:
– таҳияи мавод ва барномаҳои махсуси таълимӣ, ки омӯзиши таърих, фарҳанг, масъулиятҳои шаҳрвандӣ ва арзишҳои кишварро дар бар мегиранд;
– ташкили чорабиниҳои идона, роҳпаймоиҳо, озмунҳо, намоишгоҳҳо, вохӯриҳо бо собиқадорон ва дигар чорабиниҳо бахшида ба мавзуъҳои ватандӯстӣ;
– истифодаи Парчами давлатӣ, Нишон, Суруди миллӣ барои эҷоди фазои ватандӯстӣ;
– истифодаи технологияҳои муосир аз қабили замимаҳои интерактивии таълимӣ, вебсайтҳо, видеоҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба мавзуъҳои ватандӯстӣ;
– дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шурои собиқадорон ва дигар сохторҳо ташкили чорабиниҳои баъд аз дарсӣ, маҳфилҳо;
– ташкили саёҳат ва экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳо ва осорхонаҳои марбут ба таърих ва дастовардҳои кишвар;
– гузаронидани чорабиниҳои волонтёрӣ, лоиҳаҳои ҷамъиятӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки ба беҳбуди ҷомеа ва кишвари худ нигаронида шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамояд, ки ҷавонон нерӯи фаъолу созандаи ҷамеаро ташкил медиҳанд. «Наврасону ҷавонон созандагони Ватан, бунёдкори сулҳу ваҳдат, такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд» – қайд менамоянд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ин рӯ, ҷавонону наврасони мамлакатро мебояд ба он водор кард, ки ба дарки амиқи ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир намоянд, масъулият нишон дода, ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз беш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона созанд, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки дар ҷомеа сазовори мавқеи арзанда бошанд.
Факултети № 4 Академияи ВКД низ ҳамчун муассисаи олии таълимӣ, ҳамеша дар ин самт фаъол буда, барои амалӣ намудани чунин дастуру супоришҳо пайваста кӯшиш намуда, чорабиниҳои гуногуни илмию амалӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзишию касбиро баргузор намуда, барои боздид намудани наврасону ҷавонон аз ин даргоҳ ҳамеша омода мебошад.
Дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзҳои «Дарҳои кушод» ва умуман боздиди онҳо аз ҷараёни таълим, шароити мавҷуда ва дар маҷмуъ раванди омода намудани мутахассисон дар факултети № 4 Академияи ВКД шиносои пайдо менамоянд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро омӯзгорони факултети № 4 Академияи ВКД бо руҳияи болида пешвоз гирифта, бо роҳбаладии хеш онҳоро бо китобхона ва дигар синфхонахои таълимӣ аз наздик шинос менамоянд.
Имрӯз ҷавонони далеру шуҷои факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин, ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, бо маҳорати баланди касбии худ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, марзу буми кишварамон бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат намуда, иҷрои вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии худро ва мақсаду мароми ягонаи худ мешуморанд.
Сардори факултети № 4 Академияи ВКД,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия. Ғафурӣ М. С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...