ПАЁМ – ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ КИШВАР
Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ равона гардид.
Асосан таҳлили даҳсолаи охири фаъолияти соҳаҳои гуногун ва нақшаҳои дурнамоӣ кишвар дар солҳои минбаъда мавриди зикр карор дода шуд.
Инчунин баҳри пешрафти соҳаҳои гуногун ҳаёт ва фаъолияти аҳолии ватани азизамон ба монанди, маориф ва илм, иҷтимоиву иқтисодӣ, экологӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, техника, иноватсия, низоми рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, сармоягузорӣ, содагардонии пардохтҳои ғайринақдӣ, таҷдиду азнавсозӣ дар соҳаҳои гуногун, таълиму тарбия, омодасозии кардрхои баландихтисос ва дигар самти фаъолияти соҳаҳо роҳнамоӣ карда шуд.
Ҳамзамон рӯйдоди таърихии дигаре, ки дар соли 2025 ҳалли пурраи худро ёфтааст, ин масъалаи баҳси сарҳадии тайи беш аз сад солаи охири ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.
Созишномаи таърихии дигар низ дар ин самт ба имзо расонида шудааст, ки мавриди зикр қарор дода шуд. Ин шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба «Дӯстии абадӣ» аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки ин низ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам овард.
Бо ташаббуси дигари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025, қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Ин самт аз дарафи роҳбари давлат дар маҷлиси Ҳукуматӣ ёдрас гардида, супориш дода буданд, ки солҳои минбаъда бо истифодаи зехни сунъӣ ва гузаштан ба Ҳукумати электронӣ чораҳои судманд андешида шавад.
Боиси ифтихор аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда буд. Дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12-уми декабри соли ҷорӣ қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардиданаш низ, барои кишвари мо аҳамияти байналмилалиро дорад. Пайваста пешниҳод ва дархостҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгири ёфтанаш дар минбарҳои чаҳонӣ, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати дур бинонаи роҳбари давлат ва ҷаҳонигардонии ҳамаи сатҳои фаъолияти кишвари азизамон амали гардонида шуда истодааст.
Таҳияи барномаи давлатии солҳои охир дар сатҳи Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ самти назарраси рушд ба ҳисоб меравад.
Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Истифодаи зеҳни сунъӣ ва низоми рақамӣ фаъолияти сохторҳоро сари вақт тезонида, ба таврӣ ғайринақдӣ амали гардонидани пардохтҳоро содагардонида, омили пешгирии коррупсионӣ ба ҳисоб меравад.
Барои рушди минбаъда дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон карда шуд, ки Хадамоти алоқаро зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» -ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Имрӯз ҷомеъаи моро зарур аст, ки ҳаёт ва фаъолияти худро ба талаботҳои муосири байналмилалӣ мутобиқ гардонида, кишвари азизамонро ба кишвари пешрафта, сайёҳӣ ва тараққиёфта табдил диҳем.
Фаъолияти бисёр соҳаҳо аз алоқаи мобилӣ, интернет ва истифодаи зеҳни сунъӣ вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ андешидани чораҳои фаврӣ, яке аз самҳои таҳлил ва назарраси Паёми сарвари давлат ба шумор меравад.
Дар асоси барномаи давлатӣ ва нақшаи Ҳукумати давлат рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ аст, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад супориш дода шуд. Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.
Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати қайд намуданд, ки то имсол ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисобкунӣ ва пардохти неруи барқӣ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекардааст.
Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯйистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси неруи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандагони неруи барқ гузаронида мешуд. Инчунин, таъкид намуданд, ки пурра ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад.
Дар ҳошияи Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад, ёдрас намуданд.
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон» -и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома» -и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шудааст.
Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Имруз ҳар як фарзанди тоҷикро зарур аст, ки пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паём ёдрас гардид, содиқона ва софдилона амали гардонад.
Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и.ҳ., подполковники милитсия
Мирзоҳофизиён Мирзоалӣ Мирзоҳофиз







































































































































































