ХУРОФОТ – ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА
(бар асоси Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз санаи 16.12.2025)
Таърихи тамаддуни башарӣ танҳо силсилаи дастовардҳои техникӣ ва пешрафтҳои илмӣ набуда, пеш аз ҳама, таърихи муборизаи доимӣ миёни хирад ва хурофот, миёни ақл ва боварҳои ғайридалелӣ мебошад. Дар ҳар марҳилаи таърих, ки неруи ақл заиф гардида, фарҳанги тафаккури созанда коҳиш ёфтааст, хурофот ҳамчун ивазкунандаи хирад зуҳур намудааст. Ба ҳамин далел, ҳар гоҳе ки виҷдони инсонӣ хомӯш шуда, масъулияти шахсӣ заиф гардидааст, тафаккури хурофотпарастӣ худро ба шакли ҳақиқати мутлақ ва бебаҳс муаррифӣ кардааст.
Аз ин лиҳоз, хурофот падидаи ҳастишиносӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Шакли махсуси дарк ва тафсири воқеиятро ифода мекунад, ки дар он сабаб бо тасодуф, далел бо ишора ва ҷавобгарӣ бо тақдир иваз мегардад. Маҳз ҳамин хусусият хурофотро аз як иштибоҳи оддии маърифатшиносӣ ба мушкили бунёдии ҳастии инсон табдил медиҳад.
Бинобар ин, масъалаи хурофот масъалаи сарнавишти ақл ва дурнамои тамаддун мебошад. Баррасии хурофот ҳамзамон, баррасии самти худшиносии инсон, дараҷаи камолоти маънавии ҷомеа ва қобилияти он барои интихоби огоҳонаи роҳи рушд мебошад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ санаи 16-уми декабри соли 2025 дар паёми хеш таъкид кардаанд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Таҳлили суханҳои Пешвои миллат модели давлатсозӣ ва миллатсозиро ифода мекунад, ки дар маркази он инсон ҳамчун субъекти фаъоли таърих, соҳиби иродаи маънавӣ ва омили сарнавиштсоз қарор дорад. Дар ин назар, ояндаи давлату миллат ба сифати инсоният, маънавӣ ва ақлонии насли нав пайванди дорад.
Аввалан, таъкид ба насли босаводу донишманд нишон медиҳад, ки дониш дар ин ҷо ҳамчун категорияи фалсафӣ фаҳмида мешавад. Дониш шакли олии шинохти воқеият, воситаи ташаккули тафаккури созанда ва шарти қабули қарорҳои огоҳона мебошад. Давлате, ки ояндаи худро ба насли донишманд мепайвандад, дар асл ақлро ба меъёри асосии танзими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил медиҳад ва бар хирад ҳамчун пояи устувори рушд такя мекунад.
Дуввум, мафҳумҳои соҳибкасбу соҳибҳунар ба зарурати пайванди дониш бо амал ишора менамоянд. Дар ин ҷо дониш бояд ба малака, маҳорат ва қобилияти офариниш табдил ёбад. Ин равиш бо фалсафаи амал иртиботи мустақим дорад, зеро инсон танҳо дар ҳолате субъекти воқеияти ҷомеа мегардад, ки дониши ӯ қобили татбиқ ва хизмат ба манфиати умум бошад. Ҳамин тавр, меҳнат ва ҳунар дар ин андеша на танҳо арзиши иқтисодӣ, балки мақоми ахлоқӣ ва иҷтимоӣ касб мекунанд.
Севвум, таъкид ба соҳибмаърифату соҳибфарҳанг будани насл, камолоти инсонро ифода мекунад. Маърифат ва фарҳанг шаклҳои ботинии донишанд, ки рафтор, муносибат ва ҷаҳонбинии инсонро танзим менамоянд. Ҷомеае, ки фарҳангро меҳвари рушди худ қарор медиҳад, дар асл ба таносуби ахлоқ, зебоӣ ва маъно арҷ мегузорад. Дар ин замина, фарҳанг ҳамчун сипари маънавии давлат ва механизми ҳифзи ҳуввияти миллӣ зуҳур мекунад.
Чаҳорум, дур будан аз таассубу хурофот ҳамчун шарти калидии рушди устувори давлат ва миллат баррасӣ мегардад. Дар фалсафа, таассуб ва хурофот нишонаи заъфи ақл, сустшавии тафаккури интиқодӣ ва инкори масъулияти шахсӣ маҳсуб мешаванд. Ҷомеае, ки насли худро аз ин падидаҳо эмин медорад, дар асл озодии фикр, ҳукмронии ақл ва амнияти маънавиро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, мубориза бо хурофот дар ин матн на танҳо масъалаи фарҳангӣ, балки масъалаи амнияти миллӣ ва рушди тамаддунӣ мебошад.
