ҲИМОЯИ РИСОЛА ДАР ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ АКАДЕМИЯИ ВКД
Дар Академияи ВКД (санаи 11.12.2025) ҳимояи ошкорои ҲАБИБЗОДА Назира Халил дар мавзуи «Тафтиши ба худкушӣ расондан» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардид.
РОҲБАРИ ИЛМӢ – Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, профессори кафедраи Криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
МУҚАРРИЗОНИ РАСМӢ:
АСТАНОВ Истам Рустамович – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сардори кафедраи «Криминалистика ва экспертизаҳои судии» Академияи ҳифзи хуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
САЛИМОВ Баҳромҷон Азизович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи Фанҳои ҳуқуқии Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
МУАССИСАИ ПЕШБАР:
Муассисаи байнидавлатии таълимии таҳсилоти олии «Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон» (ш. Душанбе) .
Шурои диссертатсионии 6D.КОА-043 назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти диссертатсионии Ҳабибзода Назира Халилро дар мавзуи «Тафтиши ба худкушӣ расондан» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мавриди муҳокима қарор дод.
Аъзоёни Шурои диссертатсионии 6D.КОА-043 баромад, ҷавобҳои возеҳу равшани довталаби рисолаи илмӣ, тақризҳои муқарризон, муқарризи ғайри расмӣ, натиҷаи баҳси илмӣ, саҳеҳнокӣ, навгонии илмӣ, аҳаммиятнокии хулоса ва натиҷаҳои диссертатсияи Ҳабибзода Назира Халилро ба инобат гирифта, нисбати рисолаи илмӣ қарори мусбӣ қабул намуданд.
Диссертатсияи Ҳабибзода Назира Халил, ки ба масъалаи мубрами замон дар мавзуи «Тафтиши ба худкушӣ расондан» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ пешниҳод шудааст, ба талаботи пешбининамудаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба диссертатсияҳои номзадӣ, аз ҷумла «Низомномаи шурои диссертатсионӣ» ва «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 тасдиқ шудаанд, омода гардидааст.
Қарори дахлдори Шурои диссертатсионии Академияи ВКД ҷиҳати сарфароз гардонидани довталаб ба унвони илмӣ ба суроғаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ, МУБОРАК БОШАД!







































































































































































