Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси масоили муқовимат ба экстремизму терроризм дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

2499Дар ҷомеаи башарӣ солҳои охир терроризму экстремизм ва таҳдидҳои он ҳамчун проблемаи глобалӣ гаштааст. Ба ин падидаи номатлуб кулли давлатҳои ҷаҳон аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мубориза мебарад. Дар самти мубориза ва муқовиммат бар зидди терроризму экстремизм дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш, мавқеъ ва нуфузи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзанда буда, дар ин самт аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни муқовимат ва пешгирикунанда гузаронида мешаванд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иброз намуданд:«Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад.Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад» (Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 16.12.2025. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 30.12.2025).
«Падидаи номатлуби ҷахони муосир - ифротгароии динӣ - мазҳабӣ ҳамчун абри сиёҳфазо сулҳу осоиши Ватани маҳбубамонро ғуборолуд карда истодааст, ки солҳои охир зиёд шудани ҷиноятҳои хусусияти экскремистӣ-террористидошта ва иштироки ғайриқонунии бархе аз шаҳрвандони мо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Шарқи Наздик аз он гувоҳӣ медиҳад» менависанд, олимони ватанӣ Насуриён П.А., Сафарзода Ҳ.С. (Сафарзода Ҳ.С., Насуриён П.А. ва дигарон. Асосҳои муқовимат ба экстремизм(ифротгароии) динӣ-мазҳабӣ. //Монография. -Душанбе: Академияи ВКД ҶТ,2022. - С.6).
Ба ақидаи профессор Раҳимзода Р.Ҳ. «баъзе давлатҳо ба гурӯҳои террористӣ дар ба амал оардани кирдорҳо зишташон мусоидат ва пуштибонӣ менамоянд, ҳато онҳоро маблағгузорӣ менамоянд» (Раҳимзода Р.Ҳ. Омилҳои паҳншавии назария ва амалияи экстремизм ва терроризм: роҳҳо, воситаҳои мубориза ба онҳо//Маводи конференсияи илмӣ-амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе,19.06.2014). Душанбе, ВКДҶТ 2014. - С.15).
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи муборизаи зидди терроризм таваҷҷуҳи хос медиҳад, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 23 – юми декабри соли 2022 иброз намуданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд» (Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 23.12.2022. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.03.2023).
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 1-июни соли 2021 таҳти №187 қабул гаштааст (Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 аз 1-июни соли 2021 таҳти №187//Маҳзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии «Адлия»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.Шакли 7.0).
Дар ҳошияи татбиқсозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия барои ҷузъу томҳои амалкунандаи МКД се моҳаи муқовимат бар зидди экстремизму терроризм ва барои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи милитсияи ВКД ва Маркази таълимии ВКД се
моҳаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар самти муқовимат бо экстремизм эълон карда шуда буд, ки марҳила ба марҳила самараи хеле дилхоҳ ба даст овард (Қарори №1/1 ҷаласаи мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.01.2016).
Дар масоили маънидодкунии мафҳуми терроризм дар байни олимони соҳаи ҳуқуқ ва илмҳои иҷтимоӣ назарҳои гуногун вуҷуд дорад. Терроризм (калимаи лотини terror - террор) гирифта шуда ҳамчун тарс, воҳима, даҳшат тарҷума мешавад. Дар кишварҳои форсизабон онро чун даҳшатафканӣ низ истифода мебаранд. Дар илмҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ терроризм ҳамчун сиёсати «системаноки истифодаи террор (зӯроварӣ), таҳдид ба ҳаёт, молу мулк амнияти ҷамъиятӣ, суст кардани сохти конститутсионӣ, расонидани таъсир ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки қарор қабул менамояд, барангехтани ҷанг, мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи мубориза бар зидди терроризм ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати ин падидаи номатлуб таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ терроризм ҳамчун идеологияи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ ҳангоми қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, созмонҳои хориҷӣ бо истифодаи зӯроварӣ, тарсу воҳима фаҳмида мешавад. Дар таҷрибаи ИМА – терроризм ҳамчун амали сиёсии сӯиқасдонаи зӯроварӣ бар зидди аҳолии осоишта, объектҳои дараҷаи федералӣ, барои мақсади таъсир ба руҳияи ҷамъиятӣ фаҳмида мешавад.
