Муаллимаи Академияи ВКД рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд
Рӯзи 2-юми майи соли 2018, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Собирова Мухбира Аҳмадовна рисолаи номзадиро («Структурно-семантические особенности соматических слов и идиом в поэзии Камола Худжанди») бо муваффақият ҳимоя намуд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайти шахсии факултети №4 майори милитсия Собирова Мухбира Аҳмадовнаро табрик ва муборакбод намуда, дар корҳои эҷодиаш муваффақиятҳои бепоён орзу менамояд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ
ва табъу нашри Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон