Дастоварди навбатӣ
Аз номи роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академия Абдуллобекзода Темурмалик Абдуллобекро ҷиҳати бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадии хеш дар самти "Мурофиаи ҷиноятӣ", бо ихтисоси 12.00.09, ки санаи 24 январи соли 2026 бо сарбаландӣ анҷом дода шуд, муборак мегӯем.
Темурмалик Абдуллобекзода ҷавони умедбахш, доимо дар такопӯи роҳандозии муносибатҳои байналмилалии Академия бо муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, дар заминаи асосҳои расмии фаъолияти самти мазкур мебошад.
Бори дигар ҳимояи рисолаи номзадиро барои ин ҷавони донишманд муборакбод мегӯем!
Академия







































































































































































