Масоили таълиму тарбияи ҷавонон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар
Самти афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад, ки беш аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ва дигар сохторҳои вобаста ба ҷавонон амал намуда, якчанд Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ нисбати ҷавонон пайваста амалӣ мегарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намуданд: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».
Махсусан вобаста ба масоили муҳими тарбияи ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025 як қатор пешниҳодҳои мушаххас намуданд:
«Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем.Ба ин мақсад, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид.Ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода мешавад, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.Ба хотири ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон соли 2004 ба низоми кредитии таҳсилот гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат оғоз гардид ва соли 2014 ҳамаи муассисаҳои зикршуда ба ин низом гузаронида шуданд.Вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд.
Сохтору мақомоти зикргардида, аз ҷумла Маркази миллии тестӣ дар муддати ду моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба ин масъала маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.Ҳамчунин, аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд.Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд.Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад.Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт. Дар робита ба масъалаҳои илму маориф мехоҳам иброз намоям, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад.
Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад.Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем.Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.
Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем.Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем. Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.Дар ҳақиқат, воқеияти имрӯз дар назди мактаб ва омӯзгор масъалаҳои ҷиддиро пеш мегузорад. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омӯзгорро дар назди имрӯзу оянда зиёд месозад. Пайвастагии илму амал дар хонанда шавқи пурсуҷӯ ва кунҷковӣ фароҳам оварда, ӯро ба шахси комил будан, яъне ба сӯи дунёи дониш ва озод зистан раҳнамоӣ мекунад. Инсони огоҳу озод ситампазиру бандаи одамиён намешавад. Ҳар чиро мешунавад ва мехонад, кӯркӯрона намепазирад. Ақлашро ба кор мегирад ва пеш аз он ки ҳарфи касеро бипазирад, андеша мекунад. Агар моҳияти аслии илму дониш ва таҳсилоти асилро ба хонанда расонда тавонем, ӯро инсони комилан дигар месозем. Дигар ӯ асири хурофот намешавад, мо ӯро дониш омӯхта, бо аслиҳаи илм ва мантиқ мусаллаҳ месозем. Вақте инсон ба илму дониш мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ муҳокимаронӣ мекунад, бо шуҷоат ва шаҳомот аз ҳақ дифоъ ва бебокона дар зиндагй роҳи рост ва дурустро интихоб менамояд. Агар омӯзгор дар раванди таҳсилот ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ нашавад, яқин ки хонандаро ба банди нодонӣ гирифтор сохта, натанҳо ӯро аз чанголи хурофот ва равияҳои бади ахлоқӣ наҷот намедиҳад, балки ӯро аз илму мантиқ дур сохта, оташи таассуб ва лаззатро дар ботини ӯ меафрӯзад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб, аҳли илму маориф, алалхусус омӯзгорро чун шахси мафкурасози миллат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсозу душвор, ниятҳои наву таърихӣ ва ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию фарҳангӣ аз фикру ақида, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои онҳо самаранок истифода менамояд.Аҳли илму маорифи кишвар аз он саодатманданд, ки дар Паёми навбатӣ низ Роҳбари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ намуданд. Возеҳ аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони зимоми давлатдории миллиро бар уҳда гирифтан, ба миён омадани ниёзи ҷиддии ислоҳоти низоми маорифи кишварро ҷиҳати дарёфти мароми истиқлолияти давлатӣ талаби марҳилаи сифатан созандаи пешрафт маънидод намудаанд.Албатта, таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки омили асосии пешрафти кулли ҷомеаи кишварҳои мутамаддин рушди бонизоми соҳаи маориф ва илм мебошад. Дар замони муосир низ раванди мазкур афзалияти бештарро касб намуда, омили асосии рушди бонизоми кишвар ва ягона воситаи берун кашидани тафаккури ҷомеа аз таҳдиду хатарҳои идеологии созмон ва гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ, рафъи таассубу хурофотпарастӣ ва умуман ноустувории иродаи инфиродӣ ҳисоб меёбад.
Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025 инъикосгари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи дурнамои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Шоҳиён Ш.Ш. – сардори курси воҳиди таълимӣ - низомии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия







































































































































