Панҷум, мафҳумҳои ватандӯсту ватанпараст ба сатҳи ахлоқии муносибати инсон бо давлат ишора мекунанд. Ватанпарастӣ дар ин ҷо эҳсос ё шиори холӣ нест, балки шакли олии худшиносии иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Шинохте, ки инсон худро масъул барои сарнавишти сарзамин, давлат ва ҷомеа мешуморад. Ин навъи ватандӯстӣ бо виҷдон, адолат ва масъулияти шаҳрвандӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Ҳисси баланди худшиносии миллӣ ҳамчун ҷамъбасти ҳамаи ин сифатҳо баромад мекунад. Худшиносии миллӣ на ифтихори зоҳирӣ, балки шуури таърихӣ, дарки рисолати миллӣ ва қобилияти ҳифзи арзишҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад. Миллате, ки худшиносии насли худро тақвият медиҳад, қодир аст ҳамзамон ҳуввияти миллии худро ҳифз намояд ва дар фазои ҷаҳонӣ бо афкори бомасъулона зуҳур дошта бошад.
Ин афкори Пешвои миллат ҳамчун формулаи фалсафии ояндасозии давлату миллат арзёбӣ гардида, бар ваҳдати маърифат, касбият, фарҳанг, озодии ақл, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ устувор аст. Тарбияи чунин насл рисолати таърихии давлат, ҷомеа ва тамоми низоми фарҳангӣ мебошад, давлат устувор мегардад, миллат пойдор мемонад ва тамаддун ояндаи худро бо иродаи огоҳона ва хирадмандона месозад.
Илова ба ин Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.
Яъне, қонуни бунёдии ҳаёти иҷтимоиро ифода намуда, маърифати насли нав мустақиман самти рушди ҷомеаро муайян месозад. Вақте наврасону ҷавонон аз дониш ва савод маҳрум мемонанд, ҷомеа ба буҳрони маънавӣ ва ахлоқӣ ворид мешавад. Дар чунин ҳолат, холигии маърифатшиносӣ ногузир бо таассуб, хурофот ва шаклҳои гуногуни ҷаҳолат пур мегардад.
Таассуб ва хурофот маҳз дар ҳамин нуқта фаъол мешаванд, ки онҳо ба ҷои дониш тафсирҳои содда, ба ҷои масъулият сафедсозии тарзи фикрронӣ берун аз ақл пешниҳод мекунанд.
Бесаводӣ ба тағйири тарзи ҳастии ҷомеа меорад. Ҷомеа аз маҷмӯи субъектҳои огоҳ ба гурӯҳи истеъмолгарони боварҳои таҳмилшуда табдил меёбад. Инсон амалҳои худро ба қисмат, иродаи нерӯҳои ноаён нисбат медиҳад. Дар натиҷа, иродаи иҷтимоӣ суст мегардад ва қобилияти худислоҳии ҷомеа коҳиш меёбад.
Аз нигоҳи ахлоқӣ, густариши хурофот боиси фурӯпошии меъёрҳои ҷавобгарӣ мегардад. Вақте ҷавон саводи маънавӣ ва зеҳнӣ надорад, ӯ наметавонад амали худро ба таври ахлоқӣ арзёбӣ кунад.
Ҷаҳолат заминаи осон барои идоракунии шуури ҷамъиятӣ мегардад ва таассуб ба абзори хатарноки вайронсозии субот табдил меёбад. Сухани Пешвои муаззами миллат ба он далолат мекунад, ки маориф ва саводнокии насли ҷавон на танҳо масъалаи таълим, балки масъалаи амнияти маънавӣ ва сарнавишти тамаддун мебошад. Ҷомеае, ки ҷавононашро бесавод мегузорад, дар асл роҳро барои таассуб, хурофот ва ҷаҳолат боз мекунад; ҷомеае, ки ба маърифат сармоягузорӣ мекунад, хирад, масъулият ва устувории таърихиро интихоб менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи насли донишманд на интихоби ихтиёрӣ, балки шарти зарурии бақои давлату миллат аст.
Аз нигоҳи фалсафӣ, хурофот шакли махсуси бегонашавии шуур мебошад. Дар ин ҳолат инсон аз ақл ҳамчун нерӯи меъёргузори маъно, аз таҷрибаи воқеӣ ҳамчун манбаи санҷиши ҳақиқат ва аз масъулияти маънавӣ ҳамчун пояи худшиносӣ тадриҷан дур мешавад. Шуур дар шароити хурофотпараст абзори тасаллии равонӣ мегардад.
