САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол ироа гардид, барномаи ҳамаҷонибаи рушди кишварро дар марҳалаи нав ташкил дод. Дар қисмати аввали Паём таҳлили дастовардҳои Тоҷикистон “Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт”.
Дар қисмати минбаъда пешниҳодҳо ва дурнамоҳо барои ҳар як самт муаррифӣ шуда, вазифаҳои стратегӣ ва барномаҳо барои соли оянда, ки фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва сиёсати хориҷии кишварро дар бар мегиранд, муайян карда шуданд.
Хусусияти Паёми имрӯза дар таваҷҷуҳ ба рушди иқтисодӣ, рақамисозӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ аст. Баръакси Паёмҳои солҳои 2000-ум, ки ба таъмини сулҳ, амният ва ҳалли масъалаҳои идеологӣ равона буданд, Паёми имрӯза ба бунёди самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Президент қайд кард, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ истифодаи самараноки ин дастовардҳоро дар ҳама соҳаҳо ва табдил додани онҳо ба манбаи афзоиши иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ тақозо менамояд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар раванди идораи давлатӣ дода шуд, ки имкон медиҳад таъсири омили инсонӣ дар равандҳои молиявӣ ва маъмурӣ коҳиш дода шавад.
Ба парлумони кишвар супориш дода шуд, ки барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҳо андешад. Ба Хадамоти алоқа пешниҳод карда шуд, ки ташаббусҳоро дар доираи "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" амалӣ намояд, лоиҳаи "Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040" таҳия кунад, инчунин аҳолиро бо интернети баландсуръат таъмин намояд ва инфрасохти телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла аз навсозии хатҳои нахи оптикии байнишаҳрӣ ва васеъ кардани каналҳои байналмилалии алоқаро беҳтар намояд.
Таъсири назарраси табдили рақамӣ аллакай ба иқтисоди кишвар мушоҳида мешавад. Автоматикунонии равандҳои тиҷорӣ имкон медиҳад, ки самаранокии истеҳсолот афзоиш ёбад, хароҷот кам карда шавад ва равандҳои амалиётӣ беҳтар гарданд. Иқтисоди рақамӣ барои тиҷорат ва бозори меҳнат имкониятҳои навро мекушояд, ҷойҳои корӣ дар бахши ИТ, робототехника, таҳияи алгоритмҳо ва муҳандисии рақамӣ эҷод мекунад. Зеҳни сунъӣ барои автоматикунонии вазифаҳои такроршаванда, таҳлили ҳаҷми калони маълумот, пешгӯии тамоюлҳо дар бозори меҳнат ва таҳияи барномаҳои бозомӯзии кормандон истифода мешавад. Ворид намудани технологияҳои рақамӣ самаранокии идораи давлатиро баланд бардошта, пешниҳоди хизматрасониҳоро дар соҳаҳои тандурустӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва иҷтимоӣ беҳтар намуда, инчунин ба шаффофият ва ҳамкорӣ бо шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Соли 2025 Тоҷикистон дар амалӣ кардани иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар моҳи апрел дар Душанбе аввалин IT-парк барои дастгирии соҳибкории рақамӣ ва стартапҳои ҷавон ифтитоҳ ёфт. IT-парк имтиёзҳо, дастрасӣ ба имтиёзҳои андозӣ ва имкониятҳо барои ҳамкории байналмилалиро фароҳам меорад ва муҳити мусоидро барои ширкатҳои технологӣ эҷод мекунад. Алоқаи мобилӣ мувофиқи стандартҳои 4G ва 5G рушд карда истодааст ва Форуми байналмилалии «Таъғироти рақамӣ, дурнамо ва ҳалли масъалаҳо» имкон дод, ки масъалаҳои пайвасти шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон ба системаҳои кабелии байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба бо коршиносони хориҷӣ баррасӣ шаванд.
Моҳи июли соли 2025 ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Ин қатъномаи махсус мавқеи стратегии кишварро дар роҳи ҳамгироии технологияҳои нав ва рушди устувор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад. Барои рушди ҳукумати электронӣ портали ягонаи eHukumat.tj ба кор дароварда шуд, ки сомонаҳои муассисаҳои давлатиро муттаҳид карда, гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро таъмин менамояд. Дар доираи соҳаи маориф ҳамаи мактабҳои давлатӣ ва хусусии пойтахт ба системаи eDonish пайваст шудаанд, ки дастрасӣ ба маҷмӯаҳои электронӣ ва ҷадвалҳоро фароҳам оварда, ҳамкории волидайн ва мактабҳоро осон мегардонад.
Қадами муҳим ҳамкорӣ бо ширкати Starlink буд, ки дастрасӣ ба интернет ҳатто дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистони кишварро таъмин мекунад, инчунин ба истифода додани Comet AI Browser барои мақомоти давлатӣ, ки ба роҳбарон имкон медиҳад, ки маълумотҳоро таҳлил кунанд, омор ҷамъоварӣ намоянд ва тавсияҳо гиранд, самаранокии идораи давлатиро баланд бардоранд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 16 декабри соли 2025 кӯшиши Тоҷикистонро ба рушди муосир, ки дар асоси рақамӣ кардан, инноватсия ва истифодаи зеҳни сунъӣ асос ёфтааст, нишон медиҳад. Он биниши давлатеро инъикос мекунад, ки технологияҳои рақамиро ба воситаи рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ табдил медиҳад. Дар ин замина, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба афзалиятҳои стратегияи рушди устувор табдил ёфта, имкониятҳои навро барои тиҷорат, маориф, соҳаи иҷтимоӣ ва идораи давлатӣ фароҳам меоранд, инчунин модернизатсияи иқтисод ва ҷамъиятро дар маҷмӯъ ҳавасманд мегардонанд.
Шуҳрат Иброҳимзода, сарнозири маркази тестии шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия







































































































































































