Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нақши занон дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли оянда.
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши занону бонувон дар рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар ниҳоят бузург мебошад. Пешвои миллат дар Паёми худ аз 16 декабри соли 2025 махсус таъкид намуданд, ки занону модарони тоҷик дар тарбияи фарзандон дар руҳияи илмомӯзӣ, касбу ҳунар ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ масъулияти бузург доранд. Ин таъкид аз он шаҳодат медиҳад, ки ояндаи давлату миллат ба тарбияи дурусти насли наврас вобастагии мустақим дорад.
Яке аз самтҳои муҳимми тарбия — бедор намудани шавқу рағбати кӯдакон ба омӯзиши илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар мебошад. Занон ҳамчун аввалин мураббӣ ва омӯзгори фарзанд метавонанд дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстии онҳо нақши ҳалкунанда бозанд. Фарзандоне, ки дар муҳити солими оилавӣ бо меҳру муҳаббат ва тарбияи дуруст ба воя мерасанд, дар оянда шаҳрвандони фаъолу содиқи ҷомеа хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, дар Паём ба риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» тавауҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иҷрои ин қонунҳо пеш аз ҳама ба фарҳанги оиладорӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста аст. Дар ин раванд нақши занон бисёр муҳим мебошад, зеро онҳо метавонанд бо сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ аз исрофкори ва риояи меъёрҳои қонунӣ ба фарзандон намунаи ибрат бошанд.
Ғайр аз ин, ҳифз ва эҳёи расму ойинҳо, суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик низ бе иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон аст. Пӯшидани либосҳои миллӣ, эҳтиром ба фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ дар муҳити оилавӣ ба таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад. Занони тоҷик дар тӯли таърих посдорони фарҳанг ва ахлоқи миллӣ будаанд ва имрӯз низ ин рисолати пурифтихорро идома медиҳанд.
Дар маҷмуъ, андешаҳои Пешвои миллат бори дигар нишон медиҳанд, ки занону бонувон қувваи бузурги ҷомеа мебошанд. Саъю кӯшиши онҳо дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, қонунпазир ва ватандӯст омили асосии пешрафти устувори кишвар ба шумор меравад. Тақвияти мақоми зан дар ҷомеа ҳамзамон тақвияти ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи фарзанд ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстии насли наврас, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъкид карда мешавад.
Аз нигоҳи илми психологӣ низ нақши зан, махсусан модар, дар тарбияи фарзанд ниҳоят ҳалкунанда мебошад. Муҳити равонии оила, ки аксаран аз рафтор, гуфтор ва муносибати модар шакл мегирад, ба рушди шахсияти кӯдак таъсири амиқ мерасонад. Муҳаббат, таваҷҷуҳ, сабр ва дастгирии равонии модар дар солҳои аввали ҳаёти кӯдак ҳисси боварӣ ба худ, амнияти равонӣ ва устувории эҳсосиро ба вуҷуд меорад.
Модаре, ки бо фарзандаш муоширати солим дорад, ӯро мешунавад ва эҳсосоти ӯро дарк мекунад, дар ташаккули тафаккури мусбат ва қобилияти ҳалли мушкилот заминаи мустаҳкам мегузорад. Аз лиҳози равоншиносӣ, кӯдак бештар рафтору муносибати модарро тақлид мекунад. Аз ин рӯ, оромӣ, хирадмандӣ, худидоракунӣ ва эҳтиром ба дигарон дар рафтори зан метавонад дар зеҳни кӯдак ҳамчун меъёри зиндагӣ сабт гардад.
Тарбияи равонии дуруст кӯдакро аз таъсири манфии муҳити беруна эмин нигоҳ дошта, ӯро ба шахсияти мустақил, қонунпазир ва ҷомеапазир табдил медиҳад. Бо ин асос, метавон гуфт, ки саҳми зан дар тарбияи фарзанд на танҳо ҷисмонӣ ё иҷтимоӣ, балки пеш аз ҳама равонӣ ва маънавӣ мебошад. Зани бофарҳанг, огоҳ ва дорои савияи хуби равонӣ метавонад насли солим, худшинос ва ояндасозро ба камол расонад, ки ин ҳадафи асосии ҷомеаи пешрафта маҳсуб меёбад.
Равоншиносон бар он назаранд, ки сухани нек, ташвиқи саривақтӣ ва ба эътибор гирифтани қобилиятҳои инфиродии кӯдак ба рушди зеҳнӣ ва равонии ӯ таъсири мусбат мерасонад. Дар ин раванд, зан метавонад истеъдод ва шавқи фарзандро сари вақт дарёфта, ӯро ба роҳи дурусти омӯзиш ва интихоби касб раҳнамоӣ намояд. Фишори равонии зиёдатӣ, муқоиса бо дигарон ё сарзаниши доимӣ, баръакс, метавонад боиси коҳиши эътимод ба худ гардад. Аз ин рӯ, хирадмандии равонии модар аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Илова бар ин, занон дар ташаккули фарҳанги муоширати оилавӣ нақши марказӣ доранд. Муоширати эҳтиромомез, гӯш кардани андешаҳои кӯдак ва ҳавасманд намудани ӯ ба баён кардани фикраш, дар рушди тафаккури интиқодӣ ва масъулиятшиносӣ мусоидат мекунад. Чунин тарбия фарзандонро ба шахсиятҳои фаъол, созанда ва дорои мавқеи устувори зиндагӣ табдил медиҳад.
Ҳамин тавр, нақши зан дар тарбияи фарзанд аз лиҳози психологӣ танҳо ба нигоҳубин маҳдуд намешавад, балки фарогири ташаккули шахсият, эҳсосот, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои зиндагии кӯдак мебошад. Ин рисолати бузург саҳми арзанда дар пешрафти ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад.
Муаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, крминология
ва психология,
капитани милитсия Анвариён Ш.Ш







































































































































