Дар тафаккури хурофотзада робитаи сабабу натиҷа вайрон мешавад. Яъне, сабаб бо тасодуф иваз мегардад, қонуни воқеият бо мафҳуми қувваҳои пинҳонӣ пӯшонида мешавад ва ҷавобгарии шахсӣ ба дӯши тақдир вогузор мегардад. Ин раванд нишонаи фурӯпошии меъёри ахлоқӣ мебошад. Зеро он ҷо, ки инсон амали худро ба нерӯҳои ғайришахсӣ нисбат медиҳад, виҷдон ҳамчун довари ботинӣ сукут мекунад.
Аз ин лиҳоз, хурофотро наметавон танҳо ба боқимондаҳои боварҳои қадима нисбат дод. Пеш аз ҳама маҳсули сохтори иҷтимоиест, ки дар он инсон худро дар муқобили воқеият нотавон, дар назди оянда ноумед ва дар баробари низоми иҷтимоӣ вобаста эҳсос мекунад. Ҳар қадар инсон камтар худро субъекти фаъоли зиндагӣ дарк кунад, ҳамон қадар бештар ба қувваҳои беруна, ишораҳо ва рамзҳои ғайриақлонӣ такя мекунад.
Ҳамин тавр, решаи иҷтимоӣ ва маърифатии хурофот дар шикасти фарҳангӣ, коҳиши мақоми ақл ва сустшавии эҳсоси бомасъулият қарор дорад. Ҷомеа ба таслим шудан тарбият мекунад, ба тақлид одат медиҳад, хурофот аз истисно ба қоида табдил меёбад.
Хурофот ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тасодуфан ба вуҷуд намеояд, ки реша дар вазъиятҳои мушаххаси иҷтимоӣ, равонӣ ва маърифатшиносӣ дорад. Дар чунин шароит, хурофот ба механизми ҷуброни маъно табдил ёфта, холигии фаҳмишро бо тафсирҳои содда, вале бепоя пур мекунад.
Ноумедӣ инсонро аз мақоми субъекти фаъоли зиндагӣ берун мекунад. Инсон, ки худро нотавон дар муқобили воқеият эҳсос менамояд, тадриҷан иродаи худро ба қувваҳои беруна месупорад. Маҳз дар ҳамин лаҳза, тафаккури хурофотзада шакл мегирад. Вақте инсон неруҳои ноаён, тақдир ё ишораҳоро омили асосии рӯйдодҳо мешуморад.
Ин вобастагӣ ба берун падидаи иҷтимоӣ мебошад. Ҷомеае, ки дар он инсон имкони таъсир ба тақдири худро намебинад, ба таври густарда ба хурофот рӯ меорад. Дар ин ҳол, хурофот ҳамчун ҷуброни иродаи аздастрафта амал мекунад. Инсон тасаллӣ меёбад, аммо худогоҳӣ ва масъулияти худро аз даст медиҳад.
Маорифи миллӣ, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат афзалият дошта, пайваста ҷиҳати мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст, дар Паём чун омили таъминкунандаи амнияту суботи миллӣ арзёбӣ карда шуд. Агар аз назари стратегӣ ба моҳияти вуҷуддошти маорифи миллӣ назар намоем, омили таъминкунандаи амнияти давлат будани ин ниҳоди давлатӣ возеҳ мегардад.
Аз ин лиҳоз, хурофот механизми иҷтимоиест, ки бо қурбонии хирад ва масъулият, тасаллии муваққатӣ тавлид мекунад. Ин тасаллӣ, ҳарчанд зоҳирӣ оромбахш менамояд, дар асл заминаи фурӯпошии маънавӣ ва ақлонии ҷомеаро фароҳам меорад.
Виҷдон дар сохтори ҳастии иҷтимоӣ меъёри бунёдии арзёбии маънавӣ буда, ки он ҳамчун довари ботинӣ вазифаи фарқгузорӣ миёни росту дурӯғ, дурусту нодуруст, ҳаққу ноҳақро иҷро мекунад ва инсонро ба ҷавобгарӣ барои интихоб ва рафтори худ водор месозад. Ба ибораи дигар, виҷдон механизми худназорати ахлоқист, ки озодиро бо масъулият пайванд медиҳад.
Густариши хурофот маҳз ба ҳамин пояи маънавӣ зарбаи ҷиддӣ мезанад. Хурофот виҷдонро тадриҷан хомӯш ва фалаҷ месозад. Ин раванд дар чанд самти асосӣ амалӣ мегардад.
Гузариш аз тафаккури хурофотзада ба хирад пеш аз ҳама интихоби шуури маънавӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин гузариш раванди мураккаби бозсозии шуур, маориф ва ахлоқи иҷтимоӣ аст. Ҷомеа танҳо дар сурате метавонад аз хурофот раҳо ёбад, ки хирадро ҳамчун меъёри асосии маъноофарӣ ва танзими рафтор пазируфта бошад.
