Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

"ХУСУСИЯТҲОИ ИСТИФОДАИ ТЕХНИКАИ КРИМИНАЛИСТИКӢ АЗ ҶОНИБИ МУФАТТИШОНИ ПРОКУРАТУРА ДАР РАВАНДИ ТАФТИШИ ҶИНОЯТ”

2477Таҳти ҳамин унвон таърихи 18 декабри соли 2025 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-043 назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ошкорои диссертатсионӣ сурат гирифт.
2478АЗАМЗОДА АКМАЛ АЗАМ дар мавзуи “Хусусиятҳои истифодаи техникаи криминалистикӣ аз ҷониби муфаттишони прокуратура дар раванди тафтиши ҷиноят: проблемаҳои назариявӣ ва амалӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, тадқиқоти илмии хешро дифоъ намуд.
2479РОҲБАРИ ИЛМИИ ДИССЕРТАТСИЯ:
НАЗАРОВ АВАЗ ҚУВВАТОВИЧ – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи Криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
2480МУҚАРРИЗОНИ РАСМӢ:
АСТАНОВ ИСТАМ РУСТАМОВИЧ–доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сардори кафедраи «Криминалистика ва экспертизаҳои судии» Академияи ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
САМИЕВ НАЗАР МУРАДОВИЧ – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
МУАССИСАИ ПЕШБАР:
Муассисаи байнидавлатии таълимии таҳсилоти олии «Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон» (ш. Душанбе) тайъин карда шудааст.
Довталаби рисолаи илмӣ Азамзода Акмал Азам дар мавзуи “Хусусиятҳои истифодаи техникаи криминалистикӣ аз ҷониби муфаттишони прокуратура дар раванди тафтиши ҷиноят: проблемаҳои назариявӣ ва амалӣ” баромад карда, мазмуну муҳтавои тадқиқоташро возеҳона пешниҳоди аъзоёни Шурои диссертатсионӣ гардонид.
Ба саволҳои додашудаи аъзоёни Шуро, эроди муқарризон, тақризҳои воридгашта, дониши хубу мукаммали назариявӣ ва амалиашро нишон дод.
Дар маҷмуъ, тибқи Қарори Шурои диссертатсионии 6D.КОА-043 назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти диссертатсионии Азамзода Акмал Азам, ки ҷавобгӯйи низомномаю талабот ва муқарраротҳо буд, баҳои сазовор гирифт.
ДИФОИ РИСОЛАРО ТАБРИК МЕГӮЙЕМ!

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...