Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - САМТҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ МИЛЛӢ ВА ХОРИҶӢ

2492Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар як санади муҳимест, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро барои солҳои наздик муайян мекунад. Ин паём дар шароити ҷаҳони босуръат тағйирёбанда ва дар заминаи раванди мураккабу масъули татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ қабул гардида, ҳамчун як ҳуҷҷати муҳими барномавӣ ва стратегии давлат хизмат мекунад, ки самтҳои асосии рушди ҷомеа ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои калидиро равшан ва фаҳмо муайян менамояд. Дар Паём дастовардҳои соли 2025, аз ҷумла интихоботи озоди ва шаффофи вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон баррасӣ шудаанд. Он барои таҳкими заминаи ҳуқуқии барномаи рушди миёнамӯҳлати кишвар то соли 2030 низ муҳим арзёбӣ мешавад. Паём ба таҳкими равандҳои демократӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ равона гардида, дар шароити муосир ҳамчун заминаи муҳими стратегӣ барои пешрафти давлат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти махсус дорад.
Яке аз мавзуъҳои асосии Паёми Президент афзалият додан ба рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Президенти кишвар дар суханронии худ таъкид намуд, ки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 8,4 фоиз рушд намудааст. Ин нишондиҳандаи назаррас натиҷаи татбиқи пайгирона ва мақсадноки тадбирҳои муҳими стратегӣ, ислоҳоти сохторӣ, инчунин ҷалби фаъоли сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, заминаи боэътимод барои рушди минбаъдаи устувори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ фароҳам меорад. Ин нишондиҳанда бозгӯи ҷойгоҳи устувори иқтисод дар канори таҳдиду ноустувории глобалӣ мебошад. Масъалаи рушди соҳаи истихроҷи маъдан низ яке аз унсурҳои муҳими Паём мебошад: истеҳсоли 17 намуди маъдан, афзоиши ҳаҷми истихроҷ ва нақши бештар дар сохтани иқтисоди рақобатпазир баён шуданд. Ин омилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон мекӯшад иқтидори табиии худро ба фоидаи рушди саноат ва содирот табдил диҳад.
Дар Паёми соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ба мушкилоте, ки мардум дар фасли зимистон бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, масъалаи норасоии неруи барқ ҳамчун яке аз мушкилоти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ зикр гардид. Сарвари давлат таъкид карданд, ки маҳдуд гардидани таъминоти барқ дар фасли сармо ба шароити зиндагии аҳолӣ, фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бо ин мақсад, дар Паём роҳҳои ҳалли мушкилот, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакоронаи барқ ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагон пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки таъмини устувори аҳолӣ бо неруи барқ яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумат боқӣ мемонад. Президенти кишвар таъкид кард, ки ин маҳдудиятҳо бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ ва истеҳсоли саноат, инчунин бо шароити номусоиди обу ҳаво алоқаманданд. Ҳамин тавр, ҳукумат тадбирҳои нав барои афзоиши истеҳсол ва самаранокии энергетикаро ҷорӣ мекунад. Илова бар ин, тарҳҳои таҷдид ва сохтмони неругоҳҳои хурд ва бузург, аз ҷумла барномаи энергетикии Роғун барои расидан ба амнияти энержӣ дар кишвар ҳамчун ҳадафи стратегӣ арзёбӣ шуданд.
Яке аз нуқтаҳои калидии Паём ин таъкид ба муҳимияти сиёсати хориҷии пойдор ва муносибатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамсоя мебошад. Президенти мамлакат рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва минтақавиро ҳамчун шарти асосии субот ва рушди минтақавӣ қайд намуд.
Хусусан, масъалаи ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ гардид, зеро он ба таҳкими амният, суботи сиёсӣ ва эътимоди мутақобил миёни ду кишвар мусоидат намуда, барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек заминаи устувор гузошт. Ин иқдомҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ заминаи муносибатҳои бехатар ва ҳамгироиро фароҳам меоранд.
Паёми соли 2025-ро ҳамчун як санади муҳими барномавӣ мешуморанд, ки таҷрибаҳои гузашта ва вазифаҳои ояндаро бо назари воқеӣ ва амалӣ пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, Паём барои таҳким додани равандҳои бозсозӣ, такомули демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши ҳалкунанда дорад.
Бо ҳамин тартиб, дар маҷмӯъ равшан мегардад, ки аҳамияти асосӣ на танҳо ба муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои стратегӣ, балки ба сатҳи иҷрои амалии онҳо дар ҷомеа вобаста аст. Таъмини босифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, самаранокии татбиқи сиёсати энергетикӣ ва иқтисодӣ, инчунин шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ нишон медиҳанд, ки сиёсатҳои пешгирифташуда то чи андоза ба ниёзҳои воқеии аҳолӣ мутобиқанд. Маҳз ҳамин омилҳо мавзуъро ҷамъбаст намуда, арзёбии ҳамаҷонибаи таъсири сиёсати давлатӣ ба рушди устувори ҷомеаро таъмин менамоянд.

Муаллими кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ, криминология ва психология,
капитани милитсия Карамшозода Ф.Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...