Асоси гузариш аз хурофот ба хирад тағйири усули тафаккур мебошад. Тафаккури интиқодӣ маънои инкор ё шубҳаи бемантиқро надорад, балки қобилияти саволгузории огоҳона, таҳлили далелнок ва санҷиши маъноро ифода мекунад.
Хирад танҳо маҳсули зеҳни инфиродӣ набуда, дар муҳити фарҳангӣ ташаккул меёбад. Китоб, мактаб, донишгоҳ, муҳити илмӣ ва расонаҳо на танҳо воситаи интиқоли иттилоот, балки меъморони фазои маънавии ҷомеа мебошанд.Фарҳанги маърифатшиносӣ он вақт пойдор мегардад, ки дониш ҳамчун арзиш пазируфта мешавад. Ҷомеа, ки хондан, таҳлил кардан ва фаҳмиданро қадр мекунад, ба хурофот ниёз надорад. Баръакс, ҷомеа, ки дониш ва илмро қадр намекунад, худ ба худ фазои хурофотиро тавлид менамояд.Дар ин раванд, масъулият шакли амалии хирад мебошад. Агар хирад танҳо дар сатҳи андеша боқӣ монад, он ба ҳунари зеҳнӣ табдил меёбад.Гузариш аз хурофот ба хирад раванди бозсозии шуур, маърифат ва ахлоқ мебошад. Ин гузариш танҳо дар сурате муваффақ мегардад, ки ҷомеа тафаккури интиқодиро тарбия кунад, фарҳанги маърифатро таҳким бахшад ва ахлоқи пурмасъулиятро ба меъёри зиндагии иҷтимоӣ табдил диҳад. Танҳо дар ҳамин сурат хирад аз мафҳум ба воқеият, ва аз ормон ба нерӯи амал табдил меёбад.
Хурофот дар таҳлили фалсафии мазкур ҳамчун шакли бегонашудаи шуур ва нишонаи буҳрони маъно баррасӣ гардид. Ин буҳрон он ҷо зуҳур мекунад, ки ақл мақоми меъёргузори ҳақиқатро аз даст медиҳад, виҷдон нерӯи танзимгари рафтор буданашро гум мекунад ва масъулият аз субъекти инсонӣ ба омилҳои беруна тақдир, ишора, рамз ё нерӯҳои ноаён интиқол меёбад. Дар чунин ҳолат, инсон истеъмолгари тафсирҳои тайёр мегардад.Хурофот, бо вуҷуди он ки метавонад тасаллии муваққати равонӣ фароҳам биоварад, дар асл ақлро фалаҷ, виҷдонро хомӯш ва иродаи ахлоқиро заиф месозад. Ҷомеаро аз мантиқи қонунӣ ба мантиқи тасодуф, аз ҷавобгарӣ ба сафедсозӣ ва аз худогоҳӣ ба вобастагӣ мебарад. Аз ин ҷиҳат, хурофот падидаи иҷтимоӣ-ахлоқиест, ки ба пояҳои рушди устувори ҷомеа таҳдид мекунад.Дар муқобили ин раванд, хирад ҳамчун омили маънавӣ ва тамаддунӣ зуҳур менамояд. Хирад дар ин таҳқиқ ҳамчун ваҳдати ҷисмии ақл, виҷдон ва масъулият таъриф гардид, ваҳдате, ки инсонро ба субъекти огоҳонаи таърих табдил медиҳад. Агар ақл воқеиятро мефаҳмонад, виҷдон онро ба масъулият ва амал мепайвандад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ хирадро ба нерӯи созандаи ҷомеа табдил медиҳад.Аз хурофот ба хирад гузаштан роҳи як шахс ё як гурӯҳи иҷтимоӣ набуда, ин раванди тамаддун мебошад, ки маориф, фарҳанг, сиёсати маърифатшиносӣ ва иродаи таърихии ҷомеаро дар бар мегирад. Ҷомеа, ки хирадро ба меъёри зиндагии худ табдил медиҳад, қобилияти сохтани ояндаи огоҳона, одилона ва масъулонаро касб мекунад. Дар ҳамин маъно, гузариш аз хурофот ба хирад шарти наҷоти маънавӣ ва таърихии тамаддун мебошад.
Самиъзода Бахтиёр Салим, ёрдамчии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байқналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода







































































































































