Пайдоиши терроризм дар ҷомеаи башарӣ ба падидаҳои инқилоби кишварҳои Аврупо вобастагӣ дорад. Терроризм – ҳамчун тактика ва усули муборизаи сиёсӣ мебошад, ки ба воситаи он гурӯҳи муташаккил бо роҳи зӯроварӣ мехоҳад мақсади худр амалӣ созанд. Аввалин истилоҳи терроризм дар рафти инқилоби буржуазии Франсия соли 1798 пайдо шуд. Файласуфи немис Иммануил Кант онро «Назари маъюсона» ба тақдири инсон номид. Мақсади асосии терроризм ин ба вуҷуд овардани тарсу ваҳм, даҳшат ва ноором сохтани вазъи иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа мебошад.
Дар ҷомеаи башарӣ намудҳои зерини терроризм маълум мебошанд:
1 Аз рӯи хислати субъекти фаъолияти террористӣ.
2. Ғайримуташаккил ё инфиродӣ (як ё ду нафар).
3. Муташаккил, коллективӣ (созмонҳои террористии Ал - қоида, ДИИШ, Артиши ҷумҳуриҳоҳи Ирландия ва ғ.).
Дар ҷаҳон ҳоло зиёда аз 100 созмони террористӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар кишварҳои гуногун фаъолият бурда ба амнияти ин кишварҳо таҳдид менамоянд. Аз рӯи мақсаднокии фаъолият гурӯҳҳои террористиро чунин ҷудо менамоянд.
1. Миллатчигӣ.
2. Динӣ (байни динҳо, дохили дин).
3. Идеологӣ, иҷтимоӣ (анархистӣ, фашистӣ, эссерӣ).
Дар баробари ин мафҳуми терроризми давлатӣ низ вуҷуд дорад. Терроризми давлатӣ – маънидодкунии зӯроварӣ зидди шахсони шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Робитаи онҳо бо баъзе созмонҳо – хусусияти сиёсӣ доранд. Дар терроризми давлатӣ манфиатҳои геополитикӣ ва стандартҳои дугона истифода мешаванд, ки мисоли бевоситаи онро дар Афғонистон ва Шарқи Наздик мушоҳида кардан мумкин аст. Мисоли барҷастаи он фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ ва Ҷабҳат – ан – Нусра мебошад, ки чанд соли охир вазъи Сурия ва Ироқро ноором карда буданд.
Агар мо ба таърихи пайдоиши терроризм назар афканем чунин ба назар мерасад, ки терроризм падидаи нав набуда, таърихи қадимаро дорост. Аввалин маълумотҳо оиди терроризм дар асрҳои V-1V то мелод дар Юнони қадим пайдо шудаанд. Аз ҷумла падари Искандари Мақдунӣ Филиппи 2 дар натиҷаи амали террористӣ сӯиқасдона кушта мешавад. Яке аз созмонҳои қадимаи террористӣ созмонӣ яҳудии Сикариҳо буд, ки дар асри 1-уми мелодӣ ташкил ёфта буд. Иштирокчиёни он, ки худи яҳудиёнро ташкил медоданд, табақаҳои болоии яҳудиёнро барои ҳамкорӣ бо римиҳо сӯиқасд карда мекуштанд. Минбаъд дар асрҳои миёна терроризм густариш ёфта, яке аз намояндагони барҷастаи терроризми асримиёнагии ислом Ҳасан Ибни Сабоҳ мебошад, ки вай созмони «Ҳасиниҳо»-ро тахминан солҳои 1090 дар Эрон таъсис дод. Ин созмони террористӣ дар дохили худ худкушонро тайёр мекард ва дар амалҳои террористӣ истифода мебурд. Созмони «Ҳасаниҳо» дар Эрон васеъ гашта қариби 200 сол фаъолияти терористӣ бурданд. Танҳо дар асри X111 аз ҷониби муғулҳо созмони террористии мазкур шикаст дода шуд.
Таърихи минбаъдаи терроризм ба давраи нав ва навтарин рост меояд, ки он аз асри XV11 оғоз ёфта то рӯзҳои мо идома дорад. Мутахассисон ин марҳиларо чунин ҷудо менамоянд:
1. Пайдоиши амалҳои террористӣ дар Русия, Аврупо ва Америкаи Шимолӣ дар охири асри X1X.
2. Ҳаракатҳои зидди мустамликавии асри XX.
3. Амалҳои террористии дорои хусусияти сиёсии солҳои 70 – уми асри XX.
Глобализатсия ва таъсири он ба фаъолияти терроризми балналмиллалӣ, солҳои 70 асри XX оғоз ёфта баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба дараҷаи баланд инкишоф ёфта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Маҳз равандҳои глобализатсия, ихтирои Интернет ва дигар воситаҳои технологияҳои муосир фаъолияти созмонҳои террористиро дар қаламрави кишварҳои гуногун боз ҳам фаъолтар менамоянд. Бахусус гурӯҳҳои террористӣ ба воситаи сомонаҳои худ бо забонҳои гуногун ҷавононро ба тарафи худ шомил мегардонад. Инчунин аз ҷониби созмонҳои террористӣ ҳамлаҳои хакерӣ ба сомонаҳои давлатҳои гуногун гузаронида мешавад. «Алҳол терроризм бевосита бо воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ ва технологияи кибернетикӣ алоқамандӣ меҷӯяд. Барои террористон аудиторияи васеъи одамон лозим аст, ки акси садову вокунишҳои фаврии ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳукуматҳоро зуд ба якдигар расонанд» (Маҷидзода Ҷ.З., Назаров Н.Ҷ. Ҷинояткории муташаккил ва трансмиллӣ. -Душанбе: Дақиқӣ 2014. – С. 10).
Дар ин асос Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016 супориш доданд буданд, ки «Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи Генералӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаҳои таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур намоянд» ( Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.03.2023).
Солҳои охир дар натиҷаи амалҳои террористӣ таҳлилгарон муайян сохтанд, ки танҳо дар панҷгонаи аввали зарардидаи терроризм аз соли 1994 то соли 2004 шаҳрвандони давлатҳои зерин меистанд:
1. ИМА – 3238 шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳалок гардиданд.
2. Русия – 2111 шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳалок гардиданд.
3. Ҷумҳурии Ҳиндустон – 1928 шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳалок гардиданд.
4. Исроил – 1274 шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳалок гардиданд,
5. Колумбия – 1135 шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳалок гардиданд.
Ҳамчунин дар ҳамин марҳила дар давлати Ироқ 1122 дар натиҷаи амали террористӣ шаҳрвандон ҳалок гардиданд. Рекордии амалҳои террористӣ ба соли 2012 рост меояд, ки дар ҷаҳон 8 ҳазору 500 амали террористӣ ба қайд гирифта шуда 15,5 ҳазор шаҳрвандон кушта шудаанд. Доираи амали хатаровари терроризм ба кишварҳои Осиё, Африка, Аврупо ва Америка рост меояд. Махсусан амалҳои террористӣ дар ин давра дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Яман ва кишварҳои Африкаи Шимолӣ авҷ гирифтанд.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо, балки кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Хатари терроризм ва экстремизмро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу Ваздати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016 чунин баён намуд: «Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башариат хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст» (Асосгузори сулҳу Ваздати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.03.2023)..
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мунтазам ба таври системанок бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ муборизаи фаъол бурда мешавад. Дар мубориза, пешгирӣ ва муқовимати зидди терроризм ва экстремизм Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф мебошад. «Мақомоти корҳои дохилӣ, ки дорои восита ва имкониятҳои пурзӯрро дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доро мебошад, ҳадаф ва мақсади он ба солимгардонии вазъи криминогенӣ вобаста аст. Дар ҳолати мураккаби хизматӣ қарор доштани корманди милитсия дар баробари дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ онҳо ба таври фаъол дар тамоми равандҳои барқарорсозӣ ва мустаҳкам намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ширкат варзидаанд» (Шарифзода Ф.Р. Организационные и правовые основы информационного обеспечения сотрудничества органов внутренних дел Республики Таджикистан с местными органами государственной власти в сфере правопорядка. Душанбе, 2010. С. 3).
Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои зерини террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудаанд:
1. Ал – Қоида.
2. Ҳаракати исломии Узбекистон.
3. Ихвон – ул – муслим, «Бародарони мусулмон».
4. Лашкари Тайба (Лашкари пок).
5. Ҷунбиши Толибон.
6. СозмониТуркистони Шарқӣ.
7. Ҷамоати Таблиғ.
8. Созмони Тоҷикистони озод.
9. Гурӯҳи исломӣ (Ҷамъомади исломии Покистон).
10. Созмони динӣ – миссионерии Таблиғот.
11. Ҳизбу – таҳрир (Ҳизби озоди исломӣ).
12. Равияи Салафия.
13. Ҷамоати «Ансоруллоҳ».
14. Гурӯҳи 24.
15. ДОИШ (ба ном Давлати исломӣ).
16. Ҷабҳату - ан – Нусра.
17. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) (Раҳимзода Р.Ҳ. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои судӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ. Душанбе, 2015. – 232 с.).
