Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКАДЕМИЯИ ВКД-МАЪХАЗИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО

2487Даҳрӯзаи сеюми моҳи декабр ҳамасола барои кормандони Академияи ВКД рӯзҳои ҷашнӣ маҳсуб меёбад. Зеро, дар ин рӯзҳо асоси ин муассисаи таълимӣ ва тахассусии ВКД гузошта шудааст.
2488Бахшида ба 34-мин солгарди Академияи ВКД бо иштироки омӯзгорону курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД чорабинии тантанавӣ доир гашт.
2489Чорабинии мазкурро муовини сардори Академияи ВКД оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Абдулаҳадзода Абдувоҳид кушода, ҳозиринро ба ин санаи муҳим табрику муборакбод гуфт.
2490Дар баромадаш қайд карданд, ки:
“Имрӯз мо бо ифтихор ва сарбаландӣ 34-умин солгарди таъсисиёбии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. 2491Ин рӯз барои мо устодон ва курсантони Академия, Вазорати корҳои дохилӣ, низоми ҳуқуқӣ, илму маъориф ва таъмини амнияту суботи кишвар аҳамияти хоса дорад.Академияи ВКД ҳамқадами истиқлоли давлатӣ буда, аввал ҳамчун Мактаби олӣ дар асоси Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ” аз 23-юми декабри соли 1991 таҳти №372 дар заминаи филиали Душанбегии таҳсилоти ғойибонаи Мактаби олии Ташкентии ВКД ИҶШС ва Мактаби Душанбегии миёнаи махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Баъдтар дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000-ум дар бораи табдил додани “Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи ВКД ҶТ” табдили ном кардааст.
Академияи ВКД аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш то имрӯз ҳамчун муассисаи омода кардани мутахассисони баландихтисос, афсарони ватандӯст ва ҳомиёни қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ хизмат намуда истодааст. Дар ин даргоҳи бонуфӯз ҳазорҳо мутахассисон таълиму тарбия гирифта ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодаанд.
Бо шарофати меҳнату заҳмати шабонарӯзии ҳайати профессорону омӯзгорон, Академияи ВКД ба як маркази муҳимми илмию таълимӣ табдил ёфта, дар рушди илми ҳуқуқ, такмили малакаи касбӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда мегузорад. Курсантону шунавандагон дар ин муассиса натанҳо дониш, балки интизом, масъулият, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонунро меомӯзанд.
Ба муносибати ин рӯзи фархунда мехоҳам аз номи роҳбарият ҳамаи Шумо устодону шогирдонро самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат дар зиндагӣ, фаъолияти касбӣ ва таҳсил мувафақиятҳои нав ба нав орзӯмандам”.
Сипас, сухан ба профессори таълимгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Назарзода Носир Ҷоббир дода шуд.
Мавсуф дар баромадаш чунин иброз доштанд, ки: “Агар ба таърихи ташаккул ва инкишофи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нигарем, бояд зикр кард, ки аз он рӯзе, ки ба мақомоти милитсияи Тоҷикистон асос гузошта шудааст, масъалаи таълиму тарбия ва омода сохтани кадрҳои милитсия дар баробари дигар масоили муҳим ба рӯзномаи фаъолияташ гузошта шуда буд.Ҳанӯз аз давраҳои аввали таъсиси Комиссариати халқии корҳои дохилӣ ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии кормандони милитсия ҳамеша диққати ҷиддӣ дода мешуд. Яъне, аз миёнаҳои солҳои 20-уми асри гузашта сар карда, дар қисматҳои гуногуни Тоҷикистон, баробари таъсис ёфтани Шуъбаҳои милитсия, ҳамзамон курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии кормандони милитсия низ ташкил шуда буд. Дар он давраҳои ҳассоси таърихи кишварамон курсҳои якмоҳа, думоҳа, семоҳа ва баъдҳо – шашмоҳа амал карда, онҳоро ҳазорҳо кормандони милитсия хатм намудаанд.Бо дигар шудани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргунсозиҳои азиме ба вуҷуд омаданд.
Сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз соли 1930 дар ш.Сталинобод (ҳозира Душанбе) Мактаби дусолаи милитсия амал мекард, ки он дар шарҳи ҳоли баъзе кормандони он давраро хатм карда сабт шудааст.
Дар солҳои 30-40-ум, Мактаби дусолаи милитсия садҳо нафар ҷавононро барои МКД Тоҷикистон тарбия намуда, ба камол расонидааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо сабаби ба ҷанг сафарбар шудани бештари ҷавононписарон ба ду курси ин мактаб ҷавондухтаронро низ қабул карда буданд, ки дар оянда аз байни онҳо кормандони болаёқати милитсия ба воя расидаанд.
Аз миёнаи солҳои 40-ум то соли 1970 бинои таълимии мактаб дар бинои собиқ Раёсати корҳои ислоҳии ВКД ва имрӯз – СРИҶҶ - Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буд.
