Ҳуқуқи молумулкии кӯдак
Давраи кӯдакӣ яке аз марҳилаи муҳим дар ҳаёти инсон мебошад, ки рушди минбаъдаи ҳар фард аз муносибат дар ин давра вобастагии калон дорад. Бо назардошти муҳимияти масъала дар замони истиқлолияти давлатӣ ба ин масъала диқати махсус дода шуда, шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла вобаста ба ҳуқуқи молумулкии ӯ ба тасвиб расидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи ҳар шахсро оид ба соҳиби моликият ва мерос будан кафолат додааст. Дар заминаи кафолати конститутсионии зикршуда мазмуни қобилияти ҳуқуқдории маданӣ дар қонунгузорӣ муқаррар шудааст.
Мувофиқи моддаи 19 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳолатҳое, ки мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванро ташкил медиҳад аз инҳо иборат аст: шаҳрванд метавонад ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дорои ҳуқуқи моликият ба молу мулк, аз ҷумла асъори хориҷӣ бошад; молу мулкро мерос гирад ва васият кунад; дорои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба ихтироот, асари илмӣ, адабӣ, санъат ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ бошад; ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавиро талаб намояд; ҳуқуқи дигари молу мулкӣ ва шахсӣ дошта бошад.
Қобилияти ҳуқуқдории маданиро кӯдакон низ доро мебошанд, ки аз лаҳзаи таваллуд пайдо мешавад. Кӯдак аз ҳамон лаҳза метавонад, дорои моликият бошад, дар номаш хона, воситаи нақлиёт, дар муассисаи бонкӣ пасандоз ва дигар молу мулкро дошта бошад. Кӯдак ба инҳо ҳуқуқи моликият пайдо мекунад:
даромади бадастоварда;
молу мулки ҳадягирифта;
молу мулки меросгирифта;
ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад.
Боиси қайд қайд аст, ки ҳарчанд қобилияти ҳуқуқдорӣ аз лаҳзаи таваллуд пайдо шавад ҳам, қонунгузории маданӣ аз лаҳзаи дар батни модар будан ҳуқуқи молумулкии кӯдакро ҳимоя менамояд.
Мутобиқи моддаи 1257 Кодекси маданӣ тибқи васиятнома ва қонун шахсони воқеие, ки дар лаҳзаи кушодашавии мерос зиндаанд, инчунин кӯдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модарбуда, ки баъди кушодашавии мерос зинда таваллуд шудаанд, меросгир буда метавонанд.
Ҳамзамон мутобиқи моддаи 1279 Кодекси маданӣ фарзандони ноболиғ ё корношоями меросгузор, ҳамчунин падару модар ва ҳамсари корношоями ӯ, ҳамчунин кӯдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодашавии мерос зинда таваллудшуда, сарфи назар аз мазмуни васиятнома, на камтар аз се ду ҳиссае, ки ба ҳар яки онҳо ҳангоми меросгирӣ тибқи қонун тааллуқ дошт, мерос мегиранд (ҳиссаи ҳатмӣ). Аз мазмуни муқаррароти меъёрҳои мазкур маълум мегардад, ки ҳуқуқҳои кӯдак аз лаҳзаи дар батни модар пайдо шудан ҳимоя мешаванд.
Кӯдак ҳуқуқҳои молумулкиро доро мебошад, аммо оид ба соҳибӣ ва истифодабарии он қонунгузор маҳдудият пешбинӣ кардааст. То синни балоғат расидани кӯдак ҳолати соҳибӣ ва истифодабарии молу мулки ӯ аз ҷониби намояндагони қонунӣ (падар, модар, васӣ ва парастор ) амалӣ мешавад, ба истиснои аҳдҳое, ки қонунгузории маданӣ мустақилона анҷом додани онҳоро иҷозат медиҳад (масалан аҳдҳои хурди маишӣ – харидани нон, қалам ва ғ.).
Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар, кӯдак ҳуқуқи моликият ба молу мулки онҳо ва падар ё модар ҳуқуқи моликият ба молу мулки кӯдакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, молу мулки ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд.
Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кӯдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умумӣ тибқи қонунҳои маданӣ муайян карда мешавад.
Бояд хотиррасон намуд, ки кӯдак то ба синни балоғат расидан наметавонад молу мулкашро ба пуррагӣ ихтиёрдорӣ намояд. Масалан, агар дар номаш хона, воситаи нақлиёт бошад, онҳоро фӯрӯхта, васият карда, ё ин ки ба каси дигар ҳадя карда наметавонад. Намуди аҳдҳое, ки кӯдакон мебанданд, доираи қобилияти амали онҳо оид ба соҳиби истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулк дар моддаҳои 27, 29 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас пешбинӣ шудаанд.
Дигар масъалаи муҳим, ки ба ҳимояи ҳуқуқи молумулкии кӯдак рабт дорад ин масъалаи аз ҷиҳати моддӣ таъмин намудани кӯдакон мебошад. Кӯдак мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падару модари худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад.
Дар навбати авввал волидон уҳдадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро бо алимент таъмин намоянд. Ҳангоми набудани имкони гирифтани таъминот аз ҳисоби падару модар бо сабаби вазъи саломатии онҳо, надоштани молу мулк ва дигар манбаи даромад, қонунгузор аз ҳисоби дигар хешу табор (бародару хоҳар, бобою бибӣ ва ғ.) ситонидан алиментро то лаҳзаи расидан ба синни балоғат иҷозат медиҳад.
Ҳамин тариқ бо мақсади таълиму тарбияи дуруст ва аз ҷиҳати моддӣ таъмин намудани кӯдакон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде ба тасвиб расида, ҳоло ҳам аз ҷониби давлату ҳукумат ба ин масъала диққати хосса зоҳир мешавад. Кӯдакон идомадиҳандаи ҳаёт ва ояндаи давлату ҷамъият мебошанд. Дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ва таваҷҷуҳи махсус боиси ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад.
Муаллими кафедраи фанҳои ҳуқуқи
граждании Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия
Анварзода А.А.







































































































































































