Паём ва нақши он дар рушди давлатдории миллӣ
Хушбахтона, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид.
Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ, стратегӣ ва фарҳангӣ арзёби гардида, натиҷаҳои рушди кишварро дар давраи муайян ҷамъбаст менамояд.
Ин ҳуҷҷати дурнамо сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар шароити кунунӣ муайян ва рушди устувори ҷомеаро дар худ таҷассум месозад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву иқтисодӣ Паёми Президент аҳамияти махсус дошта, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори онро дар меҳвар қарор медиҳад.
Қайд кардан зарур аст, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва меҳварии Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина Рорҳбари давлат таъкид месзозанд, ки истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромии кишвар яке аз дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа мебошад.
Дар Паёми солонаи Пешвои миллат волоияти қонун, тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ҳамчун омилҳои асосии рушди давлатдории миллӣ зикр гардидааст. Ҳамзамон, татбиқи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва маъмурӣ барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон иброз медорад: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».
Бояд қайд намуд, ки ҷанбаҳои маънавӣ ва тарбиявии Паём низ аҳамияти хос доранд. Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба масъалаи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва нақши шаҳрвандон дар ободии Ватан таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳамзамон, аз ташаббусҳои мардумӣ дар бунёди муассисаҳои таълимӣ, роҳҳо ва иншоотҳои азими иҷтимоӣ ёдрас гардида, чунин иқдомҳоро нишонаи баланди шуури шаҳрвандӣ арзёбӣ намуданд. Тавре Президенти кишвар иброз доштанд: «Ободии Ватан вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад». Ин андеша нақши ҷомеаро дар рушди давлат ва инкишофи соҳаҳои мухталифи он таъкид мекунад ва муносибатҷҳои ҳамкории давлат ва мардумро нишон медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон медиҳад, ки рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин намуда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ расида наметавонем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.
Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи сулҳу суботи оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд.
Дар воқеъ, Паёми солонаи Пешвои миллат дастовардҳои кишвари азизамон Тоҷикистонро дар солҳои охир мавриди таҳлил қарор дода, ҳамаи дастовардҳо, пеш аз ҳама аз натиҷаи заҳмати аҳлона ва башардӯстонаи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар зарфи 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азмими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.
Сардори шуъбачаи ташкилӣ-таҳлилии шуъбаи таълими Академияи ВКД, подполковники милитсия Баҳодуров Юсуфбек Баҳодур







































































































































































