Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ
Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 пазируфта шуда, бар асоси Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо қарори №891 и Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият ва ифодакунандаи ҳувияти миллӣ мебошад. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тасдиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтобӣ аз паси куҳҳои барфпӯш тулуъкунанда рӯйи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хушаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи се рахи печонда шуда, дар қисми поён рӯйи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хушаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сурх, сафед ва сабз буда муқоваи китоб сурх мебошад.
Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад;
Дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шиносномаи расмии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар шиносномаҳои дипломатӣ ва дигар шиносномаҳое, ки бо шаҳрвандонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Инчунин дар сутунҳои марзӣ, ки дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешаванд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои ҳатман тасвир намудани тарҳи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ карда метавонад. Ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳамин Низомнома номбар шудаанд, ҳуқуқи истифодаи тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фақат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода метавонад. Таҷдиди тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаҳояш, ҳамеша бояд дақиқан ба асли тарҳи ранга, сиёҳу сафед ва андозаи тасвири Нишон, ки ба ҳамин Низомнома замима мешавад, мутобиқат намояд.
Тартиби тайёр кардани тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри оммавии тасвири Нишон, тартиби истифода, нигаҳдорӣ ва нест кардани муҳре, ки дар он нишони давлатӣ тасвир ёфтааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ҳангоми дар як вақт ҷой додани нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дар шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон, ҳаҷми ин нишонҳо аз ҳаҷми Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд калон бошад ва дар ин маврид нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тарафи чап ҷой дода шавад.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,5га замин бунёд ёфта, сохтмони онро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳити муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд. Баландии сутуни Нишони давлатӣ 20 метр буда, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд ёфтааст. Қутри Нишони давлатӣ 2 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ балндии он бо сутунпояаш 22 метрро ташкил медиҳад. Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ бо истифода аз сангҳои ороиши ватанӣ зиннат ёфтаанд.
Дар майдони нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороиши шинонида шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 15 нишастгоҳ мавҷуд аст. Дар ин ҷо ҳам чунин як шаршараи зебо бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ки ҷолиби диққат мебошад.
Иншоот мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд ёфта, ба макони асосии тамошо, сайёҳату фароғати сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун бо ҷалби наврасону ҷавонон табдил ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррам намудани атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ҷунайдуллозода Эҳсонҷон, курсанти курси 3 гурӯҳи таълимии 301, Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия.







































































































































































