Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ ПЕШВО - РАҲНАМО БО ЗИНДАГИИ ШОИСТА

2507Санаи 14 январи соли 2026 аз тарафи омӯзгорони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаомати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ бо сарварони муассисасаҳои таълимӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони Шурои маҳаллаҳо, имомхатибон, раисони Шурои занон ва аҳолии деҳа баргузор намуданд.
2508Муовини раиси Ҷаомати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Ёр Ҷалилов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода мегардад, ки он саршор аз садоқат, матонат, самимият, меҳру муҳаббат ба ватану ватандорӣ ва волоияти муносибати самимонаи байниҳамдигарии шахс, ки пайваста ғамхориву таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд инъикос мегардад ҳусни оғоз бахшида ва баъдан сухани навбатиро ба сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ мақомоти корҳои дохилии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Абдуллозода Неъматулло Раҳматулло дод, ки охирон дар мавзуӣ «Роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ» бо маърӯза баромад намуда қайд карданд, ки имрӯз мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо вазъи сиёсии сайёраро ниҳоят ҳассос гардонидаанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари ҷиддии ҷаҳонӣ буда, аз ҷониби дигар, амали он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Президенти кишвар борҳо таъкид кардаанд, ки зиракии сиёсӣ ин танҳо шиор нест. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як ҷавон бояд дӯстро аз душман ва воқеиятро аз дурӯғ ташхис дода тавонад. Мо бояд таърихи миллати худро омӯзем, то донем, ки ниёгони мо чӣ гуна тамаддуни бузурге доштанд ва нагузорем, ки касе бо истифода аз номи дини мубини Ислом моро бар зидди давлату миллати худ барангезад.
Ҳамзамон муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуии мақомоти корҳои дохилии факултети № 4, подполковники милитсия Ибрагимзода Ҷ. дар мавзӯи «Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчун омили паҳншавии ифротгароӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон» баромад намуда қайд карданд, ки имрӯз сангари мубориза аз майдонҳои ҷанг ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯчидааст. TikTok, Instagram ва Telegram ба минбари таблиғоти ифротгароӣ табдил ёфтаанд. Роҳи пешгирӣ дар он аст, ки ҷавонон бояд «саводи расонаӣ» дошта бошанд. Ба ҳар навор ва ҳар даъвати шубҳанок, ки аз хориҷи кишвар садо медиҳад, набояд бовар кард. Пешвои миллат беҳуда солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон накардаанд. Ҷавоне, ки машғули илм, кашфиёт ва соҳиби касби муносиб аст, ҳеҷ гоҳ вақти худро барои фирефта шудан ба ғояҳои пуч сарф намекунад. Илм нурест, ки роҳи моро аз торикии ҷаҳолат наҷот медиҳад.
Баъдан муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуии мақомоти корҳои дохилӣ факултети № 4, капитани милитсия Ревазода М.Р. дар мавзум «Аз Паём то Паём», бо маърузаи хеш баромад намуда қайд кард, ки санаи 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид. Имрӯз мо тоҷиконро шараф ва ифтихори бузург аст, ки бо сарвари хирадманду тавоно, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол бо суруру шодӣ умр ба сар мебарем. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи ин ватан аст. Мо - ҷавонон, бояд чун сипари боэътимоди Ватан бошем ва нагузорем, ки ягон нерӯи аҳриманӣ ваҳдати моро халалдор созад.
Инчунин дар вохурӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода иштирок намуда дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат ба суи ояндаи дурахшон» баромад намуда баъдан суханро ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Шукурова Шоира Олимовна доданд, ки охирон дар мавзӯи «Паёми тақдирсоз» суханронда қайд кард, ки сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Биёед, бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, даст ба дасти ҳам дода, барои шукуфоии Тоҷикистони азиз содиқона хизмат кунем!
Дар анҷоми вохӯрӣ муовини раиси Ҷаомати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Ёр Ҷалилов минатдории худро ба аҳли нишаст ва баромадкунандагон баён намуда, таъкид ба амал овард, ки минбаъд низ чунин вохӯриҳо бо аҳолӣ мунтазам барпо карда мешавад.

Муаллими кафедраи ФОҶ МКД
факултети №4 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия Ревазода Муқаддас Рева

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...