Баъдан дар солҳои 2019-2020 ба ин руйхат илова шуданд:
18.Паймони миллии Тоҷикистон.
19.Ҷанги муқаддас (Ал -Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ).
20.Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ.
21.Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ.
22.Хонаи ду зиёратгоҳ.
23.Артиши шоми бузург.
24.Ҷиҳоди исломӣ-Ҷамоати муҷоҳиддин (Сафарзода Ҳ.С., Насуриён П.А. ва дигарон. Асосҳои муқовимат ба экстремизм (ифротгароии) динӣ-мазҳабӣ. //Монография. -Душанбе: Академияи ВКД ҶТ,2022. - С.156-157.).
Таҳлилҳои олимони соҳаи сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ ба он ақидаанд, ки аксари созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар хориҷ аз ҷониби давлатҳои манфиатдор созмон дода шуда, ҳадафи онҳо ноором намудани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии давлатҳои мустақил мебошад. Аз он сабабе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, дар он тарафи сарҳад бинобар сабаби ноором будани вазъи сиёсии Аморати исломии Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон ва Покистон амалҳои террористӣ анҷом дода, кӯшиш менамоянд, ки вазъи минтақаи Осиёи Марказиро ноором намоянд. Гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон дини мубини исломро ба мақсади сиёсӣ истифода бурда, ҳамчун ҳаракати сиёсӣ ва муқобилгузории тамаддунҳо ба мақсади ғаразнок машғул мебошанд.
Ба назари олимон базаи иҷтимоии гурӯҳҳои террористиро асосан ҷавонони аз 18 – 35 сола ташкил медиҳанд, ки дониши муккамали динӣ ва маърифати ҳуқуқӣ надоранд. Ба ақидаи таҳлилгари рус Петраш Ю.Г. «Асрҳо сипарӣ шудаанд. Тамаддун ба таври пурра бархурди халқҳоро аз рӯи бадбинии динӣ мӯътадил гардонид, гарчанде боқимондаҳои он дар як қатор кишварҳо аз қабили Ирландия, Косово, Покистон, Ҳиндустон ва дигарон ба назар мерасанд. Лекин ба ин ислом чи муносибат дорад? Мепурсанд аз ман. Дар ҳақиқат терроризм на Ватан на миллат на мазмуни муайяни динӣ надошта, нофаҳмоиҳои таълимотҳои динӣ, нажодпарастӣ, этносентризм, миллатчигӣ, панисломизм ва ифротгароиро дар бар мегирад» (Петраш Ю.Г. Ислам: Происхождение, вероучение, современность. М., 2005. - С.302.).
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар дар иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ, дар мамлакати Арабистони Саудӣ шаҳри Маккаи Мукаррама 7 декабри соли 2005 иброз дошт:
« ...террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд »[Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 07.01.2026).
Дар қарори Шурои амнияти СММ таҳти № 1566 аз соли 2004 нисбати терроризм ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин давлатҳои мусоидаткунандаи он ба терроризм чунин омадааст:
«а) Давлатҳо вазифадор карда мешаванд, ки аз ёрдам дар дилхоҳ шаклҳо ба шахсони ба амалҳои террористӣ дастдошта худдорӣ намоянд.
б) Давлатҳо вазифадор карда мешаванд, ки ба амал овардани амалҳои террористиро пешгирӣ намоянд.
в) Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ дар тайёр кардан ба нақшагирӣ маблағгузорӣ гурӯҳҳои террористӣ ё пешниҳод намудани паногоҳ ба шахсон ё гурӯҳҳои террористӣ.
г) Қатъ намудани ҳаракати террористон.
д) Таъмини пешниҳоди мақоми гурезанда ё паноҳҷӯй танҳо ба шахсе пешниҳод карда мешавад, ки дар амалҳои террористӣ гумонбар нашудаанд.
е) Қатъ намудани ҳамагуна ёрии фаъол ва ғайрифаъоли терроризм» (О. Хлестов, А. Кукушкина, Ш. Содиков. Международныеорганизации vs терроризм. Журнал //Международная жизнь, август, 2013. Москва, 2013. - С. 96.)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмиллалӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи зидди терроризм ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу Ваздати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими имзошавии Конвенсияи СММ бад зидди ҷиноятҳои муташаккил 12 декабри соли 2000 дар шаҳри Палермои Италия иброз намуд: «Ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ба истиқлолияти миллӣ бахусус давлатҳои ҷавони соҳибихтиёр рӯирост таҳдид намуда, душмани демократия ва давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад» (Эмомалӣ Раҳмон Политика мира и созидания. Душанбе, 2002. - С.132.)
Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муборизаи зидди терроризм дар баробари дигар давлатҳо ширкати фаъол дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи қавии қонунгузории миллии муборизаи зидди терроризм мукаммал гашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар муқовимати зидди терроризм фаъолияти босамар дорад.
Ҳамин тариқ, барои мукаммал гардонидани муборизаи зидди терроризм пешниҳод менамоем:
1. Гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-таблиғотӣ бо фарогирии ҷавонон дар мавзӯи терроризм, таърихи пайдоиши он ва оқибатҳои хатарноки он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.
2. Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи терроризм» мустаҳкам намудани равобити байни субъектҳои муборизабарандаи зидди терроризм ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо (моддаи 7 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризм).
3. Дар расонаҳои ахбори умум интишори маводҳо оид ба хатари терроризм, гурӯҳҳои террористӣ ва инъикоси дараҷаи хатарнокии онҳо ба амнияти ҷомеа ва давлат.
4. Дар руҳияи ватандустӣ, ифтихори миллӣ, расму оинҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, Нишони миллӣ ва Суруди миллӣ тарбия намудани наврасон ва ҷавонон.
5. Тарғиби ғояҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини амну суботи ҷамъиятӣ аз ҷониби созмонхои ҷамъиятӣ.
6. Нашри мусаварра ва китобчаҳои хурд дар мавзӯи хатар ва муборизаи зидди терроризм.
7. Дар ҳамбастагӣ бо доираи васеи аҳолӣ, шӯроҳои маҳалҳо, мактабҳои ҳамагонӣ, донишкадаю донишгоҳҳо, гузаронидани Рӯзи аксияи зидди терроризм.
Хулоса, муборизаи зидди экстремизму терроризм аз ҳар як фарди ба номӯси Тоҷикистон хушёрию зиракӣ, далерию шуҷоатро талаб намуда, танҳо дар ҳамбастагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони фаъоли кишвар мо метавонем, ки ба ин падидаи хавфноки ҷомеа мубориза бурда, фазои сулҳу амниятро дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ҳифз намоем.
Асламов Б.С. - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.
Убайдуллоев Шавкат Эшонқулович – дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.
Дадазода Д.О. - муаллим методисти калони қисми таълимии калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.


Адабиёти истифодашуда:

1. Маҷидзода Ҷ.З., Назаров Н. Ҷинояткории муташаккил ва трансмиллӣ. - Душанбе: Дақиқӣ 2014. – С. 10.
2. Қарори №1/1 ҷаласаи мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.01.2016.
3. О.Хлестов, А.Кукушкина, Ш.Содиков. Международные организации vs терроризм. Журнал //Международная жизнь, август, 2013. Москва, 2013. - С. 96.
4. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 16.12.2025. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 30.12.2025).
5. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 23.12.2022. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.03.2023).
6. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.03.2023).
7. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.03.2023).
8. Петраш Ю.Г. Ислам: Происхождение, вероучение, современность. М., 2005. - С.302.
9. Раҳимзода Р.Ҳ. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои судӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ. Душанбе, 2015. - 232 с.
10. Раҳимзода Р.Ҳ. Омилҳои паҳншавии назария ва амалияи экстремизм ва терроризм: роҳҳо ва воситахои мубориза ба онҳо //Маоди конференсияи илмӣ-амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе,19.06.2014). Душанбе, ВКДҶТ 2014. - С.15.
11. Сафарзода Ҳ.С., Насуриён П.А. ва дигарон. Асосҳои муқовимат ба экстремизм(ифротгароии) динӣ-мазҳабӣ. //Монография. -Душанбе: Академияи ВКД ҶТ,2022. - С.6.
12. Сафарзода Ҳ.С., Насуриён П.А. ва дигарон. Асосҳои муқовимат ба экстремизм (ифротгароии) динӣ-мазҳабӣ. //Монография. -Душанбе: Академияи ВКД ҶТ,2022. - С.156-157.
13. Стратегияи муқовимат ба эксремизм ва терроризм ва терроизм барои солҳои 2021-2025 аз 1-июни соли 2021 таҳти №187//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии «Адлия»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.Шакли 7.0.
14. Шарифзода Ф.Р. Организационные и правовые основы информационного обеспечения сотрудничества органов внутренних дел Республики Таджикистан с местными органами государственной власти в сфере правопорядка. Душанбе, 2010.-
15. Эмомали Раҳмон. Политика мира и созидания. Душанбе, 2002. - С.132.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...