Мутобиқи талаботҳои замон, охири солҳои 60-ум ба сохтмони бинои нави ҳозиразамони Мактаби миёнаи махсуси милитсия шурӯъ карда, он соли 1970 супорида шуд. Тӯли солҳои 1970-1991 ин Мактаб барои МКД Тоҷикистон хизмати арзанда намуда, ҳазорҳо тоҷикписаронро ба оғӯши худ гирифта, таълиму тарбия намудааст.
Бояд тазаккур намуд, ки то давраи соҳибистиқлол шудан Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касбии махсуси мустақиле, ки барои МКД Тоҷикистон мутахассисони дорои маълумоти олиро тайёр кунад, мавҷуд набуд.Дар ин самт мутахассисон асосан дар дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тайёр карда мешуданд. Дар дохили кишвар танҳо Мактаби миёнаи махсуси милитсияи ВКД ИҶШС мутахассисони дорои маълумоти миёнаи махсуси ҳуқуқиро тайёр мекард.
Роҳбарони Мактаби мазкур: Неъматов Ғанӣ Неъматович, – аз соли 1970 то соли 1975; Фомичев Виктор Николаевич, – солҳои 1975-1979; Яҳёев Нуъмон Каримович, – солҳои 1979-1982; Абдуназаров Абдухолиқ, – солҳои 1982-1985; ва Омелченко Виктор Григорьевич, – солҳои 1985-1991 буданд.Танҳо дар соли 1982 бо ташаббуси ВКД ҶШС Тоҷикистон ва дастгирии ВКД-и ИҶШС дар ш. Душанбе Шуъбаи таҳсили ғойибонаи Мактаби олии Тошкентии ВКД ИҶШС таъсис ёфт, ки баъдан ҳазорҳо кормандони соҳа бе тарки кор дар он таҳсил намуда, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гаштаанд. Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти сиёсӣ (9 сентябри соли 1991) Тоҷикистон на танҳо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, балки ҳамзамон тайёр намудани мутахассисон барои Тоҷикистон дар дигар ҷумҳуриҳо имконнопазир гардид ва ВКД-и ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт.
Дар чунин шароит, чи тавре, ки қайд гашт, Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи ташкил додани Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 декабри соли 1991, таҳти № 372 қабул намуд, ки барои таъмин намудани мақомоти корҳои дохилӣ бо мутахассисони ин соҳа равона карда шуда буд.
Ҳамин тариқ, агар ҳар сол Мактаби миёнаи махсуси милитсияро 160 курсантон хатм карда, дар он беш аз 60-нафар омӯзгорону кормандон фаъолият мекарданд, пас дар Мактаби олӣ беш аз 200-нафар кормандону омӯзгорон ба таълиму тарбия машғул буданд ва ҳар сол беш аз 450-нафар шунавандагону курсантон онро хатм намуда, барои кори амалӣ сафарбар карда мешуданд.
Тули ин солҳо, таълимгоҳро Ҷумъаев Усмон Саломович – солҳои 1991-1993, Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович- солҳои 1993-2000, солҳои 2000-2005 Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович, аз соли 2005 то соли 2009 Дӯстов Файз Дӯстович, А.Ш. Розиқзода солҳои 2009-2013, Зоир Ҷурахон Маҷидзода солҳои 2013-2015, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар солҳои 2015-2024 ва аз феврали соли 2024 то ба имрӯз номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло сарвари муассисаи таълимӣ мебошад.
Дар солҳои охир Академияи ВКД соҳиби: бинои нави таълимӣ ва ҳозиразамон, шаш факултетҳо, Шуъбаи адюнктура, рӯзнома, студияи телевизионӣ, радиои маҳаллӣ, Маҷаллаи илмӣ, Шурои диссертатсионӣ ва ғайра гашт.
Имрӯз изҳори сипоси хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори фахрии АВКД, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ғамхорӣ, таваҷҷуҳ, дастгириҳои ҳамешагӣ мерасонем, ки Академияи ВКД сол ба сол ва зина ба зина ба яке аз муассисаҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст”.
Муовини сардори Шуъбаи адюнктураи Академияи ВКД, полковники милитсия Асламов Бозорали Сафаралиевич, ки тули беш аз си сол дар ин даргоҳи таълимӣ фаъолият мебарад, дар баромадаш баён кард, ки коллективи профессорону омӯзгорон бояд аз ҳарвақта дида боз ҳам хубтару дурустар фаъолият бурда, дар таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони соҳибмақом қуввату ғайрати хешро дареғ надоранд.
Шогирдони муассисаи таълимӣ бошанд, бояд тамоми нерӯи худро баҳри донишандӯзӣ масраф намуда, ҳамчун мутахассисони волломақоми ин муассисаи таълимӣ, оянда номбардорони он бошанд.

Убайдуллоев Ш.Э.
Сафарзода С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...