Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омода намудани мутахассисони баландихтисос яке аз масъалаҳои калидии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

2509Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун «Роҳнамо» дар ҳаёти ҷомеаи имрӯза, алалхусус дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавонон нақши калидӣ дорад. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, фарҳанг ва ғайраҳо дарҷ гардидаанд.

2510Масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисос ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори миллӣ, манфиатҳои миллӣ, мафкураи миллӣ, сидқан дӯст доштани сарзамини биҳиштосо, меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан-Модар, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва дар ҳама ҳолат омода будани ҷавонмардон баҳри дифои кишвар яке аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад.
2511Омода намудани мутахассисони баландихтисос яке аз масъалаҳои калидӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба рушди соҳаи маориф, илм, иқтисодиёт ва ҷавонони кишвар бахшида мешавад.
Дар Паёми навбатӣ аз 16 декабри соли 2026 ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус карда шудаанд:
• Рушди соҳаи маориф. Таъкид карда шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, асоси давлатдориро таъмин менамояд;
• Ташаккули сармояи инсонӣ. Бавоя расонидани насли солиму донишманд сармоя мебошад;
• Рақамикунонии иқтисод ва илм. Пешвои миллат дастур доданд, ки дар ин самт таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, то ин ки мутахассисони соҳаи технологияи рақамӣ тайёр карда шаванд;
• Омухтани забонҳо. Донистани забонҳои хориҷӣ талаби замони муосир буда, барои шахс дар ҷодаи илму маориф роҳ мекушояд;
Барои пешрафти ин соҳаи муҳимтарини ҳаёт Роҳбари давлат, махсусан таъкид намуданд, ки мо бояд тамоми кӯшишҳо ва заҳматҳоро баҳри пешравии босуботи ин соҳаи ҳаётан муҳим сафарбар намоем, то дар ин замони зудтағйирёбанда ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои муҳим дар ин самт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифагузориҳои мушаххасро дар миён гузоштанд:
• омода намудани кадрҳои баландихтисос;
• баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар ҳар Паёми худ ҷавононро ояндаи миллат ва муаррифгари давлат арзёби намуда, онҳоро қишри аз ҳама масъулиятноки ҷомеа мешуморад.
Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар беназир ва бесобиқа буда, дастуру ҳидоятҳо ба пешниҳодҳои созандае, ки Пешвои миллат зимни ироаи паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, дар ҳаёти ҷавонон як қатор рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои навро рӯйи кор овард. Дар ин росто, Сарвари давлат аз ояндаи давлату миллат ва насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ маслиҳатҳои муфид доданд . Қайд намуданд, ки асри XXI асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат барои ҷомеа оқибатҳои даҳшатбор меорад.
Пешвои-миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз намуданд, ки мову шумо хуб медонем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳоро, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт. Дар робита ба масъалаҳои илму маориф мехоҳам иброз намоям, ки бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад.
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯйи адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.
Бо такя ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон хулоса кард, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос на танҳо вазифаи омӯзгор, балки тарбияи дурусти оила дар ин самт нақши воло мебозад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳо ва суханрониҳои худ нақши калидии омӯзгорро барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар рушди давлату ҷомеа таъкид намуда, чунин иброз доштаанд:
• Омӯзгор чароғи маърифат ва раҳнамои ҷомеа мебошад. Пешрафти давлату миллат бевосита ба сатҳи дониш ва масъулияти омӯзгор вобаста аст;
• Мо ба омӯзгор ҳамчун тарбиятгари насли оянда ва асосгузори ҷомеаи солим эҳтироми хосса дорем ва дастгирии ин қишри ҷомеаро вазифаи муқаддаси давлат мешуморем;
• Дар идомаи ҳамин андеша зикр гардидааст: «Бе омӯзгори соҳибкасб ва ватандӯст тарбияи насли донишманд ва бунёди ҷомеаи пешрафта ғайриимкон аст».
Аз ин рӯ, дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Бо такя ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 15 январи соли 2026 ҷаласаи «Шурои падару модарон»-и курсантони курси 3 факултети №2 Академия, бо иштироки муовини аввали сардори Академия, н.и.ҳ, полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори факултети №2 н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., ва дигар шахсони масъул ташкил ва баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа муовини аввали сардори Академия, Ализода А.Ш., ба саҳми падару модарон бори дигар муҳтаво ва мазмуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои-миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида ва ба кори ҷаласа оғоз бахшиданд. Дар рафти ҷаласа мушкилоти раванди таълим аз қабили риоя намудани интизоми хизматӣ, яъне сари вақт ба Академия ҳозир шудан, риоя кардани қоидаҳои дурусти пӯшидани либоси низомӣ, намуди зоҳирӣ, бо худ овардани ҷузвдон ва лавозимоти таълимӣ, дар раванди дарс истифода набурдани телефонҳои дорои имконияташон васеъ, манъи ба Академия ҳозир нашудан бо автомашинаҳои шахсӣ, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ ва баъди дарсҳои ҳатмӣ нарафтан ба марказҳои компютерӣ ва дилхушӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа барои хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва аз худ нишон додани маҳорату малакаи баланди касбӣ, инчунин барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор волидайни курсантони курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «СИПОСНОМА» сарфароз гардонида шуданд.

Сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия Шоҳиён Ш.Ш.


Муовини сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия Абдулҳамидзода А.Д.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...