Нашри дастури таълимӣ-методӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Дар Академияи ВКД аз ҷониби сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, полковники милитсия Бойзода Ҷ., омӯзгорони кафедраи мазкур Султонов В.И., Расулзод Л.Ҳ., бахшида ба эълон гаштани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дастури таълимӣ-методӣ бо номи «Фарҳангшиносӣ» ба нашр расид.
Дастури таълимӣ-методӣ бо номи «Фарҳангшиносӣ», дар асоси стандарти давлатии таълимӣ барои мактабҳои олӣ таълиф гашта, мафҳумҳои асосии ин фанни таълимӣ, ҷадвалҳо, саволномаи тестӣ, номгӯи корҳои мустақилона ва адабиётро дар бар гирифта, инчунин баҳри баланд гардонидани сатҳи фарҳангии кормандони МКД пешбинӣ гаштааст.
Ба дастури таълимӣ-методии «Фарҳангшиносӣ», полковники милитсия Асламов Б.С., н.и.х., майори милитсия Алимардонов М.У. тақриз навиштаанд.
Дар доираи соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таълифи дастури таълимӣ-методии «Фарҳангшиносӣ» туҳфаи арзанда барои хонандагону ҳаводорони фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ мебошад.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.