Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКАДЕМИЯИ ВКД - ҲИМОЯ МУБОРАК!

2473Таърихи 13 декабри соли 2025 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи диссертатсияи ходими калони илмиии Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Расулзод Лоиқ Холиқ баргузор гардид.
2474Довталаби рисолаи илмӣ дар мавзуи “Ҳукумати электронӣ ва дурнамои рушди он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадқиқоти диссертатсиониро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 - Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ пешнииҳод намуд.
Диссертатсияи мазкур дар кафедраи “Сиёсатшиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ иҷро карда шуда, барои ҳимоя пешниҳод гаштааст.
РОҲБАРИ ИЛМӢ:
САМИЕВ Бобо Ҷураевич - доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ;
МУҚАРРИЗОНИ РАСМӢ:
ҲАЙДАРЗОДА Рустам Ҷӯра - доктори илмҳои фалсафа, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ;
САИДЗОДА Шӯҳрат Шукур – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи "Фанҳои ҷамъиятӣ"-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.
МУАССИСАИ ПЕШБАР: кафедраи “Сиёсатшиносӣ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Бояд иброз намуд, ки тадқиқоти илмии пешниҳодгашта аз лиҳози мубрамият, моҳият ва мазмунаш воқеан ҳам замонавӣ буд.
Зеро, вобаста ба раванди ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар замони муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҳукумати электронӣ ҳамчун шакли инноватсионии идора ва афзалиятноки хизматрасониҳои давлатӣ қабул гардидааст.
Бо дарназардошти зарурати он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012) гузариш ба ҳукумати электрониро яке аз ҳадафҳо ва дурнамои стратегияи давлатӣ ҳисобида, чунин таъкид намудаанд:
«истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад».
Маълум аст, асри ХХI асри ТИК ба ҳисоб рафта, таъсири он ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баръало назаррас аст.
Аз ҷумла, дар низоми идоракунии давлатӣ истифодаи имкониятҳои ТИК низ ногузир гардидааст. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки онҳо маҳз тавассути татбиқи васеи ТИК дар раванди идораи давлат тавонистанд рушди ҳукумати электрониро таъмин созанд. ТИК дар ин кишварҳо дар раванди пешбурди фаъолияти ҷамъиятӣ ва идораи давлатӣ мавқеи намоёнро ишғол намудааст.
Сиёсати иттилоотикунонӣ барои ба вуҷуд овардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва муоширати электронӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар ин росто, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳукумати электрониро фақат дар асоси истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии муосир татбиқ ва инкишоф додан имконпазир мебошад.
Ҳадафи асосии «ҳукумати электронӣ» аз он иборат аст, ки низоми идоракунии давлатӣ ба манфиати шаҳрвандон, ташкилотҳо ва корхонаҳо бештар ҷавобгӯ бошад ва ба онҳо имкони бештари иштирок дар таҳияи сиёсати давлатӣ, инчунин сода кардани расмиёти ҳамкории байни шаҳрвандон ва ҳукуматро фароҳам орад.
Ба роҳ мондан ва татбиқи амалии ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи муҳимми дигаргунсозии сиёсати давлатӣ дар бахши идоракунӣ ба ҳисоб рафта, роҳро ба модели бештар шаффоф, ошкоро ва ҳисоботдиҳандаи идоракунӣ боз менамояд.
Ҳукумати электронӣ ҳамчун сохтори пешрафта амал мекунад, ки на танҳо ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат, балки муносибатҳои қавитар ва ҳамкории бештари байни мақомоти давлатӣ ва аҳолиро таъмин месозад.
Ҳамин тариқ, тадқиқоти мазкур, ки аз муқаддима, ду боб, 6 зербоб, хулоса ва рӯйхати адабиёт иборат буда, 176 саҳифаро дар бар мегирад ва доир ба муҳтавои он 13 интишороти илмии довталаб, ки 8-тои он мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи тавсиянамудаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷамбасти тадқиқоти мазкур аст.
Ҳимояи рисолаи мазкур аз ҷониби аъзоёни Шурои диссертатсионӣ мусбӣ арзёбӣ гардид.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи ВКД изҳори сипоси хешро ба раис ва аъзоёни Шурои мазкур ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобила баён менамояд.
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ, МУБОРАК ЛОИҚ!

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...