Баррасии масоили такмили қонунгузорӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар
Чун анъана ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём ба Маҷлиси Олии кишвар баромад менамояд.
Соли 2026 ҳамчун соли таърихӣ ба шумор меравад. Дар ин сол 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Боиси хурсандӣ аст, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар арафаи соли 2026 баргузор гардид.
Дар оғози Паём роҳбари давлат таваҷҷуҳи намояндагони халқро ба комёбиҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили интихоботи вакили маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои маҷлиси Миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзошавии эъломияи Хӯҷанд байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, гузаронидани конфренсияи байналмиллалӣ вобаста ба «соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» равона гардид.
Бояд иброз намуд, ки дар Паёми пештара яке аз масъалаҳои муҳим ин эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардида буд. Бинобар ин Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраи то 2040 қабул карда шавад.
Барои рушди босуботи иқтисоди иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили қонунгузорӣ, волоияти қонун нақши асосӣ мебозад. Борҳо роҳбари давлат таъкид намудаанд, ки барои пешрафти иқтисодии кишвар пеш аз ҳамма заминаҳои мукаммали таҳияи қонунгузорӣ, ҳимояи ҳуқуқии соҳибкорон, рушди сармоягузорӣ барои ояндаи Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ин имкон медиҳад, ки иқтисоди кишвар рушд намояд ва пеши роҳи коррупсия дар ҳамма соҳаҳои хоҷагии халқ гирифта шавад.
Дар рушди қонунгузории кишвар нақши Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон хеле муҳим аст. Аз таҳияи қонунгузорӣ дар парлумони кишвар рушди минбаъдаи Тоҷикистон муайян мегардад. Дар Паёми навбатӣ вобаста ба ин масъала Пешвои миллат чунин иброз намуданд: «Нақши қонунгузорӣ дар амали гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давалат таҳкими суботу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ басо муҳим башумор меравад» Ҳамзамон, дар Паём Президенти кишвар пешниҳод намуданд:
1. Амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва валоияти қонун ҳамчун кафолати рушди устувори иҷтмои иқтисодӣ таъмин карда шавад;
2. Волоияти қонун ҳамчун кафили ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва иҷрои нақшаҳои давлатӣ арзёбӣ мегардад;
3. Сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда мешавад, ки босадоқат ба давалат ва халқ суботу оромӣ, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистонро таъмин намоянд;
4. Сохторҳои низомии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда мешавад, ки муборизаро бар зиддӣ терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоки силлоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромилӣ тақвият диҳанд;
5. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро боз ҳам беҳтар гардонад;
6. Дар асоси иқдоми Тоҷикистон ва маҷмааи умумии СММ соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул карда шавад;
7. Ба ифтихори 35 солагии истиқлолият «Соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, тақвияти худшиносӣ, худогоҳии миллӣ», эълон карда шавад.
Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16-уми декабри соли 2025 барои истиқболи сазовори 35-солагии истиқлолият, таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун аҳамияти муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Ин нуқтаҳои Паём мардуми Тоҷикистонро барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона роҳнамои менамояд.
Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминология ва психологияи
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия Файззода С.С.







































































































































































